Home Blog Page 2

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 апрели соли 2026

Иллюстрация с сайта jramfs.com

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 100-солагии нашри “Намунаи адабиёти тоҷик” – аз асарҳои бебадали Садриддин Айнӣ ва зодрӯзи поягузори адабиёти муосири тоҷик маҳфили илмию адабӣ баргузор мешавад.

Чорабинӣ соати 10:00 оғоз шуда, дар хусуси паҳлуҳои гуногуни ин асар ва нақши тақдирсози он адибону донишмандони маъруф суҳбат хоҳанд кард. Вуруд озод аст.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1928 – Дар Тоҷикистон хати лотинӣ ҷорӣ карда шуд. То ин дам дар Тоҷикистон ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хати арабӣ истифода мешуд. Аммо бо таъсиси Ҳукумати Шӯравӣ қарор шуд, ки хати лотинӣ барои расмисозии забонҳо ва тадриҷан гузариш ба ягонагии навишт истифода шавад.

Соли 1940 бо иқдомоти нави сиёсӣ хати кириллӣ барои навишт дар забони тоҷикӣ қабул шуд.

Соли 1985 – Нашриёти “Шарқи Озод” таъсис ёфт.

Соли 1996 – Шӯрои амнияти Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Соли 2005 – Маросими ифтитоҳи расмии сохтмони неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” баргузор гардид.

Соли 2008 – Ҳукумати  Тоҷикистон Оиннома ва сохтори идоракунии Неругоҳи барқи обии “Роғун”-ро тасдиқ кард.

Соли 2011 – Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро барои муҳокима ба парлумони кишвар пешниҳод кард.

Соли 2013 – Ҳукумати Филиппин эълон кард, ки низоми раводидро барои шаҳрвандони ҳафт кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон бекор кардааст.

Соли 2016 – Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президент илова гардид.

Соли 2020 – Парлумони Тоҷикистон фраксияҳои се ҳизб (Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳизби аграрӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ) ва як гурӯҳи вакилони ғайриҳизбиро ба қайд гирифт.

Соли 2022 – Муассисаи таълимии ғайридавлатии Донишкади илмҳои дақиқ ва технологии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1878 – Зодрӯзи Устод Садриддин Айнӣ, поягузори адабиёти муосири тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон.

Устод Садриддин Айнӣ

Устод Садриддин Айнӣ шоир, нависанда, таърихнигор ва яке аз фарзандони барўманди халқи тоҷик буда, адабиёти тоҷикро ба як марҳалаи нави рушд ворид кардааст. Аз саргузашти кӯдакиву рӯзгори талхи ӯ, ки дар ятимӣ бузург шудаву дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил карда, ҷодаҳои илмро бо машаққат фатҳ намудааст, дар “Ёддоштҳо” ва дигар асарҳояш метавон мутолиа кард.

“Айнӣ” тахаллуси адабии Садриддин аст ва шеъри “Гули сурх” аввалин шеърест, ки бо ин тахаллус эҷод шудааст. Номи хонаводагии устод Садриддин Саййидмуродзода аст.

Садриддин Айнӣ ҳамзамон яке аз равшанфикронест, ки дар кушодани мактабҳои тоҷикиву нашри рӯзнома ба забони тоҷикӣ саҳм гузошт ва баъди инқилоби октябр дар рушди маорифи тоҷик ва ҷомеаи нав талош кардааст.

Силсилаасарҳои ӯ, ба монанди “Дохунда”, “Ғуломон”, “Одина”, “Ҷаллодони Бухоро”, “Марги судхӯр”, “Ятим”, асари таърихии ӯ “Таърихи амирони манғитияи Бухоро” ва дигар асарҳои ӯ нишони ғулувви истеъдоди адабии ӯянд.

Махсусан, китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” ҳамчун китоби тақдирсоз дар таърихи миллати тоҷик сабт шудааст.

Дар мансабҳои давлатӣ ҳам кор кардааст. Аз соли 1918 дар системаи маорифи халқ ва нахустин матбуоти инқилобии тоҷику ӯзбек кор кардааст. Баъд аз таъсиси Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (1920) муддате дар консулхона, сипас дар идораи тоҷорати он хидмат кардааст.

Аз соли 1926 дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон вазифаҳои мушовир ва муҳаррири адабиро баҷой овардааст. Соли 1934 дар Анҷумани якуми умумииттифоқии нависандагони шӯравӣ ширкат варзида, узви Раёсати Иттифоқи нависандагони СССР интихоб шудааст.

Соли 1951 академик ва аввалин президенти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон интихоб гардидааст.

Устод Садриддин Айнӣ 15-уми июли соли 1954 дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ҳоло Мақбараи Айнӣ дар як мавзеи хушманзараи Душанбе, ки “Боғи фароғат ва истироҳати ба номи Садриддин Айнӣ” унвон дорад, зиёратгоҳи аҳли адаб аст.

Ба устод Садриддин Айнӣ барои заҳматҳояш унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

Дар воқеъ, Устод Айнӣ яке аз парчамдорони фарҳанги пурғановати миллӣ, равшангари таърихи шарафманду ҷоннисори Ватану миллати бузургамон буда, месазад аз номи пурифтихору мероси мондагори ӯ абадулобод фахрему нозему илҳом бардорем.

Соли 1899 – Зодрӯзи Пайрав Сулаймонӣ, адиб ва тарҷумони тоҷик.

айрав Сулаймонӣ

Пайрав Сулаймонӣ бо мероси гаронбаҳои адабии худ дар таърихи адабиёти тоҷик нақши беназир дорад. Ӯ, ки аз 15-солагӣ шеър мегуфтааст, минбаъд бо сурудани шеъри суннатӣ (ғазал), ҳасбиҳолӣ ва ишқӣ дар қатори беҳтарин суханварони адабиёти ибтидои қарни бистуми тоҷик мақом гирифтааст.

Ӯ солҳои 1921-1922 дар сафоратхонаи Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро дар Афғонистон котиби дувум буда, баъди бозгашт ба ватан ба кори эҷодӣ машғул гардидааст. Ҳамчунин солҳо дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон муҳаррир ва тарҷумон будааст.

Ашъори Пайрав ҳамнабзи замон буда, дар онҳо ҷараёни парвозу сукути ҳаёти ҷорӣ барҷаста таҷассум ёфтаанд. Асарҳои ҳаҷвӣ-танқидии шоир бошанд таҳти имзои мустаори “Шашпардор” интишор ёфтаанд. “Муфаттиш”-и Н. В. Гогол, романҳои А. Серафимович “Сели оҳанин”, Д. Фурманов ва С. Поливанов “Балво”, чанд шеъри Жаров ва Л. Ҳюз аз ҷониби Пайрав Сулаймонӣ ба тоҷикӣ гардонда шудаанд.

Пайрав аз худ осори на он қадар зиёд, вале пурарзише ба мерос гузошт. Ӯ 9-уми июни соли 1933 дар шаҳри Душанбе даргузашт.

