Баҳо дар журнал ва рӯзномаи электронӣ. Ҳамаи мактабҳои Душанбе ба системаи “eDonish” пайваст шуданд

Аз 1-уми сентябри имсол 187 мактаби Душанбе ба системаи “eDonish” пайваст шуда, акнун омӯзгорон баҳои толибилмонро дар журнал ва рӯзномаи электронӣ мемонанд. Бо ин вуҷуд дар чанд мактаб то ҳол журналҳои анъанавӣ (коғазӣ) истифода мешавад ва омӯзгорон ҳам дар журнали электронӣ ва ҳам журнали анъанавӣ баҳо мегузоранд. Асомиддин Бобозода, намояндаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Аз 1-уми сентябри имсол 187 мактаби Душанбе ба системаи “eDonish” пайваст шуда, акнун омӯзгорон баҳои толибилмонро дар журнал ва рӯзномаи электронӣ мемонанд.

Бо ин вуҷуд дар чанд мактаб то ҳол журналҳои анъанавӣ (коғазӣ) истифода мешавад ва омӯзгорон ҳам дар журнали электронӣ ва ҳам журнали анъанавӣ баҳо мегузоранд.

Асомиддин Бобозода, намояндаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳамаи муасисаҳои таълимии буҷетӣ ва хусусии шаҳри  Душанбе ба системаи “eDonish” пайваст шудааст.

“Ин барнома қаблан ба таври озмоиши дар 20 муассиса роҳандозӣ шуда буд. Танҳо дар муассисаҳои таълимие, ки таҷрибаашон камтар аст, ба таври муваққатӣ журнали электронӣ ва анъанавӣ истифода мешаванд. Шуруъ аз моҳи январи соли 2026 ин муассисаҳо низ пурра ба журнали электронӣ мегузаранд ва анъанавӣ аз байн меравад, – иброз дошт Асомиддин Бобозода.

Номбурда дақиқ нагуфт, ки дар чанд мактабҳои шаҳри Душанбе дар баробари журнали электронӣ ҳамчунин журнали анъанавӣ низ истифода мешавад.

 

Журнали электронӣ чӣ гуна кор мекунад?

Ба гуфтаи мақомот, баъди пайваст шудан ба системаи “eDonish”, дар ҳар як синф барои омӯзгор як компютер гузошта шудааст, ки онҳо метавонанд дар раванди дарс баҳои хонандаро дар журнали электронӣ гузоранд.

Масъулин мегӯянд, дар журнали электронӣ ҳамчунин омӯзгор метавонад баҳои гузошташударо шарҳ диҳад. Ҳангоми пур кардани он, баҳо ва вазифаи хонагӣ ба таври худкор дар рӯзномаи электронии хонанда пайдо мешавад.

Ҳамчунин Дилноза Комилзода, сармутахассиси шуъбаи татбиқи лоиҳаҳои КВД “Шаҳри ҳушманд” қаблан ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки низоми мазкур пурра автоматӣ шудааст ва пур кардани журнали электронӣ 5 дақиқа вақтро мегирад.

Аммо бархе омӯзгорон дар робита ба ин масъала гуфтанд, баҳогузорӣ дар журнали электронӣ ва ҳам анъанавӣ вақти онҳоро мегирад ва фурсат барои пурсидани хонандагон камтар боқӣ мемонад.

Бояд гуфт, ки барномаи “eDonish” соли 2021-ум муаррифӣ гардид ва дар он сол 55 мактаби миёнаи пойтахт ба барномаи мазкур ба таври озмоишӣ пайваст шуданд. То соли 2024-уми дар 150 муассисаи таълимии пойтахт низоми автоматии назорати раванди таълим тавассути барномаи электронии “eDonish” ҷорӣ карда шуд.

Ин барнома дастрасӣ ба маҷаллаи электронӣ, рӯзнома, ҷадвал, ҳузури хонандагон ва фаъолият дар дарсҳоро фароҳам меорад. Ҳамчунин тавассути “eDonish” волидайн метавонанд вақти ба мактаб омадан ва рафтани фарзандашонро пайгирӣ кунанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.