Баъди ноком шудани музокироти Амрико ва Эрон дар Исломобод, ки 12-уми апрел сурат гирифт, вазъият дар Ховари Миёна ба марҳалаи нави ҳассос ворид шуд. Ҳарчанд музокиракунандагони ду ҷониб ашхоси дар тасмимгириҳои давлати худ шарик буданд, аммо ҷонибҳо дар масоили калидӣ ба созиш нарасиданд. Аз изҳороти ду ҷониб метавон хулоса кард, ки адами тавофуқ дар бозгушоиву идораи минбаъдаи тангаи Ҳурмуз ва барномаи ҳастаии Эрон аз мушкили аслии ҳалношуда боқӣ мондааст. Аммо созиши оташбас, ки барои ду ҳафта ҳосил шуда буд, ҳамоно побарҷост, ҳарчанд ҷонибҳо ҳамдигарро ба нақзи он муттаҳам мекунанд.
Дар пайи нокомии музокирот Амрико эълом кард, ки тангаи Ҳурмуз ва бандарҳои Эронро муҳосира хоҳад кард. Эрон инро нақзи созиши оташбас ва қовонини байналмилал номид.
Дар ҳамин ҳол, баъзе расонаҳо дар бораи эҳтимоли музокироти навбатӣ дар Покистон ё Суис (Швейтсария) хабар медиҳанд, аммо мақомоти расмии на Эрон ва на Амрико онро тасдиқ ё рад накардаанд.
Дар чунин шароит, мо аз коршиносони тоҷик пурсидем, ки чаро музокирот ноком шуд, қадами баъдии Эрону Амрико чист ва эҳтимоли азсаргирии ҷанг то куҷо воқеӣ аст?
Чаро дар Исломобод ба натиҷа нарасиданд?
Сабаби аслии нокомиро коршиносон дар эътимоди аз ҳад зиёди ҳар ду тараф ба қудрати худ ва пешниҳоди зиддунақиз мебинанд. Маъмурияти Трамп бо талаби қатъи комили барномаи ҳастаӣ ба музокирот омад.

Эрон бошад, бо такя ба он ки дар як моҳи ҷанг тавонистааст ба ҳамлаҳои Амрико тоб оварад ва тангаи Ҳурмузро таҳти назорат гирад, ба Амрико “не!” гуфт ва ҳамзамон 10 банд шартҳои худро пеш гузашт. Аз ҷумла, ҳифзи идомаи барномаи ҳастаӣ ва шеваи нави идораи тангаи Ҳурмуз.
Аммо ҳарду ҷониб аз пеш эълом карданд, ки ба ҳамдигар эътимоди комил надоранд. Коршиносон мегӯянд, адами эътимод, ки аз таҷрибаи тавофуқҳои қаблӣ ва ҷангҳои ахир сарчашма мегирад, боиси он гашт, ки ҳайати Эрон пешниҳодҳои Амрикоро танҳо як фишор арзёбӣ кунад.
Қадами баъдӣ чист?
Рустам Азизӣ, низоъшиноси тоҷик таъкид мекунад, ки анҷоми бенатиҷаи ин даври музокирот ҳанӯз маънои поёни дипломатияро надорад.
“Ростӣ, чунин натиҷа то ҳадде пешбинӣ мешуд, зеро ҳам пешниҳоди ҷониби Амрико ва ҳам шартҳои ҷониби Эрон аз оғоз дар сатҳи баланди эътимод ба нафс ва интизориҳои ҳадди аксар қарор доштанд”, – мегӯяд коршинос.
Ба қавли ӯ, ҳар ду тараф пас аз марҳалаи ҷанг ва оташбас худро дар мавқеи нисбатан қавӣ мебинанд ва табиист, ки гузаштҳои ҷиддиро аз ҷониби муқобил мунтазир буданд.

Акс аз саҳифаи фейсбуки Р.Азизӣ
Азизӣ илова мекунад, ки дар чунин шароит расидан ба созиши зуд амалан ғайривоқеӣ буд, вале ҳар ду ҷониб ишора кардаанд, ки дари гуфтугӯ пурра баста нашудааст.
Ӯ бо такя ба таҳлилҳояш мегӯяд, ки тарафҳо ҳамзамон дар ду самт – бознигарии тактикаи дипломатӣ ва идомаи омодагӣ барои роҳҳалҳои низомӣ ҳаракат доранд.
“Қадами баъдӣ ба эҳтимоли зиёд на “сулҳи ниҳоӣ” ва на “ҷанги фаврии нав”, балки марҳилаи бознигарии мавқеъҳо хоҳад буд. Яъне, тарафҳо баъди нокомии даври аввал шартҳои худро сабуктар ё дақиқтар танзим мекунанд, имкони даврҳои нави музокиротро месанҷанд ва ҳамзамон фишори сиёсӣ ва ҳарбиро ҳамчун абзори таъсир нигоҳ медоранд”, – пешбинӣ мекунад низоъшинос.
Ба андешаи ӯ, ин як роҳкори маъмулии мудирияти буҳронҳост, ки дар он дипломатия қатъ намешавад, балки ба шакли мураккабтар мегузарад ва фишори ҳарбӣ ҳамчун абзор боқӣ мемонад.
“Ин ҷанг шояд соле идома ёбад…”
Дар мавриди оташбаси дуҳафтаина, Азизӣ мегӯяд, ки эҳтимоли идомаи он аз фурӯпошиаш бештар аст, зеро ҳар ду ҷониб пас аз як моҳи рӯёрӯӣ ба вақт барои барқарорсозии захираҳо ва таҷдиди ҳисобҳо ниёз доранд.
Ӯ ин вазъро “таваққуфи стратегии муваққат” меномад. Бо ин ҳол, коршинос ҳушдор медиҳад, ки ҷанг метавонад ба як марҳалаи тӯлонӣ ва сустҷараён, шабеҳи ҷанги Русия ва Украина табдил ёбад, ки шояд соле ҳам давом кунад.
“Эҳтимол дорад, ки таниш бо Эрон ҷанги дарозмуддати сустҷараён дар Ховари Миёна шавад. Чунки масоили Фаластину Лубнону Сурияву Яман солҳо давом дорад ва Эрон ҳам ба чунин таниши дарозмуддат кашида шуданаш аз эҳтимол дур нест”, – пешбинӣ мекунад Рустам Азизӣ.
Тангаи Ҳурмуз баста хоҳад буд?
Аммо Амрико аллакай эълом кард, ки атрофи тангаи Ҳурмузро бо новҳову киштиҳояш иҳота кардааст: мо аз коршинос пурсидем, ки ин лағви оташбасу эълони ҷанг нест?
Рустам Азизӣ ба ин бовар аст, ки дар чунин низоъҳо ҳар ду тараф ҳамеша кӯшиш мекунанд тарафи муқобилро ҳамчун оғозкунандаи шиддат нишон диҳанд ва ҳар иқдоми нав ҳамчун “ҷавоб”, “пешгирӣ” ё “вокуниш” муаррифӣ мешавад.
“Аз сӯйи дигар, тангаи Ҳурмузро Амрико пурра иҳота накардааст, чунки ин имкониятро надорад: аввалан, шарикони тиҷоратии Амрико ба Трамп фишор меоранд, дуюм, ҳамаи нову киштиҳояш тамоми сол дар он ҷо истода наметавонад, зеро хароҷоти зиёд дорад”, – мегӯяд низоъшинос.
Ба бовари ӯ, ин кор танҳо як роҳи фишор аст, то Эрон аз баъзе хостаҳояш даст кашад ва Амрикоро ҳам дар идораи тангаи Ҳурмуз шарик созад.
Аммо Рустам Азизӣ таъкид мекунад, ки “Теҳрон ба ҳеҷ ваҷд ин хостаи Вашингтонро қабул намекунад”.
“Бар нафъи раёсати Трамп нест”
Саъдӣ Ҳомид, коршиноси масоили сиёсӣ ва равобити байналмилал аз Тоҷикистон, ки муқими Амрико аст, ба ин бовар аст, ки якум давраи музокирот бенатиҷа мондааст, аммо ҳанӯз поёни дипломатия нарасидааст.
Ба қавли ӯ, Доналд Трамп аз тариқи муҳосираи дарёии тангаи Ҳурмуз зоҳиран мехоҳад абзорҳои фишори худро дар музокирот тақвият кунад, то Теҳронро ба тан додан ба хостаҳои Амрико водор созад. Бо ин ҳол, коршинос ҳушдор медиҳад, ки чунин амалиёт ҳамзамон метавонад боиси давраи ташдид ва даргириҳои нав шавад.
Ҳомид дар мавриди оташбаси дуҳафтаина чунин пешбинӣ дорад: “Арзёбии мантиқӣ ва ақлонии вазъияти кунунӣ нишон медиҳад, ки ин амалиёт, дар сурати қатъи оташбас, бар нафъи Амрико, ба вижа раёсати Трамп нест”.

Акс аз С.Ҳомид
Ӯ мегӯяд, ки муҳосираи бандарҳо содироти сӯхтро коҳиш дода, нархи нафтро дар бозори ҷаҳонӣ боз боло мебарад ва боиси афзоиши таваррум дар Амрико мешавад.
Маҳз ҳамин омил, ба гуфтаи коршинос, Трампро водор кард, ки музокираро оғоз кунад, бинобар ин “қатъи оташбас ва бозгашт ба ҷанги фаъол ба Трамп осеби сиёсии бештаре ворид хоҳад кард, ба вижа дар остонаи интихоботи миёндавраӣ”.
Агар Эрон тангаи Бобулмандабро ҳам бандад…
Саъдӣ Ҳомид инчунин ба паёмадҳои геополитикӣ ишора карда, мегӯяд, ки дар сурати монеъ шудан ба содироти нафти Эрон ба Чин ва Ҳинд, Амрико бо чолишҳои бештар дар равобиташ бо ин ду кишвар рӯбарӯ мешавад.
Аз сӯи дигар, ин коршинос аз фишанги дигари Теҳрон ҳам ёдовар шуда, ҳушдор медиҳад, ки “агар ҷанг дубора ба марҳилаи фаъол баргардад, Эрон ин бор бо ёрии ҳусиҳо тангаи Бобулмандабро ҳам мебандад
“Ҳусиҳо бо ин иқдом метавонанд дарёи Сурхро масдуд карда ва убури 12 дарсади нафти ҷаҳонро қатъ кунанд. Дар чунин сурат, ҷаҳон шоҳиди ба маротиб болотар рафтани нархи нафт ва ташдиди бештари ҷанг хоҳад шуд”, – мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.
Вай таъкид дорад, ки бо вуҷуди ин қадар қудратнамоӣ ва ситоиши тавонмандиҳои Амрико, “доманаи ҷанг на дар Вошингтон, балки дар Теҳрон муайян мегардад”.
“Трамп оқилона амал мекунад ё…”
Саъдӣ Ҳомид муътақид аст, ки маҷмӯи омилҳои иқтисодию сиёсӣ барои давлати Амрико далели қавӣ ҷиҳати риояи оташбас ва пешгирӣ аз ташдиди ҷанг мебошанд.
“Вале касе наметавонад замонат диҳад, ки Трамп воқеиятро бо арзёбии мантиқӣ ва ақлона дар назар мегирад ё на”, – меафзояд коршинос.
Ба қавли ҳамсуҳбати мо, агар ин омилҳои боздоранда дар рӯйкарди Вошингтон дар муқобили Теҳрон мулоҳиза шаванд, эҳтимоли оғози давраи дуввуми музокироти мустақим вуҷуд дорад.

Аммо ӯ ҳушдор медиҳад, ки агар ҷониби Амрико дар гуфтугӯҳои баъдӣ низ бо мавқеи қатъӣ талаб кунад, ки Эрон сатҳи ғанисозии уранро ба сифр расонида, аз ҳимояти гурӯҳҳои минтақавӣ, аз ҷумла Ҳизбуллоҳ, Ҳамос ва Ҳусиҳо даст бикашад, дастёбӣ ба натиҷаи созанда амалан ғайриимкон мешавад.
Дар ин росто, Саъдӣ Ҳомид нақши Исроилро низ муҳим арзёбӣ карда, мегӯяд, ки Телавив метавонад дар нокомии ин раванди дипломатӣ таъсири мустақим дошта бошад.
Дар сурати бунбасти комили дипломатӣ, коршинос як тарҳи дигари эҳтимолиро пешбинӣ мекунад: бозгашт ба вазъи пеш аз ҷанги 28-уми феврал, берун шудани Амрико аз ҷанг ва ҷилва додани он ҳамчун пирӯзӣ аз сӯйи Трамп, вале дар ин миён вазъи Исроил бад хоҳад шуд.
“На ҷанг ва на сулҳ” миёни Эрону Амрико
Вазъияти кунунӣ нишон медиҳад, ки ҳарчанд музокироти Исломобод бидуни натиҷаи мушаххас анҷом ёфт, аммо ҳар ду ҷониб ҳоло дар ҳолати “на ҷанг ва на сулҳ” қарор доранд.
Оғози расмии муҳосираи баҳрии бандарҳои Эрон аз соати 19:30-и 13-уми апрел ба вақти Душанбе ва таҳдидҳои нави Трамп дар бораи нобуд кардани қаиқҳои тезрави Эрон нишон медиҳанд, ки шиддати вазъ рӯ ба афзоиш аст.
Бо вуҷуди ин, тавре ҳар ду коршинос таъкид мекунанд, зарурати барқарорсозии захираҳо ва хатарҳои иқтисодии ҷаҳонӣ метавонанд омилҳои боздоранда барои як ҷанги густурдаи нав бошанд.