Соли 1935 – Мавлуди Устоқадам Машрабов, ширинкор, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистони Шӯравӣ.

Устоқадам Машрабов аз рост

Устоқадам Машрабов (Усто) дар ҳамкорӣ бо Мастибек Паллаев (Масто) саҳначаҳои ҳаҷвӣ, этюдҳо, интермедияҳо, сурудҳои ҳаҷвӣ иҷро мекарданд. Саҳнаҳои “Эшон Шаҳристон рафтанд”, “Муфаттиш”, “Мудири анбор”, “Тақсими кор”, “Усто ризо, Масто ризо”, “Мода шуд” аз ҷумлаи машҳуртарин саҳнаҳои “Усто ва Масто” маҳсуб меёбанд.

Устоқадам Машрабов 30-юми январи соли 1984 дар синни 48-солагӣ дар пайи як садамаи нақлиётӣ даргузашт.

Соли 1951 – Мавлуди Шералӣ Абдулқайсов, ҳунарпешаи театр ва синамо.

Шералӣ Абдулқайсов

Шералӣ Абдулқайсов баъди хатми шуъбаи актёрии театри драма ва кино, Донишкадаи педагогии ба номи Т. Шевченко бо роҳхати Вазорати маданияти Тоҷикистони шӯравӣ ба Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба кор қабул шуда, то охири умраш дар театри мазкур фаъолият кардааст.

Дар давоми фаъолияти пурсамари худ дар соҳаи театр барои рушди санъати театрии ҷумҳурӣ хидмати арзишманд кардааст.

Ӯ дар театр нақшҳои мондагор офаридааст, аз ҷумла нақши проффессор Пашков дар “Алломаи Адҳам”, Аҷузкампир дар “Найи сеҳрнок”, Эзоп дар “Шер, рӯбоҳ ва ангур”, Капулетта дар “Ромео ва Ҷулйетта”,  Асад дар “Афсонаҳои мӯйсафед”, Отелло дар “Отелло”-ро офаридааст. Дар синамо бошад, нақши Нуралӣ дар “Марди роҳ”, Қарашир дар “Субҳи ҷавонии ман”, Акбар дар “Падари маҳтобӣ”, Падар дар “Дафни гургона”-ро иҷро кардааст.

Шералӣ Абдулқайсов 12 июли 2021 дар 70-солагӣ бар асари вируси куруно дар 70-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1952 – Зодрӯзи Карим Мӯсо, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик.

Соли 1955 – Мавлуди Абдулло Султон, овозхони сурудҳои суғдӣ (яғнобӣ), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Абдулло Султон, ки ҳамчун асосгузори сурудҳои суғдӣ (яғнобӣ) дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистонро хатм намуда, фаъолияти ҳунариашро ба ҳайси муҳаррири Радиои Тоҷикистон оғоз намудааст. Баъдан ба Ансамбли давлатии “Шашмақом” ва Ансамбли давлатии “Дарё” пайваст. Ӯ тавонистааст бо овози мукаммал ва маҳорати баланд сурудҳои миллӣ, махсусан сурудҳои яғнобиро, ки онҳоро бо муҳаббат ба мардум расонида буд, эҷод намояд.

Султон сурудҳои маъруфи “Яғноб шамол во-во”, “Духтари суғдӣ”, “Яғнобба мурам”, “Тоҷикистон”, “Рўди Сир”, ва “Зулфи мушкин”-ро иҷро кардааст.

Соли 1958 – Зодрӯзи Мунира Ҳакимова, яке аз наттоқони шинохтаи Тоҷикистон.

Мунира Ҳакимова

Мунира Ҳакимова яке аз наттоқони саршиноси телевизиони Тоҷикистон буда, фаъолияти кориашро ҳамчун техники сабти овоз дар Киностудияи “Тоҷикфилм” оғоз кардааст. Баъдан китобдори Хонаи афсарони гарнизони Душанбе, наттоқи Сардирексияи барномаҳои радиои Кумитаи телевизион ва радио буд. Аз соли 2009 директори Кохи Ҷомӣ буд.

Номбурда аз синни 6-солагӣ дар дубляжи филмҳои ҳунарию мустанад, аз ҷумла филмҳои “Субҳи ин ҷо сокит аст”, “Афсонаҳои нави Шаҳрзод”, “Воқеа дар фурудгоҳ” ва ғ. (ҷамъ беш аз 200 филм) иштирок кардааст.

Ӯ 23 майи соли 2020 дар синни 63-солагӣ даргузашт.

Соли 1958 – Мавлуди Файзалӣ Аминов, файласуф, номзади илмҳои фалсафа.

Соли 1961 – Мавлуди Рустам Дулоев, овозхони опера, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Соли 2021 – Мунаввар Мансурхӯҷаев, коргардони синамо ва раиси пешини Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон дар 80-солагӣ даргузашт.

Мунаввар Мансурхӯҷаев

Аз ӯ асосгузори филми тасвирии тоҷик ном мебаранд, ки бо талошҳояш аввалин филми тасвирии тоҷик бо номи “Моҳии гулдор”   соли 1980 ба саҳна омад.

Вай бо даъвати коргардони маъруф Борис Кимёгаров дар студияи “Тоҷикфилм” ҳайси коргардони филмҳои ҳуҷҷатӣ ба кор сар кард ва дар онҷо даст ба сохтани филмҳои тасвирӣ зад.

Мунаввар  Мансурхоҷаев иқрор мекард, ки ин соҳа аз мушкилтарин ва серхарҷтарин риштаҳои синамо буда, давлат ба рушди он диққати ҷиддӣ намедод. Бо вуҷуди ин бо талошҳои ӯ ва шарикону шогирдонаш дар Тоҷикистон дар давраи Шӯрпавӣ зиёда аз 30 филми аниматсионӣ ба навор гирифта шудааст.

Мунаввар Мансурхоҷаев дар давраи бисёр сангини Тоҷикистон, то раиси Иттиҳоди киноматографистони Тоҷикистон буд.Дар маводи “Мунаввар Мансурхоҷаев: Орзуҳои амалинашудаи зиёд дорам…” дар бораи кору пайкор ва орзуҳои амалинашудаи Мунаввар Мансурхоҷаев маълумоти бештар гиред.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии фарҳанг аст. Калимаи “фарҳанг” дар тарҷумаи мустақим аз санскрит маънои “эҳтиром ба нур”-ро медиҳад, ки талоши инсонро барои шинохти зебоӣ ва камолоти шахсӣ ифода мекунад.

Таърихи Рӯзи фарҳанг беш аз як асрро дар бар мегирад. Андешаи таъсиси муҳофизати ташкилёфтаи арзишҳои фарҳангиро рассоми маъруф Николай Рерих пешниҳод карда буд. Ӯ фарҳангро нерӯи асосии рушду пешрафти ҷомеаи инсонӣ меҳисобид ва онро асоси ваҳдати миллату дину мазҳабҳои гуногун мешуморид.

15 апрели соли 1935 дар Кохи Сафед (Вашингтон) роҳбарони 21 кишвари ҷаҳон аввалин созишномаи байналмилалӣ дар таърихи башарро бо унвони “Дар бораи ҳифзи муассисаҳои фарҳангӣ, илмӣ ва бадеӣ, инчунин ёдгориҳои таърихӣ” имзо карданд, ки он бо номи муаллифаш “Паймони Рерих” маъруф гашт.

Имрӯз ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии санъат аст. Ин ҷашн бо мақсади рушди санъати тасвирӣ ва густариши он дар ҷаласаи 40-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО соли 2019 расман эълон шуд. Ҳадафи ин рӯз тақвияти мубодилаи дониш ва таҳкими муколамаи байнифарҳангист.

Санаи 15 апрел ба ин муносибат интихоб шуд, ки дар ин рӯзи соли 1452 яке аз бузургтарин нобиғаҳои таърих – Леонардо да Винчи ба дунё омадааст. Гарчанде ки ӯ худро бештар донишманд меҳисобид, саҳми беандозаи ӯ дар рушди санъат инкорнашаванда аст.

Ҳамасола, 15 апрел дар кишварҳои зиёд Рӯзи маърифати экологӣ таҷлил мешавад. Ин ҷашн аз соли 1992 оғоз шудааст, замоне ки дар Конфронси СММ дар Рио-де-Жанейро масъалаҳои муҳити зист баррасӣ шуда, аҳамияти бузурги маърифати экологӣ барои амалӣ намудани стратегияҳои зинда мондан ва рушди устувори инсоният таъкид гардид.

15 апрели соли 1912 киштии мусофирбари “Титаник” дар уқёнуси Атлантик ба айсберг бархӯрда, ғарқ шуд. Тибқи маълумоти мухталиф, дар ин фоҷеа аз 1400 то 1517 нафар ҷони худро аз даст доданд. Танҳо тақрибан 700 нафар наҷот ёфтанд. Дар ин фоҷиа тамоми ҳайати муҳаррики киштӣ ҳалок гардид.

“Титаник” яке аз бузургтарин ва зеботарин киштиҳои мусофирбари замони худ буда, соли 1912 бо дархости ширкати киштисозии “White Star Line” сохта шуд. Ба навиштаи рӯзномаҳои замон, тӯлаш ба се кӯчаи шаҳр баробар буд, муҳаррикаш баландии як хонаи сесаҳнаро мемонд ва лангарро 20 аспи қавитарин аз кӯчаҳои Белфаст мекашиданд.

Фоҷиаи дигар дар таърихи 15 апрели соли 1989 дар шаҳри Шеффилд (Англия) рух дод. Дар варзишгоҳи 40-ҳазорнафараи “Ҳиллсборо” ҳангоми бозии нимниҳоии Ҷоми Англия байни дастаҳои “Ливерпул” ва “Ноттингем Форест” 96 нафар мухлис ҳалок шуданд.

Ҳамаи мухлисонро, ки барои тамошои бозӣ омада буданд, бидуни тафтиши чиптаҳо ба варзишгоҳ роҳ доданд. Дар натиҷа одамон рӯйи ҳам зада, якдигарро тела дода, аз тангиву фишор ҳалок шудаанд.

15 апрели соли 1951 дар шаҳри Лондон аввалин озмуни байналмилалии зебогӣ бо номи “Маликаи ҷаҳон” баргузор гардид. Ба туфайли ин рӯйдод Лондон ҳамчун пойтахти ҷаҳонии зебоӣ шӯҳрат пайдо кард. 

Муаллифи ғояи “Маликаи ҷаҳон” оҷонсии таблиғотии лондонӣ аз ширкати “Мекка” –  Эрик Морли буд. Аз ӯ хоста шуд, ки барои таблиғи толори рақс дар доираи Фестивали Бритониё ягон идеяи ҷолиб пешниҳод кунад. Дар нахустин озмун барои ба даст овардани унвони “Маликаи ҷаҳон” 30 духтар довталаб буданд. Ғолиби аввалин озмуни зебогӣ Кики Ҳааконссони шведӣ гардид.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳои водибуда ва доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ ва хокбориш дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 20+25º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 16+21º гарм, дар водиҳо шабона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5+10º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар водиҳо борони суст ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ ва гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 16+21º гарм, дар водиҳо шабона 9+14º гарм,  дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 14+19º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 21+23º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 3+8º гарм, дар баъзе минтақаҳо то -2º сард, дар ғарби вилоят шабона 3+8º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе минтақаҳо то 14-16º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона борони суст борида, гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 20+22º гарм, шабона 12+14º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 18+20º гарм, шабона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 23+25º гарм, шабона 12+14º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 17+19º гарм, шабона 5+7º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 15 ба 16-уми апрел ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“На ҷанг ва на сулҳ”. Пас аз музокироти ноком қадами баъдии Эрону Амрико чӣ хоҳад буд?

Баъди ноком шудани музокироти Амрико ва Эрон дар Исломобод, ки 12-уми апрел сурат гирифт, вазъият дар Ховари Миёна ба марҳалаи нави ҳассос ворид шуд. Ҳарчанд музокиракунандагони ду ҷониб ашхоси дар тасмимгириҳои давлати худ шарик буданд, аммо ҷонибҳо дар масоили калидӣ ба созиш нарасиданд. Аз изҳороти ду ҷониб метавон хулоса кард, ки адами тавофуқ дар бозгушоиву идораи минбаъдаи тангаи Ҳурмуз ва барномаи ҳастаии Эрон аз мушкили аслии ҳалношуда боқӣ мондааст. Аммо созиши оташбас, ки барои ду ҳафта ҳосил шуда буд, ҳамоно побарҷост, ҳарчанд ҷонибҳо ҳамдигарро ба нақзи он муттаҳам мекунанд.

Дар пайи нокомии музокирот Амрико эълом кард, ки тангаи Ҳурмуз ва бандарҳои Эронро муҳосира хоҳад кард. Эрон инро нақзи созиши оташбас ва қовонини байналмилал номид.

Дар ҳамин ҳол, баъзе расонаҳо дар бораи эҳтимоли музокироти навбатӣ дар Покистон ё Суис (Швейтсария) хабар медиҳанд, аммо мақомоти расмии на Эрон ва на Амрико онро тасдиқ ё рад накардаанд.

Дар чунин шароит, мо аз коршиносони тоҷик пурсидем, ки чаро музокирот ноком шуд, қадами баъдии Эрону Амрико чист ва эҳтимоли азсаргирии ҷанг то куҷо воқеӣ аст?

Чаро дар Исломобод ба натиҷа нарасиданд?

Сабаби аслии нокомиро коршиносон дар эътимоди аз ҳад зиёди ҳар ду тараф ба қудрати худ ва пешниҳоди зиддунақиз мебинанд. Маъмурияти Трамп бо талаби қатъи комили барномаи ҳастаӣ ба музокирот омад.

Акс аз The Jakarta Post

Эрон бошад, бо такя ба он ки дар як моҳи ҷанг тавонистааст ба ҳамлаҳои Амрико тоб оварад ва тангаи Ҳурмузро таҳти назорат гирад, ба Амрико “не!” гуфт ва ҳамзамон 10 банд шартҳои худро пеш гузашт. Аз ҷумла, ҳифзи идомаи барномаи ҳастаӣ ва шеваи нави идораи тангаи Ҳурмуз.

Аммо ҳарду ҷониб аз пеш эълом карданд, ки ба ҳамдигар эътимоди комил надоранд. Коршиносон мегӯянд, адами эътимод, ки аз таҷрибаи тавофуқҳои қаблӣ ва ҷангҳои ахир сарчашма мегирад, боиси он гашт, ки ҳайати Эрон пешниҳодҳои Амрикоро танҳо як фишор арзёбӣ кунад.

Қадами баъдӣ чист?

Рустам Азизӣ, низоъшиноси тоҷик таъкид мекунад, ки анҷоми бенатиҷаи ин даври музокирот ҳанӯз маънои поёни дипломатияро надорад.

“Ростӣ, чунин натиҷа то ҳадде пешбинӣ мешуд, зеро ҳам пешниҳоди ҷониби Амрико ва ҳам шартҳои ҷониби Эрон аз оғоз дар сатҳи баланди эътимод ба нафс ва интизориҳои ҳадди аксар қарор доштанд”, – мегӯяд коршинос.

Ба қавли ӯ, ҳар ду тараф пас аз марҳалаи ҷанг ва оташбас худро дар мавқеи нисбатан қавӣ мебинанд ва табиист, ки гузаштҳои ҷиддиро аз ҷониби муқобил мунтазир буданд.

Рустам Азизӣ
Акс аз саҳифаи фейсбуки Р.Азизӣ

Азизӣ илова мекунад, ки дар чунин шароит расидан ба созиши зуд амалан ғайривоқеӣ буд, вале ҳар ду ҷониб ишора кардаанд, ки дари гуфтугӯ пурра баста нашудааст.

Ӯ бо такя ба таҳлилҳояш мегӯяд, ки тарафҳо ҳамзамон дар ду самт – бознигарии тактикаи дипломатӣ ва идомаи омодагӣ барои роҳҳалҳои низомӣ ҳаракат доранд.

“Қадами баъдӣ ба эҳтимоли зиёд на “сулҳи ниҳоӣ” ва на “ҷанги фаврии нав”, балки марҳилаи бознигарии мавқеъҳо хоҳад буд. Яъне, тарафҳо баъди нокомии даври аввал шартҳои худро сабуктар ё дақиқтар танзим мекунанд, имкони даврҳои нави музокиротро месанҷанд ва ҳамзамон фишори сиёсӣ ва ҳарбиро ҳамчун абзори таъсир нигоҳ медоранд”, – пешбинӣ мекунад низоъшинос.

Ба андешаи ӯ, ин як роҳкори маъмулии мудирияти буҳронҳост, ки дар он дипломатия қатъ намешавад, балки ба шакли мураккабтар мегузарад ва фишори ҳарбӣ ҳамчун абзор боқӣ мемонад.

“Ин ҷанг шояд соле идома ёбад…”

Дар мавриди оташбаси дуҳафтаина, Азизӣ мегӯяд, ки эҳтимоли идомаи он аз фурӯпошиаш бештар аст, зеро ҳар ду ҷониб пас аз як моҳи рӯёрӯӣ ба вақт барои барқарорсозии захираҳо ва таҷдиди ҳисобҳо ниёз доранд.

Ӯ ин вазъро “таваққуфи стратегии муваққат” меномад. Бо ин ҳол, коршинос ҳушдор медиҳад, ки ҷанг метавонад ба як марҳалаи тӯлонӣ ва сустҷараён, шабеҳи ҷанги Русия ва Украина табдил ёбад, ки шояд соле ҳам давом кунад.

“Эҳтимол дорад, ки таниш бо Эрон ҷанги дарозмуддати сустҷараён дар Ховари Миёна шавад. Чунки масоили Фаластину Лубнону Сурияву Яман солҳо давом дорад ва Эрон ҳам ба чунин таниши дарозмуддат кашида шуданаш аз эҳтимол дур нест”, – пешбинӣ мекунад Рустам Азизӣ.

Тангаи Ҳурмуз баста хоҳад буд?

Аммо Амрико аллакай эълом кард, ки атрофи тангаи Ҳурмузро бо новҳову киштиҳояш иҳота кардааст: мо аз коршинос пурсидем, ки ин лағви оташбасу эълони ҷанг нест?

Рустам Азизӣ ба ин бовар аст, ки дар чунин низоъҳо ҳар ду тараф ҳамеша кӯшиш мекунанд тарафи муқобилро ҳамчун оғозкунандаи шиддат нишон диҳанд ва ҳар иқдоми нав ҳамчун “ҷавоб”, “пешгирӣ” ё “вокуниш” муаррифӣ мешавад.

“Аз сӯйи дигар, тангаи Ҳурмузро Амрико пурра иҳота накардааст, чунки ин имкониятро надорад: аввалан, шарикони тиҷоратии Амрико ба Трамп фишор меоранд, дуюм, ҳамаи нову киштиҳояш тамоми сол дар он ҷо истода наметавонад, зеро хароҷоти зиёд дорад”, – мегӯяд низоъшинос.

Ба бовари ӯ, ин кор танҳо як роҳи фишор аст, то Эрон аз баъзе хостаҳояш даст кашад ва Амрикоро ҳам дар идораи тангаи Ҳурмуз шарик созад.

Аммо Рустам Азизӣ таъкид мекунад, ки “Теҳрон ба ҳеҷ ваҷд ин хостаи Вашингтонро қабул намекунад”.

“Бар нафъи раёсати Трамп нест”

Саъдӣ Ҳомид, коршиноси масоили сиёсӣ ва равобити байналмилал аз Тоҷикистон, ки муқими Амрико аст, ба ин бовар аст, ки якум давраи музокирот бенатиҷа мондааст, аммо ҳанӯз поёни дипломатия нарасидааст.

Ба қавли ӯ, Доналд Трамп аз тариқи муҳосираи дарёии тангаи Ҳурмуз зоҳиран мехоҳад абзорҳои фишори худро дар музокирот тақвият кунад, то Теҳронро ба тан додан ба хостаҳои Амрико водор созад. Бо ин ҳол, коршинос ҳушдор медиҳад, ки чунин амалиёт ҳамзамон метавонад боиси давраи ташдид ва даргириҳои нав шавад.

Ҳомид дар мавриди оташбаси дуҳафтаина чунин пешбинӣ дорад: “Арзёбии мантиқӣ ва ақлонии вазъияти кунунӣ нишон медиҳад, ки ин амалиёт, дар сурати қатъи оташбас, бар нафъи Амрико, ба вижа раёсати Трамп нест”.

Саъдӣ Ҳомид
Акс аз С.Ҳомид

Ӯ мегӯяд, ки муҳосираи бандарҳо содироти сӯхтро коҳиш дода, нархи нафтро дар бозори ҷаҳонӣ боз боло мебарад ва боиси афзоиши таваррум дар Амрико мешавад.

Маҳз ҳамин омил, ба гуфтаи коршинос, Трампро водор кард, ки музокираро оғоз кунад, бинобар ин “қатъи оташбас ва бозгашт ба ҷанги фаъол ба Трамп осеби сиёсии бештаре ворид хоҳад кард, ба вижа дар остонаи интихоботи миёндавраӣ”.

Агар Эрон тангаи Бобулмандабро ҳам бандад…

Саъдӣ Ҳомид инчунин ба паёмадҳои геополитикӣ ишора карда, мегӯяд, ки дар сурати монеъ шудан ба содироти нафти Эрон ба Чин ва Ҳинд, Амрико бо чолишҳои бештар дар равобиташ бо ин ду кишвар рӯбарӯ мешавад.

Аз сӯи дигар, ин коршинос аз фишанги дигари Теҳрон ҳам ёдовар шуда, ҳушдор медиҳад, ки “агар ҷанг дубора ба марҳилаи фаъол баргардад, Эрон ин бор бо ёрии ҳусиҳо тангаи Бобулмандабро ҳам мебандад

“Ҳусиҳо бо ин иқдом метавонанд дарёи Сурхро масдуд карда ва убури 12 дарсади нафти ҷаҳонро қатъ кунанд. Дар чунин сурат, ҷаҳон шоҳиди ба маротиб болотар рафтани нархи нафт ва ташдиди бештари ҷанг хоҳад шуд”, – мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Вай таъкид дорад, ки бо вуҷуди ин қадар қудратнамоӣ ва ситоиши тавонмандиҳои Амрико, “доманаи ҷанг на дар Вошингтон, балки дар Теҳрон муайян мегардад”.

“Трамп оқилона амал мекунад ё…”

Саъдӣ Ҳомид муътақид аст, ки маҷмӯи омилҳои иқтисодию сиёсӣ барои давлати Амрико далели қавӣ ҷиҳати риояи оташбас ва пешгирӣ аз ташдиди ҷанг мебошанд.

“Вале касе наметавонад замонат диҳад, ки Трамп воқеиятро бо арзёбии мантиқӣ ва ақлона дар назар мегирад ё на”, – меафзояд коршинос.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, агар ин омилҳои боздоранда дар рӯйкарди Вошингтон дар муқобили Теҳрон мулоҳиза шаванд, эҳтимоли оғози давраи дуввуми музокироти мустақим вуҷуд дорад.

Акси марбут аз сомонаи bhaskarenglish.in

Аммо ӯ ҳушдор медиҳад, ки агар ҷониби Амрико дар гуфтугӯҳои баъдӣ низ бо мавқеи қатъӣ талаб кунад, ки Эрон сатҳи ғанисозии уранро ба сифр расонида, аз ҳимояти гурӯҳҳои минтақавӣ, аз ҷумла Ҳизбуллоҳ, Ҳамос ва Ҳусиҳо даст бикашад, дастёбӣ ба натиҷаи созанда амалан ғайриимкон мешавад.

Дар ин росто, Саъдӣ Ҳомид нақши Исроилро низ муҳим арзёбӣ карда, мегӯяд, ки Телавив метавонад дар нокомии ин раванди дипломатӣ таъсири мустақим дошта бошад.

Дар сурати бунбасти комили дипломатӣ, коршинос як тарҳи дигари эҳтимолиро пешбинӣ мекунад: бозгашт ба вазъи пеш аз ҷанги 28-уми феврал, берун шудани Амрико аз ҷанг ва ҷилва додани он ҳамчун пирӯзӣ аз сӯйи Трамп, вале дар ин миён вазъи Исроил бад хоҳад шуд.

“На ҷанг ва на сулҳ” миёни Эрону Амрико

Вазъияти кунунӣ нишон медиҳад, ки ҳарчанд музокироти Исломобод бидуни натиҷаи мушаххас анҷом ёфт, аммо ҳар ду ҷониб ҳоло дар ҳолати “на ҷанг ва на сулҳ” қарор доранд.

Оғози расмии муҳосираи баҳрии бандарҳои Эрон аз соати 19:30-и 13-уми апрел ба вақти Душанбе ва таҳдидҳои нави Трамп дар бораи нобуд кардани қаиқҳои тезрави Эрон нишон медиҳанд, ки шиддати вазъ рӯ ба афзоиш аст.

Бо вуҷуди ин, тавре ҳар ду коршинос таъкид мекунанд, зарурати барқарорсозии захираҳо ва хатарҳои иқтисодии ҷаҳонӣ метавонанд омилҳои боздоранда барои як ҷанги густурдаи нав бошанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар чанд мактаби Бохтар барномаи “еKhonish” ба кор оғоз кард

0
Акс аз asia+

Дар 20 мактаби шаҳри Бохтар барномаи “eKhonish”, ки бо истифода аз он раванди таълим дар муассиса фосилавӣ назорат карда мешавад, ҷорӣ карда шуд. Муаррифии барнома имрӯз, 14-уми апрел дар мактаби №17 ин шаҳр бо ширкати Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, Абдумаҷид Муминзод, раиси шаҳри Бохтар ва чанд раиси шаҳру навоҳии вилоят гузашт.

Масъулини созмони ҷамъиятии “Ҷуръат”, ки татбиқи барномаро ба уҳда доранд, ба “Азия-Плюс” иттилоъ гуфтанд, ки бо истифода аз ин барнома тамоми раванди таълим дар муассисаҳо ба таври онлайн назорат карда мешавад. 

“Волидайн, шуъбаи маориф ба барнома пайваст шудаанд ва метавонанд иштироки хонандагонро ба дарсҳо, иштироки омӯзгорон, раванди таълимро ба таври фосилавӣ назорат кунанд”, – гуфтанд намояндагони ин созмон.

Ҳамчунин, ба таъкиди онҳо, тавассути ин барнома волидайн метавонанд назорат баранд, ки фарзандонашон дар дарс иштирок мекунанд ё не, имрӯз чӣ вазифаи хонагӣ гирифтаанд ва аз раванди дарс чӣ натиҷа доштанд.

Масъулини барнома мегӯянд, ҳамаи муассисаҳо бо таҳҷизоти зарурӣ таъмин буда, дар шуъбаи маорифи шаҳр Маркази назорат ташкил карда шудааст, ки 5 мутахассис фаъолияти барномаро дар муассисаҳоро назорат мекунад.

Давлаталӣ Саид зимни муаррифии барнома гуфт, ки масъалаи иштироки хонандагон ба дарсҳоро ҷиддӣ гирифта, “дар ҳар як синф нишон дода шавад, ки чанд нафар хонанда дар дарс иштирок дорад ва сабаби ширкат накардани бархеҳо дар чӣ аст”.

Акс аз asia+

“Хуб мешавад дигар муассисаҳои таълими аз ҷумла колеҷҳо, донишгоҳҳо ба ин барнома пайваст шаванд. Мақсад, тайёр кардани мутахассисони ҳирфаӣ ва бо истифода аз ин барнома назорати раванди таълим аст, ки дар оянда мутахассисони ботаҷриба тарбия кунем”,- гуфт раиси вилоят.

Масъулини ТҶ “Ҷуръат” гуфтанд, ки давра ба давра ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ин барнома пайваст мешаванд. Шаҳри Бохтар дувумин шаҳрест, ки ба ин барнома пайваст шуд. Қаблан ин барнома дар мактабҳои ноҳияи Ёвон роҳандози шуда буд.

Барномаи ҳамсон дар шаҳри Душанбе роҳандозӣ шуда буд. Сар аз соли 2021 то сентябри соли 2025 ҳамаи мактабҳои пойтахт ба барномаи “eDonish” пайваст шуданд.

Ин барнома низ дастрасӣ ба маҷаллаи электронӣ, рӯзнома, ҷадвал, ҳузури хонандагон ва фаъолият дар дарсҳоро фароҳам меорад. Ҳамчунин тавассути “eDonish” волидайн метавонанд вақти ба мактаб омадан ва рафтани фарзандашонро пайгирӣ кунанд. 

Бо ин вуҷуд ин, дар чанд мактаб то ҳол журналҳои анъанавӣ (коғазӣ) истифода мешавад ва омӯзгорон ҳам дар журнали электронӣ ва ҳам журнали анъанавӣ баҳо мегузоранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Куриё барои таъминоти нерӯи барқ дар Ромит 14 миллион доллар медиҳад

Куриё марҳилаи дуюми лоиҳаи “Сохтмони таъминоти нерӯи барқ”-ро дар ҷамоати Ромити шаҳри Ваҳдат оғоз кард. Маросими оғози корҳои сохтмонӣ рӯзи 4-уми апрел дар зеристгоҳи барқии Явроз баргузор шуд.

Дар маросим Ҷон Сонг-сик, сафири Корея дар Тоҷикистон, Манучеҳр Сафарзода, муовини вазири энергетика ва захираҳои об ва Мирзо Исмоилзода, раиси шаҳри Ваҳдат ширкат доштанд.

Лоиҳа тавассути Оҷонсии Куриё оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) амалӣ гардида, ҳадафи он беҳтар намудани дастрасии аҳолии минтақаҳои кӯҳистон ба нерӯи барқ мебошад.

Барои амалисозии ин тарҳ Куриё 14 миллион доллар ҷудо кардааст.

Дар доираи марҳилаи дуюм сохтмони зеристгоҳи нави барқии Явроз (110/10 кВ), васеъсозии зеристгоҳи Ромит (110/20/10 кВ), насби трансформаторҳои нав ва кашидани 60 километр хатҳои интиқол ва тақсимоти барқ пешбинӣ шудааст. Бо татбиқи лоиҳа 15 деҳаи ҷамоати Ромит фаро гирифта шуда, зиёда аз 8 ҳазор сокин ба барқ дастрасӣ пайдо мекунанд.

Сафири Корея ин лоиҳаро “рамзи дӯстии ду кишвар” номида, изҳори умед кардааст, ки он ба беҳбуди зиндагии сокинон мусоидат хоҳад кард.

“Ин лоиҳа рамзи дӯстии Корея ва Тоҷикистон мебошад. Хеле хушҳолам, ки метавонем ҷомеаи Тоҷикистонро дастгирӣ намоем. Ба анҷоми муваффақонаи лоиҳа умеди зиёд дорем”, – гуфтааст ӯ.

Сафарзода Манучеҳр, муовини вазири энерҷӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон таъкид кардааст, ки вазорат ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии маҳаллӣ тамоми кӯшишҳои худро равона хоҳад кард.

Ҳамзамон, Мирзо Исмоилзода, раиси шаҳри Ваҳдат зикр кардааст, ки натиҷаҳои марҳилаи аввал ҳатто минтақаҳои кӯҳистониро фаро гирифта, ба беҳтар шудани шароити зиндагии сокинон мусоидат намуд.

Қаблан, дар солҳои 2017–2021 давлати Куриё марҳилаи аввали лоиҳаи таъминоти барқро барои 9 деҳа (тақрибан 1 500 хоҷагӣ) тавассути сохтмони зеристгоҳи нав ва хатҳои тақсимоти барқ дар минтақаи Ромит амалӣ карда буд. Лоиҳаи мазкур марҳилаи дуюми ин ташаббус буда, Куриё дастгирии пайвастаи таъминоти нерӯи барқро бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии сокинони минтақаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон идома медиҳад.

Ба гуфтаи масъулон, ин иқдом ба беҳтар шудани шароити зиндагии сокинон, фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ, инчунин рушди иқтисоди маҳаллӣ, аз ҷумла парвариши моҳии форел, мусоидат кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Эмомалӣ Раҳмон ба истирдоди 200 зани тоҷик аз зиндонҳои Русия ба Тоҷикистон розигӣ додааст

Зиндони занонаи Норак, акс аз "Азия-Плюс"

Татяна Москалкова, ваколатдори ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Русия мегӯяд, аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба номаи худ дар робита ба истирдоди 200 зани тоҷик, ки дар маҳбасҳои Русия адои ҷазо мекунанд, посухи мусбат гирифтааст.

Манбаъ аз номи ӯ навиштааст, ки ” гуфтааст, “занони маҳбуси хориҷӣ дар зиндонҳои Русия ба мушкилоти зиёд рӯбарӯ ҳастанд ва аз ҷумла наметавонанд саривақт хешовандони худро бинанд”.

Моҳи феврали имсол Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар нишасти хабарии ин ниҳод аз номаи Москалкова ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода буд. Он замон теъдоди заноне, ки талаби истирдод карда буданд, беш аз 150 нафар гуфта мешуд.

Омбудсмени тоҷик гуфта буд, ки ин масъала нахуст ҳангоми сафари Москалкова ба Тоҷикистон, ки дар ҳошияи сафари президенти Русия ба Тоҷикистон омада буд, муҳокима шуда буд ва ӯ баъди ба кишвараш баргаштан “ба номи президенти мамлакати мо” дар хусуси истирдоди занони маҳбус аз Русия ба Тоҷикистон мактуб навиштааст.

Маълум нест, ки дар номаи ҷавобӣ мушаххасан чӣ гуфта мешавад ва ҳамзамон замони истирдоди занони маҳбус ба кишвари мо гуфта намешавад. Ҳамин тариқ, маълум нест, ки ин занон барои истирдоди худ ба Ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия муроҷиат кардаанд ва ё ин ташаббуси худи ӯ аст.

Аммо Умед Бобозода дар нишасти хабарӣ ба омода намудани ҷой барои заноне, ки истирдодашон дар назар аст, ишора карда буд.

“Барои овардани онҳо мо бояд зиндонҳоро омода кунем, то онҳоро ҷо карда тавонем”, – гуфта буд ӯ.

Зимнан, тайи се соли ахир дар бораи табодули маҳкумшудагон байни Русия ва Тоҷикистон ягон маълумот ё омор расонаӣ нашудааст. Маълум нест, ки чӣ қадар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва чанд шаҳрванди ин кишвар дар маҳбасҳои Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд.

Тибқи иттилои ахир, ҳоло дар маҳсаби Норак 471 зан адои ҷазо мекунанд. Ҳамчунин, 11 кӯдаки то сесола ҳамроҳи модарашон қарор доранд. Кӯдакон то сесолагӣ дар инҷо бо модарошон мемонанд ва баъд аз он ба наздикони занон дода мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Уқоби тоҷик” дар ҳоли омодагӣ ба парвоз. Қарордоди нави Нурулло Алиев бо UFC

0
Нурулло Алиев остается в UFС

Нурулло Алиев, размикори шинохтаи тоҷик бо ташкилоти бонуфузи муҳорибаҳои омехта – UFC қарордоди нав ба имзо расонидааст, хабар медиҳад худи варзишгар.

“Бо UFC дуюм бор қарордод бастам. Ба дастаи худ ва касоне, ки маро дастгирӣ мекунанд, изҳори миннатдорӣ мекунам. Мо ба пешравӣ идома медиҳем”, – зикр кардааст ӯ.

Нурулло Алиев яке аз намояндагони барҷастаи насли нави размикорони муҳорибаҳои оемхта ё ММА маҳсуб меёбад. Ӯ зодаи Душанбе буда, пайраҳаи худро дар варзиш аз куштии тарзи озод оғоз намуда, чанд сол қаҳрамони кишвар ва ҷоизадори мусобиқоти қораи Осиё шуд.

Баъдан ӯ дар панкратион муваффақона ҳунарнамоӣ карда, ба дарёфти медалҳои тиллои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё даст ёфт. Сипас ба муҳорибаҳои омехта гузашт. Аллакай дар солҳои аввали ҳунарнамоии касбӣ Алиев сатҳи баланд нишон дода, ба пирӯзиҳо ноил гардид.

Нурулло Алиев дар толори машқ
Акс аз UFC

Соли 2022 барои Алиев калидӣ дониста мешавад. Дар ин сол ӯ дар рақобат дар силсилаи довталабони Дана Уайт ғолиб шуда, бо UFC қарордод баст. Аз он замон Алиев дар лига якчанд рақобат гузаронида, дар ҳамаашон дастболо шуд. Миёни онҳо метавон аз рақобатҳо бо Рафаэл Алвес, Ҷо Солеки ва Шакум Рок ёд овард.

Тамдиди муҳлати созишнома бо UFC ин на танҳо як расмиёт аст. Маъмулан бо размикороне, ки арзиши худро барои ташкилот собит месозанд, маротибаи дуюм қарордод ба имзо мерасонанд. Шартҳои беҳтаршуда чунин маъно доранд, ки Алиев ба сафи дороиҳои ояндадори лига шомил буда, метавонад ба рақобатҳои бештар ҷиддӣ дар оянда умедвор бошад.

“Уқоби тоҷик” имрӯз дар ИМА ва Тоҷикистон бо машқу тамринҳо машғул буда, аз дастаҳои “Aliev Team” ва “Kill Cliff FC” намояндагӣ мекунад. Тарзи рақобати ӯ ба тавозуни куштӣ ва техникаи зарбазанӣ асос ёфта, дар вазни сабук ва миёнавазн ӯро размикори универсалӣ мегардонад.

Акнун бо имзои қарордоди нав барои Алиев марҳилаи нави касбӣ – даст ёфтан ба сафи 15-гонаи беҳтарин дивизион боз мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҳушдори мақомот аз 4 рӯзи хокбориш дар Тоҷикистон

0
Акс аз asia+

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз 4 рӯзи хокбориш (гарду ғубор) ва олудашавии ҳаво ҳушдор додааст.

Ин ниҳод рӯзи 13-уми апрел гуфт, ки рӯзҳои 15-16-уми апрел дар шаҳру ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ,  шаҳри Душанбе ва рӯзҳои 17-18-уми апрел дар шаҳру ноҳияҳои шимолӣ ва марказии вилояти Суғд хокбориш рух медиҳад.

Дар пай ин хокбориш, ки ба гуфтаи Оҷонсӣ, аз минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ва шимолу ғарбӣ ба кишвар ворид мешавад, баланд шудани ҳолати олудагии ҳаво пешбинӣ мегардад. Ин ниҳод гуфтааст, ки рӯзи 15-уми апрел дар водиҳои ҷумҳурӣ пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 8-10º дар назар аст.

Мақомот ба сокинон тавсия додаанд, ки дар рӯзҳои мазкур аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбону кӯчаҳо ва хусусан дар назди роҳҳои мошингард худдорӣ куннад.

Бояд гуфт, ҳавои ҷангу ғуборолуд ва хокборишҳо дар кишвар ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфта, сол аз сол бештар ба мушоҳида мерасанд. Коршиносон сабаби инро тағйирёбии иқлим ва ҳамчунин, бетаваҷҷуҳии мақомот ба унсурҳои пешгирикунандаи ҳавои ифлос, аз ҷумла буридани дарахтону сохтмони зиёди баландошёнаҳо медонанд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти кишвар, радабандиҳои созмонҳио байналмилалӣ дар робита ба ифлос будани ҳаво дар Тоҷикистонро қабул надоранд. Аз ҷумла, чанде пеш, пажуҳишгоҳи “IQAir”, ки ба омӯзиши ҳамарӯзаи сифати ҳаво дар ҷаҳон машғул аст, дар як гузориши худ навишт, ки дар соли 2025 Тоҷикистонро аз лиҳози ифлосии ҳавои атмосферӣ бо нишондиҳандаи 57,3 мкг/м³ дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор дошт.

Вале Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон дар посух ба ин раданба гуфт, ки “раддабандии “IQAir”-ро наметавон нодида гирифт, аммо онро ҳамчун арзёбии пурраи сифати ҳаво дар тамоми қаламрави Тоҷикистон низ қабул кардан дуруст нест”. Ин ниҳод бо нашри як иттилоия гуфт, зарур аст, ки чунин баҳогузориҳо ба шарҳи мутавозин, аз лиҳози илмӣ асоснок ва касбӣ арзёбӣ шавад.

Дар маводи “Азия-Плюс” бо номи “Тоҷикистонро чангу ғубор фаро мегирад. Он чӣ хатар дорад ва барои пешгирӣ чӣ бояд кард?” метавонед дар таъсири чангу ғубор ба солимии инсон маълумот дарёфт кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Чаро нархи шакар дар Тоҷикистон гарон шуд?

0
Акс аз asia+

Моҳи апрели соли 2026 дар кишвар болоравии нархи шакар (қанд) ба мушоҳида расид. Агар аввали моҳи март 1 кг шакар 9-11 сомонӣ нарх дошт, пас ҳоло он ба 12-14 сомонӣ расидааст. Нархи фурӯши яклухти он низ гарон шудааст: арзиши халтаи 50-килограммаи он аз 380-400 сомонӣ то ба беш аз 500 сомонӣ боло рафтааст.

Тоҷикистон шакарро қариб пурра аз хориҷа ворид мекунад. Соли 2025 ба ҷумҳурӣ ба маблағи зиёда аз 191 млн доллар беш аз 117,4 млн килограмм ин навъи маҳсулот ворид карда шудааст.

Ин маҳсулот асосан аз Русия, Беларус ва Ҳиндустон оварда мешавад: аз Русия қариб 52 ҳазор тонна, Беларус 28,2 ҳазор тонна ва Ҳиндустон 16,9 ҳазор тонна. Аз Покистон (9,5 ҳазор тонна) ва Қазоқистон (5,7 ҳазор тонна) низ миқдори назарраси маҳсулоти мазкур ворид шудааст.

Ҳамчунин аз Озарбойҷон, Эрон ва Ӯзбекистон низ ҳаҷми камтари шакар ворид мешавад. Миқдорҳои начандон зиёд аз Литва, Латвия, Туркия, Чин, Лаҳистон ва Қирғизистон низ оварда мешаванд.

Мавҷуд набудани истеҳсолоти худӣ, бозори шакарро дар ҷумҳурӣ ба омилҳои беруна вобаста мекунанд. Ҳама гуна тағйирот, аз ҷумла маҳдудияти содирот дар дигар кишварҳо, ивазшавии қурби асъор ё зиёдшавии хароҷот ба нақлиёт ба нархҳо таъсир мерасонад.

Тағйироти ба ин монанд аллакай қаблан, аз ҷумла дар пасманзари маҳдудияти содироти шакар аз Русия ва Қазоқистон ба мушоҳида расида буданд.

Вазъият дар бозори ҷаҳон низ таъсири иловагӣ мерасонад. Бино ба маълумоти Созмони кишоварзӣ ва озуқаворӣ (ФАО), моҳи марти соли 2026 нархи маҳслуоти хӯрокворӣ ба андозаи 2,4% афзуда, дар ҳамин ҳол шакар аз ҳама бештар – ба андозаи 7,2% гарон шудааст. Ин ба болоравии нарх ба нафт ва вазъияти ноустувори сиёсати ҷаҳонӣ, ки ба таҳвил ва истеҳсол таъсир мерасонад, вобаста аст.

Ба гуфтаи фурӯшандагон, агар вазъият тағйир наёбад, моҳҳои наздик низ нархи шакар гарон боқӣ мемонад.

Бояд гуфт, ки болоравии нархи шакар дар Тоҷикистон аллакай чандин сол ба назар мерасад. Агар давоми солҳои 2017-2019 арзиши 1 килограмми он ҳудуди 6-6,5 сомониро ташкил медод, пас дар соли 2020 нархи он якбора то 9 сомонӣ зиёд шуд.

Дар солҳои минбаъда нархҳои тадриҷан боло рафтанд: солҳои 2021-2022 – ба ҳисоби миёна то 9,5 сомонӣ, солҳои 2023-2025 – ҳудуди 10 сомонӣ барои 1 килограмм ва соли 2026 –ум 12 сомонӣ.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

Беш аз 60% барои шаҳрвандони Чин. Тоҷикистон квота барои ҷалби коргарон аз хориҷаро тасдиқ кард

0

Имсол Тоҷикистон 5500 коргарро аз хориҷи кишвар барои кор дар Тоҷикистон ҷалб мекунад, ки нисбат ба соли гузашта 500 нафар камтар аст. Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имзо ва дар пойгоҳи иттилоотӣ ваи ҳуқуқии Вазорати адлияи нашр шудааст.

Санади мазкур ба “ташкилу танзими равандҳои муҳоҷирати кории шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон” нигаронида шудааст.

“Шаҳрвандони хориҷӣ, ки фаъолияти меҳнатиро дар лоиҳаҳои афзалиятнок ва созишномаҳои сармоягузории соҳаҳо дар асоси санадҳои байнидавлатӣ ё байниҳукуматӣ амалӣ менамоянд, ба квотаи мазкур дохил намешаванд”, – зикр мешавад дар санади мазкур.

Тибқи фармон, ҳудуди 62%-и квота ба шаҳрвандони Чин дода мешаванд. Боқимонда ба шаҳрвандони кишварҳои зерин пешбинӣ шудааст:

Ҳудуди 60%-и шаҳрвандони хориҷӣ барои кор дар Душанбе  ҳуқуқ пайдо мекунанд.

Дар фармони президент омадааст, ки коргарони хориҷӣ аз ҳама бештар барои кор дар соҳаҳои саноат ва сохтмон ҷалб карда мешаванд. Квотаҳо барои кори шаҳрвандони хориҷӣ дар соҳа ва бахшҳои зерини Тоҷикистон пешбинӣ шудааст:

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Пулиси Душанбе: Дар пайи 44 садама дар се моҳ 6 пиёдагард ҷон бохтаанд

Пулиси Душанбе мегӯяд, давоми се моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе 44 садама рух дода, дар 32 ҳолат ронандагон мусофиронро пахш кардаанд ва дар пайи он, 6 пиёдагард ҷон бохта, 26 тани дигар маҷруҳ шудаанд.

Мақомот аз афзоиши садамаҳо бо ширкати пиёдагардон изҳори нигаронӣ карда, бо мақсади “пешгирии садамаҳо бо иштироки пиёдагардон ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон дар бораи талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ” амалиёти даҳрӯзаи “Пиёдагард”-ро роҳандозӣ кардааст.

Ба иттилои манбаъ, амалиёт дирӯз, 13-уми апрел оғоз шуда, то 23-юми апрел идома мекунад.

Мақомот аз сокинон хостаанд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя карда, фарзандонашонро ҳам ба ин кор водор ва бо аломатҳои роҳ шинос кунанд.

Ёдрас мешавем, ки мақомоти пойтахт соли гузашта низ чанд навбат дар бораи гузаронидани амалиёти “Пиёдагард” хабар дода буд, аммо аксаран натиҷаҳои он эълон намешуд.

Танҳо соли 2019 пулиси Душанбе хабар дода буд, ки давоми як ҳафта дар пойтахт 1 ҳазору 500 нафарро дар доираи ин амалиёт ҷарима кардааст.

Бояд гуфт, мувофиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба пиёдагардоне, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд ва ё аз ҷойҳои муқаррарнашудаи роҳ убур мекунанд, 39 сомонӣ (ним нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ҷарима таъин карда мешавад. Ҳамчунин, барои онҳое, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ ҳолати садамавӣ ба вуҷуд меоранд, аз 78 то 156 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.