Мақомот мегӯянд, ба оилаҳои зарардидаи Рашту Тоҷикобод масолеҳи сохтмонӣ фиристоданд

Ду рӯзи охир ба оилаҳои аз заминларза зарардидаи Рашт ва Тоҷикобод аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва Оҷонсии захираҳои моддии давлатӣ масолеҳи сохтмонӣ, молҳои рӯзгор ва маводи ғизоӣ кӯмак расонида шудааст. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ), имрӯз, 25-уми апрел, кумакҳои навбатии Эмомалӣ Раҳмон, ки аз озуқаворӣ, молҳои рӯзгор ва масолеҳи сохтмонӣ иборат аст, […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Ду рӯзи охир ба оилаҳои аз заминларза зарардидаи Рашт ва Тоҷикобод аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва Оҷонсии захираҳои моддии давлатӣ масолеҳи сохтмонӣ, молҳои рӯзгор ва маводи ғизоӣ кӯмак расонида шудааст.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ), имрӯз, 25-уми апрел, кумакҳои навбатии Эмомалӣ Раҳмон, ки аз озуқаворӣ, молҳои рӯзгор ва масолеҳи сохтмонӣ иборат аст, ба оилаҳои зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод ирсол гардид. Ҳаҷми ин ёриҳо гуфта намешавад.

Қаблан, ҳам дар асоси супориши Эмомалӣ Раҳмон ба осебдидагони заминларза маҳсулоти хӯрокворӣ, колоҳои рӯзгор ва масолеҳи сохтмонӣ ҳамчун кумак фиристода шуда буд.

Ҳамчунин, дирӯз, 24-уми апрел, аз тарафи Оҷонсии захираҳои моддии давлатӣ масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили 60 тонна семент ба 20 оилаи қисман зарардидаи ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт тақсим карда шудааст.

Ғайр аз ин, ба иттилои КҲФ, ба 12 хонаҳои қисман зарардида 5,5 тоннагӣ семент тақсим шудааст. Маълум нест, ки ин тақсими ёриҳо бо шумули ҳамон 20 оила аст ё ҷудо мебошад. Аз КҲФ ба “Азия-Плюс” ин хабарро шарҳ надоданд.

Дар ҳамин ҳол, Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар якҷоягӣ бо намояндагони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Тоҷикистон ва дигар ташкилоту идораҳои дахлдор хонаҳои истиқоматӣ, ки дар ноҳияи Тоҷикобод натиҷаи офати табиӣ зарар дида буданд,  санҷидаанд.

Пештар “Тоҷиксуғурта” ба қариб 200 оила дар ноҳияи Рашт, ки дар заминларзаи харобиовари охир зарар диданд, 483,5 ҳазор сомонӣ кӯмак карда буд. Аз ин, ба ҳар як 34 оилаи пурра зарардида 5 ҳазор сомонӣ, ба 72 оилаи қисман зарардида 2 ҳазору 500 сомонӣ ва ба 89 оилаи зарари сабукрасида 1500 сомонӣ додаанд.

Қаблан, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ғайринавбтӣ дар робита ба бартараф намудани оқибатҳои заминларза дар минтақаи Рашт супориш дода буд, ки ба зарардидаҳо замин ҷудо карда шуда, хонаҳои онҳо то 1-уми ноябр пурра сохта ба истифода дода шавад.

Ёдрас мешавем, ки дар пайи заминларзаи рӯзи 13-уми апрел дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 1 нафар ҷон бохта, 16 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ҳамчунин, дар натиҷаи заминҷунбӣ, дар умум ба 65 хонаи истиқоматӣ пурра, ба 193 хона қисман, ба 150 хона осеби сабук ва ба 193 иншооти ёрирасон, аз ҷумла, 1 беморхонаи, 2 бунгоҳи тиббӣ, 8 мактаб зарар расидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио