ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 100-солагии нашри “Намунаи адабиёти тоҷик” – аз асарҳои бебадали Садриддин Айнӣ ва зодрӯзи поягузори адабиёти муосири тоҷик маҳфили илмию адабӣ баргузор мешавад.
Чорабинӣ соати 10:00 оғоз шуда, дар хусуси паҳлуҳои гуногуни ин асар ва нақши тақдирсози он адибону донишмандони маъруф суҳбат хоҳанд кард. Вуруд озод аст.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1928 – Дар Тоҷикистон хати лотинӣ ҷорӣ карда шуд. То ин дам дар Тоҷикистон ва тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ хати арабӣ истифода мешуд. Аммо бо таъсиси Ҳукумати Шӯравӣ қарор шуд, ки хати лотинӣ барои расмисозии забонҳо ва тадриҷан гузариш ба ягонагии навишт истифода шавад.
Соли 1940 бо иқдомоти нави сиёсӣ хати кириллӣ барои навишт дар забони тоҷикӣ қабул шуд.
Соли 1985 – Нашриёти “Шарқи Озод” таъсис ёфт.
Соли 1996 – Шӯрои амнияти Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Соли 2005 – Маросими ифтитоҳи расмии сохтмони неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” баргузор гардид.
Соли 2008 – Ҳукумати Тоҷикистон Оиннома ва сохтори идоракунии Неругоҳи барқи обии “Роғун”-ро тасдиқ кард.
Соли 2011 – Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро барои муҳокима ба парлумони кишвар пешниҳод кард.
Соли 2013 – Ҳукумати Филиппин эълон кард, ки низоми раводидро барои шаҳрвандони ҳафт кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон бекор кардааст.
Соли 2016 – Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президент илова гардид.
Соли 2020 – Парлумони Тоҷикистон фраксияҳои се ҳизб (Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳизби аграрӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ) ва як гурӯҳи вакилони ғайриҳизбиро ба қайд гирифт.
Соли 2022 – Муассисаи таълимии ғайридавлатии Донишкади илмҳои дақиқ ва технологии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1878 – Зодрӯзи Устод Садриддин Айнӣ, поягузори адабиёти муосири тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон.

Устод Садриддин Айнӣ шоир, нависанда, таърихнигор ва яке аз фарзандони барўманди халқи тоҷик буда, адабиёти тоҷикро ба як марҳалаи нави рушд ворид кардааст. Аз саргузашти кӯдакиву рӯзгори талхи ӯ, ки дар ятимӣ бузург шудаву дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил карда, ҷодаҳои илмро бо машаққат фатҳ намудааст, дар “Ёддоштҳо” ва дигар асарҳояш метавон мутолиа кард.
“Айнӣ” тахаллуси адабии Садриддин аст ва шеъри “Гули сурх” аввалин шеърест, ки бо ин тахаллус эҷод шудааст. Номи хонаводагии устод Садриддин Саййидмуродзода аст.
Садриддин Айнӣ ҳамзамон яке аз равшанфикронест, ки дар кушодани мактабҳои тоҷикиву нашри рӯзнома ба забони тоҷикӣ саҳм гузошт ва баъди инқилоби октябр дар рушди маорифи тоҷик ва ҷомеаи нав талош кардааст.
Силсилаасарҳои ӯ, ба монанди “Дохунда”, “Ғуломон”, “Одина”, “Ҷаллодони Бухоро”, “Марги судхӯр”, “Ятим”, асари таърихии ӯ “Таърихи амирони манғитияи Бухоро” ва дигар асарҳои ӯ нишони ғулувви истеъдоди адабии ӯянд.
Махсусан, китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” ҳамчун китоби тақдирсоз дар таърихи миллати тоҷик сабт шудааст.
Дар мансабҳои давлатӣ ҳам кор кардааст. Аз соли 1918 дар системаи маорифи халқ ва нахустин матбуоти инқилобии тоҷику ӯзбек кор кардааст. Баъд аз таъсиси Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (1920) муддате дар консулхона, сипас дар идораи тоҷорати он хидмат кардааст.
Аз соли 1926 дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон вазифаҳои мушовир ва муҳаррири адабиро баҷой овардааст. Соли 1934 дар Анҷумани якуми умумииттифоқии нависандагони шӯравӣ ширкат варзида, узви Раёсати Иттифоқи нависандагони СССР интихоб шудааст.
Соли 1951 академик ва аввалин президенти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон интихоб гардидааст.
Устод Садриддин Айнӣ 15-уми июли соли 1954 дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ҳоло Мақбараи Айнӣ дар як мавзеи хушманзараи Душанбе, ки “Боғи фароғат ва истироҳати ба номи Садриддин Айнӣ” унвон дорад, зиёратгоҳи аҳли адаб аст.
Ба устод Садриддин Айнӣ барои заҳматҳояш унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.
Дар воқеъ, Устод Айнӣ яке аз парчамдорони фарҳанги пурғановати миллӣ, равшангари таърихи шарафманду ҷоннисори Ватану миллати бузургамон буда, месазад аз номи пурифтихору мероси мондагори ӯ абадулобод фахрему нозему илҳом бардорем.
Соли 1899 – Зодрӯзи Пайрав Сулаймонӣ, адиб ва тарҷумони тоҷик.

Пайрав Сулаймонӣ бо мероси гаронбаҳои адабии худ дар таърихи адабиёти тоҷик нақши беназир дорад. Ӯ, ки аз 15-солагӣ шеър мегуфтааст, минбаъд бо сурудани шеъри суннатӣ (ғазал), ҳасбиҳолӣ ва ишқӣ дар қатори беҳтарин суханварони адабиёти ибтидои қарни бистуми тоҷик мақом гирифтааст.
Ӯ солҳои 1921-1922 дар сафоратхонаи Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро дар Афғонистон котиби дувум буда, баъди бозгашт ба ватан ба кори эҷодӣ машғул гардидааст. Ҳамчунин солҳо дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон муҳаррир ва тарҷумон будааст.
Ашъори Пайрав ҳамнабзи замон буда, дар онҳо ҷараёни парвозу сукути ҳаёти ҷорӣ барҷаста таҷассум ёфтаанд. Асарҳои ҳаҷвӣ-танқидии шоир бошанд таҳти имзои мустаори “Шашпардор” интишор ёфтаанд. “Муфаттиш”-и Н. В. Гогол, романҳои А. Серафимович “Сели оҳанин”, Д. Фурманов ва С. Поливанов “Балво”, чанд шеъри Жаров ва Л. Ҳюз аз ҷониби Пайрав Сулаймонӣ ба тоҷикӣ гардонда шудаанд.
Пайрав аз худ осори на он қадар зиёд, вале пурарзише ба мерос гузошт. Ӯ 9-уми июни соли 1933 дар шаҳри Душанбе даргузашт.
Соли 1935 – Мавлуди Устоқадам Машрабов, ширинкор, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистони Шӯравӣ.

Устоқадам Машрабов (Усто) дар ҳамкорӣ бо Мастибек Паллаев (Масто) саҳначаҳои ҳаҷвӣ, этюдҳо, интермедияҳо, сурудҳои ҳаҷвӣ иҷро мекарданд. Саҳнаҳои “Эшон Шаҳристон рафтанд”, “Муфаттиш”, “Мудири анбор”, “Тақсими кор”, “Усто ризо, Масто ризо”, “Мода шуд” аз ҷумлаи машҳуртарин саҳнаҳои “Усто ва Масто” маҳсуб меёбанд.
Устоқадам Машрабов 30-юми январи соли 1984 дар синни 48-солагӣ дар пайи як садамаи нақлиётӣ даргузашт.
Соли 1951 – Мавлуди Шералӣ Абдулқайсов, ҳунарпешаи театр ва синамо.

Шералӣ Абдулқайсов баъди хатми шуъбаи актёрии театри драма ва кино, Донишкадаи педагогии ба номи Т. Шевченко бо роҳхати Вазорати маданияти Тоҷикистони шӯравӣ ба Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба кор қабул шуда, то охири умраш дар театри мазкур фаъолият кардааст.
Дар давоми фаъолияти пурсамари худ дар соҳаи театр барои рушди санъати театрии ҷумҳурӣ хидмати арзишманд кардааст.
Ӯ дар театр нақшҳои мондагор офаридааст, аз ҷумла нақши проффессор Пашков дар “Алломаи Адҳам”, Аҷузкампир дар “Найи сеҳрнок”, Эзоп дар “Шер, рӯбоҳ ва ангур”, Капулетта дар “Ромео ва Ҷулйетта”, Асад дар “Афсонаҳои мӯйсафед”, Отелло дар “Отелло”-ро офаридааст. Дар синамо бошад, нақши Нуралӣ дар “Марди роҳ”, Қарашир дар “Субҳи ҷавонии ман”, Акбар дар “Падари маҳтобӣ”, Падар дар “Дафни гургона”-ро иҷро кардааст.
Шералӣ Абдулқайсов 12 июли 2021 дар 70-солагӣ бар асари вируси куруно дар 70-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1952 – Зодрӯзи Карим Мӯсо, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик.
Соли 1955 – Мавлуди Абдулло Султон, овозхони сурудҳои суғдӣ (яғнобӣ), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Абдулло Султон, ки ҳамчун асосгузори сурудҳои суғдӣ (яғнобӣ) дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистонро хатм намуда, фаъолияти ҳунариашро ба ҳайси муҳаррири Радиои Тоҷикистон оғоз намудааст. Баъдан ба Ансамбли давлатии “Шашмақом” ва Ансамбли давлатии “Дарё” пайваст. Ӯ тавонистааст бо овози мукаммал ва маҳорати баланд сурудҳои миллӣ, махсусан сурудҳои яғнобиро, ки онҳоро бо муҳаббат ба мардум расонида буд, эҷод намояд.
Султон сурудҳои маъруфи “Яғноб шамол во-во”, “Духтари суғдӣ”, “Яғнобба мурам”, “Тоҷикистон”, “Рўди Сир”, ва “Зулфи мушкин”-ро иҷро кардааст.
Соли 1958 – Зодрӯзи Мунира Ҳакимова, яке аз наттоқони шинохтаи Тоҷикистон.

Мунира Ҳакимова яке аз наттоқони саршиноси телевизиони Тоҷикистон буда, фаъолияти кориашро ҳамчун техники сабти овоз дар Киностудияи “Тоҷикфилм” оғоз кардааст. Баъдан китобдори Хонаи афсарони гарнизони Душанбе, наттоқи Сардирексияи барномаҳои радиои Кумитаи телевизион ва радио буд. Аз соли 2009 директори Кохи Ҷомӣ буд.
Номбурда аз синни 6-солагӣ дар дубляжи филмҳои ҳунарию мустанад, аз ҷумла филмҳои “Субҳи ин ҷо сокит аст”, “Афсонаҳои нави Шаҳрзод”, “Воқеа дар фурудгоҳ” ва ғ. (ҷамъ беш аз 200 филм) иштирок кардааст.
Ӯ 23 майи соли 2020 дар синни 63-солагӣ даргузашт.
Соли 1958 – Мавлуди Файзалӣ Аминов, файласуф, номзади илмҳои фалсафа.
Соли 1961 – Мавлуди Рустам Дулоев, овозхони опера, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Соли 2021 – Мунаввар Мансурхӯҷаев, коргардони синамо ва раиси пешини Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон дар 80-солагӣ даргузашт.

Аз ӯ асосгузори филми тасвирии тоҷик ном мебаранд, ки бо талошҳояш аввалин филми тасвирии тоҷик бо номи “Моҳии гулдор” соли 1980 ба саҳна омад.
Вай бо даъвати коргардони маъруф Борис Кимёгаров дар студияи “Тоҷикфилм” ҳайси коргардони филмҳои ҳуҷҷатӣ ба кор сар кард ва дар онҷо даст ба сохтани филмҳои тасвирӣ зад.
Мунаввар Мансурхоҷаев иқрор мекард, ки ин соҳа аз мушкилтарин ва серхарҷтарин риштаҳои синамо буда, давлат ба рушди он диққати ҷиддӣ намедод. Бо вуҷуди ин бо талошҳои ӯ ва шарикону шогирдонаш дар Тоҷикистон дар давраи Шӯрпавӣ зиёда аз 30 филми аниматсионӣ ба навор гирифта шудааст.
Мунаввар Мансурхоҷаев дар давраи бисёр сангини Тоҷикистон, то раиси Иттиҳоди киноматографистони Тоҷикистон буд.Дар маводи “Мунаввар Мансурхоҷаев: Орзуҳои амалинашудаи зиёд дорам…” дар бораи кору пайкор ва орзуҳои амалинашудаи Мунаввар Мансурхоҷаев маълумоти бештар гиред.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи байналмилалии фарҳанг аст. Калимаи “фарҳанг” дар тарҷумаи мустақим аз санскрит маънои “эҳтиром ба нур”-ро медиҳад, ки талоши инсонро барои шинохти зебоӣ ва камолоти шахсӣ ифода мекунад.

Таърихи Рӯзи фарҳанг беш аз як асрро дар бар мегирад. Андешаи таъсиси муҳофизати ташкилёфтаи арзишҳои фарҳангиро рассоми маъруф Николай Рерих пешниҳод карда буд. Ӯ фарҳангро нерӯи асосии рушду пешрафти ҷомеаи инсонӣ меҳисобид ва онро асоси ваҳдати миллату дину мазҳабҳои гуногун мешуморид.
15 апрели соли 1935 дар Кохи Сафед (Вашингтон) роҳбарони 21 кишвари ҷаҳон аввалин созишномаи байналмилалӣ дар таърихи башарро бо унвони “Дар бораи ҳифзи муассисаҳои фарҳангӣ, илмӣ ва бадеӣ, инчунин ёдгориҳои таърихӣ” имзо карданд, ки он бо номи муаллифаш “Паймони Рерих” маъруф гашт.
Имрӯз ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии санъат аст. Ин ҷашн бо мақсади рушди санъати тасвирӣ ва густариши он дар ҷаласаи 40-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО соли 2019 расман эълон шуд. Ҳадафи ин рӯз тақвияти мубодилаи дониш ва таҳкими муколамаи байнифарҳангист.

Санаи 15 апрел ба ин муносибат интихоб шуд, ки дар ин рӯзи соли 1452 яке аз бузургтарин нобиғаҳои таърих – Леонардо да Винчи ба дунё омадааст. Гарчанде ки ӯ худро бештар донишманд меҳисобид, саҳми беандозаи ӯ дар рушди санъат инкорнашаванда аст.
Ҳамасола, 15 апрел дар кишварҳои зиёд Рӯзи маърифати экологӣ таҷлил мешавад. Ин ҷашн аз соли 1992 оғоз шудааст, замоне ки дар Конфронси СММ дар Рио-де-Жанейро масъалаҳои муҳити зист баррасӣ шуда, аҳамияти бузурги маърифати экологӣ барои амалӣ намудани стратегияҳои зинда мондан ва рушди устувори инсоният таъкид гардид.

15 апрели соли 1912 киштии мусофирбари “Титаник” дар уқёнуси Атлантик ба айсберг бархӯрда, ғарқ шуд. Тибқи маълумоти мухталиф, дар ин фоҷеа аз 1400 то 1517 нафар ҷони худро аз даст доданд. Танҳо тақрибан 700 нафар наҷот ёфтанд. Дар ин фоҷиа тамоми ҳайати муҳаррики киштӣ ҳалок гардид.

“Титаник” яке аз бузургтарин ва зеботарин киштиҳои мусофирбари замони худ буда, соли 1912 бо дархости ширкати киштисозии “White Star Line” сохта шуд. Ба навиштаи рӯзномаҳои замон, тӯлаш ба се кӯчаи шаҳр баробар буд, муҳаррикаш баландии як хонаи сесаҳнаро мемонд ва лангарро 20 аспи қавитарин аз кӯчаҳои Белфаст мекашиданд.
Фоҷиаи дигар дар таърихи 15 апрели соли 1989 дар шаҳри Шеффилд (Англия) рух дод. Дар варзишгоҳи 40-ҳазорнафараи “Ҳиллсборо” ҳангоми бозии нимниҳоии Ҷоми Англия байни дастаҳои “Ливерпул” ва “Ноттингем Форест” 96 нафар мухлис ҳалок шуданд.

Ҳамаи мухлисонро, ки барои тамошои бозӣ омада буданд, бидуни тафтиши чиптаҳо ба варзишгоҳ роҳ доданд. Дар натиҷа одамон рӯйи ҳам зада, якдигарро тела дода, аз тангиву фишор ҳалок шудаанд.
15 апрели соли 1951 дар шаҳри Лондон аввалин озмуни байналмилалии зебогӣ бо номи “Маликаи ҷаҳон” баргузор гардид. Ба туфайли ин рӯйдод Лондон ҳамчун пойтахти ҷаҳонии зебоӣ шӯҳрат пайдо кард.
Муаллифи ғояи “Маликаи ҷаҳон” оҷонсии таблиғотии лондонӣ аз ширкати “Мекка” – Эрик Морли буд. Аз ӯ хоста шуд, ки барои таблиғи толори рақс дар доираи Фестивали Бритониё ягон идеяи ҷолиб пешниҳод кунад. Дар нахустин озмун барои ба даст овардани унвони “Маликаи ҷаҳон” 30 духтар довталаб буданд. Ғолиби аввалин озмуни зебогӣ Кики Ҳааконссони шведӣ гардид.

ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳию доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4º.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳои водибуда ва доманакӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ ва хокбориш дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 20+25º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 16+21º гарм, дар водиҳо шабона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 5+10º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар водиҳо борони суст ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ ва гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 16+21º гарм, дар водиҳо шабона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 14+19º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 21+23º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 3+8º гарм, дар баъзе минтақаҳо то -2º сард, дар ғарби вилоят шабона 3+8º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе минтақаҳо то 14-16º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона борони суст борида, гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 20+22º гарм, шабона 12+14º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 18+20º гарм, шабона 9+11º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 23+25º гарм, шабона 12+14º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 17+19º гарм, шабона 5+7º гарм.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 15 ба 16-уми апрел ба ҳисоб гирифта шудааст.

