“Ҳамдигарро табрик мекунем, баъд аз мушкил мегӯем”. Таҷлили Рӯзи озодии матбуот бидуни фазои идона

Барои рушди расонаҳои мустақил 15 миллион евро ваъда шуд.

asia+

Рӯзи 4-уми май ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот дар шаҳри Душанбе конфронс доир шуд. Ин ҳамоиш, ки бо унвони “Ташаккули ояндаи осоишта: пешбурди озодии матбуот барои ҳуқуқи инсон, рушд ва амният” роҳандозӣ шуд, бояд манзараи воқеии озодии баёнро дар кишвар инъикос мекард. Аммо, чуноне ки иштирокчиён ва нозирон мушоҳида кардаанд, дар миёни баҳсҳои гарм дар бораи фанновариҳои наву ҳушвора, мушкилоти бунёдии рӯзноманигории тоҷик дар ҳошия мондаанд.

Конфронс бо суханрониҳои дипломатҳо ва намояндагони ҳукумат оғоз шуд. Баъд аз он ду ҷаласаи гурӯҳӣ баргузор шуд – яке дар бораи ҳушвора ва фанновариҳои нав дар рӯзноманигорӣ, дигаре дар бораи масъалаҳои ҷории расонаҳо дар Тоҷикистон ва ҷаҳон.

Пас аз нисфирӯзӣ дар конфронс ҳафт мизи мудаввар ташкил шуд. Мавзӯъҳо гуногун буданд: ахлоқи касбии рӯзноманигорон, амнияти ҳуқуқии журналистон, таҳсилоти рӯзноманигорӣ, саводнокии рақамӣ, нақши занон дар расонаҳо ва дастрасӣ ба иттилооти расмӣ. Вале ин ҳама баҳсҳо, ба қавли иштирокчиён, бештар талоши гурез аз мавзӯъҳои доғи рӯзро мемонд.

Аз “шарикии боэътимод” то даъват ба бозбинии парвандаи рӯзноманигорони зиндонӣ

Шафизода Саидҷон, муовини сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ гуфт, матбуот “нерӯи пуриқтидори маънавӣ ва шарики боэътимоди давлат” аст. Ӯ зикр кард, ки дар кишвар садҳо рӯзнома, маҷалла, шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ “фаъолияти озодона доранд” ва ҳукумат сиёсати шаффофияти иттилоотиро дунбол мекунад.

asia+

Радослав Дарски, сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, зимни суханрониаш зикр кард, ки Тоҷикистон дар Шохиси озодии матбуот-2026-и “Хабарнигорони бидуни марз” ҷойи 150-умро ишғол мекунад ва ин мушкилоти воқеиеро инъикос мекунад, ки рӯзноманигорон ҳар рӯз бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд.

Дарски аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки парвандаҳои рӯзноманигорони зиндониро баррасӣ кунад ва озодии матбуотро дар доираи қонунҳои амалкунанда ҳифз шавад.

Ӯ инчунин эълон кард, ки Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии расонаҳои мустақил, таҳқиқоти журналистӣ ва кумаки фаврӣ ба рӯзноманигорон 15 миллион евро ҷудо мекунад.

Ян Браату, намояндаи САҲА гуфт, ки озодии матбуот “пояи демократия” аст ва дар кишвар будани расонаҳои мустақил нишонаи заъф нест, балки нишони қудрат аст.

Браату таъкид кард, ки фосилаи миёни ӯҳдадориҳо ва амалисозии онҳо зиёд шудааст, вале аз мушкилоти мушаххаси рӯзноманигорони Тоҷикистон ном набурд.

asia+

Фазои идона эҳсос намешуд”

Баҳманёр Нодиров, роҳбари таҳририяи Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”, мегӯяд, ки конфронс мавзӯъҳои муҳимро фаро гирифт, аммо фазои идона эҳсос намешуд.

Ба гуфтаи ӯ, “бештари ҳамкасбони мустақил ҳамдигарро табрик мекарданд, аммо баъди он аз мушкилиҳою маҳдудиятҳо мегуфтанд. Ҳамкасбон аз расонаҳои давлатӣ қариб ки иштирок надоштанд. Хуб мешуд, агар ин рӯз воқеан идона мебуд ва мо бештар аз пешрафт, нақшаҳои оянда мегуфтем”.

“Зеро ҳар сол дар ин рӯз намояндагони ВАО-и мустақил шикоят мекунанду вазъ қариб тағйир намеёбад. Намояндагони ниҳодҳои давлатӣ бошанд ба будани фазои мусоид ба кори расонаҳо таъкид мекунанд, аммо дар бахши баррасии мушкилоту камбудӣ иштирок намекунанд”, – таъкид кард Нодиров.

Фото: asia+

Рукуди озодии баён дар Тоҷикистон

Дар 15 соли ахир вазъи расонаҳои Тоҷикистон бо таҳаввулоти назаррас мувоҷеҳ шуд. Аз майдон рафтани нашрияҳое чун “Миллат”, “Нигоҳ”, “Озодагон”, хабаргузориҳои “Тоҷнеюс”, “Озодагон” ва ба ҷойи онҳо рӯйи саҳна наомадани расонаҳои иҷтимоиву сиёсӣ вазъро ба гунае нишон медиҳад, ки ҳузури расонаҳои мустақили фаъол дар кишвар камранг аст.

Дар ин муддат дар Тоҷикистон барои таъсис ёфтани ҳатто як шабакаи телевизионии хусусии умумиҷумҳуриявӣ мусоидат нашуд ва талошҳое, ки ҳам дар ин росто сурат гирифт, ба нокомиҳо анҷомид.

 Соли 2009 Тоҷикистон дар Шохиси ҷаҳонии озодии матбуоти созмони “Хабарнигорони бидуни марз” миёни 180 кишвар ҷойи 113-умро ишғол мекард. Соли 2025 ин рақам ба 153-ум расид. 16 сол – 40 поя поён. Имсол кишвари мо дар ҷойи 150-ум қарор дорад.

Тибқи омори нашркардаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар даҳсолаи охир шумори расонаҳои мустақил дар кишвар ба таври назаррас коҳиш ёфтаанд. Ба гуфтаи коршиносон, имрӯз аксари нашрияҳо минбари иттилоотии вазорату идораҳо ва созмону анҷуманҳои давлатӣ маҳсуб мешаванд ва шумори нашрияҳои воқеан мустақили фаъол ба 10 номгӯй ҳам намерасад.

Дар раддабандиҳои созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла сабаби асосии ин раванд маҳз саркӯби озодии баён, фишор ба рӯзноманигорон ва баста шудани расонаҳо дар чанд соли ахир ном бурда мешавад, аммо дар нишасти хабарии Вазорати фарҳанг ба ин омилҳо ҳеҷ ишора накарданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.