Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд

Аз 1-уми майи соли ҷорӣ барои нӯшокиҳои нерӯдиҳанда (энергетик) андози аксиз ҷорӣ мегардад. Мувофиқи он аз ҳар литри ин навъи нӯшокӣ 0,06 евро, ки тақрибан ба як сомонӣ баробар аст, маблағ ситонида мешавад. Дар ин бора қарори ҳукумати кишвар аз 28 феврали соли 2025 содир шуда, ба қарори ҳукумат “Дар бораи меъёрҳои андози аксиз барои […]

Asia-Plus

Аз 1-уми майи соли ҷорӣ барои нӯшокиҳои нерӯдиҳанда (энергетик) андози аксиз ҷорӣ мегардад. Мувофиқи он аз ҳар литри ин навъи нӯшокӣ 0,06 евро, ки тақрибан ба як сомонӣ баробар аст, маблағ ситонида мешавад.

Дар ин бора қарори ҳукумати кишвар аз 28 феврали соли 2025 содир шуда, ба қарори ҳукумат “Дар бораи меъёрҳои андози аксиз барои молҳои зераксизии дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва ба Тоҷикистон воридшаванда” тағйирот ворид гардид.

Бар асоси қарори мазкур, миқдори пардохти андози аксиз барои як қатор молу маҳсулоти дигар ҳам зиёд мешавад.

Аз ҷумла, барои оби ҷави ғайриспиртӣ, обҳои маъданӣ ва газдори ширин ё хушбӯйкунанда ва дигар нӯшокиҳои ғайриспиртӣ (ғайр аз шарбатҳои мева ё сабзавоти мавқеи молии 2009) андози аксиз 0,04 евро, баробар ба тақрибан 0,5 сомонӣ барои як литр муайян шудааст. Ин маблағ пештар 0,03 евро (0,36 сомонӣ) буд.

Барои оби ҷави ғайриспиртӣ бошад, ин маблағ ба 0,40 евро, баробар ба тақрибан 5 сомонӣ хоҳад буд. Ин маблағ пештар 0,35 евро (бештар аз 4 сомонӣ) буд.

Барои 1 литри майҳои табиии ангур бошад 0.84 евро, баробар ба 10 сомонӣ пешбинӣ мешавад, ки пештар 0,50 евро, яъне камубеш 6 сомонӣ буд.

Ҳамчунин меъёри андози аксиз барои спирти этилӣ ва шаробҳои дигари спиртӣ аз 3 то 4 евро (аз 36 сомонӣ то 49 сомонӣ) муайян гардидааст. Қаблан аз 2,5 (бештар аз 30 сомонӣ) то 3,5 евро (қариб 42 сомонӣ) буд.

Ҳамчунин, барои сӯзишвории маъданӣ, нафт ва маҳсулоти коркарди онҳо 70 евро (тақрибан 859 сомонӣ) барои як тонна андози аксиз ситонида мешавад, ки пештар 55 евро (680 сомонӣ) буд.

Тағйироти мазкур аз 1-уми майи соли ҷорӣ мавриди амал қарор мегирад.

Бояд гуфт, андози аксиз як навъи андози ғайримустақим ва махсус мебошад, ки барои молҳои муайяни зераксизӣ, аз ҷумла молҳои дорои таъсири манфӣ ба саломатӣ ва муҳит ҷорӣ мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио