Ҷаримаи беш аз 300 ронанда дар се рӯз барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни амалиёти “Истгоҳ” дар се рӯз беш аз 300 ронандаро барои қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ҷарима бастааст. Ин амалиёт бо мақсади бартараф кардани таваққуфҳои нодуруст ва тамбашавии мошинҳо дар пойтахт ҷараён дорад. Пулиси Душанбе гуфтааст, ки ин ронандаҳо бар асоси моддаи 324-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон […]

Asia-Plus

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) дар шаҳри Душанбе дар ҷараёни амалиёти “Истгоҳ” дар се рӯз беш аз 300 ронандаро барои қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ҷарима бастааст. Ин амалиёт бо мақсади бартараф кардани таваққуфҳои нодуруст ва тамбашавии мошинҳо дар пойтахт ҷараён дорад.

Пулиси Душанбе гуфтааст, ки ин ронандаҳо бар асоси моддаи 324-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон (Риоя накардани талаботи аломатҳои роҳ, нишонаҳои роҳ ва дигар қоидаҳои ҳаракат дар роҳ), ки як нишондиҳанда (75 сомонӣ) ҷаримаро пешбинӣ мекунад, ҷазо гирифта, мошинҳояшон ба ҷаримагоҳи муваққатӣ барои 3-7 рӯз бурда шудаанд.

Бояд гуфт, ки амалиёти “Истгоҳ” дар шаҳри Душанебе аз рӯзи 1-уми сентябр оғоз шуда буд. Маълум нест, ки он то кай идома мекунад.

Пулиси пойтахт имрӯз, 4-уми сентябр, дар як гузориш сабабҳои асосии тамбашавӣ дар Душанберо ба зиёд шудани мошинҳо дар пойтахт, таъмири бархе кӯчаву хиёбонҳо ва риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз сӯи ронандаҳо, аз ҷумла, таваққуфи мошин дар қатори дуюм ва сеюми роҳ, дар гардишҳо ва дигар ҷойҳои номуайяншуда рабт додааст.

“Махсусан нақлиёти ҷамъиятӣ, ки ба кашонидани мусофирон машғуланд, дар қатори дуюму сеюми ҳаракат ва дар ҷойҳои номуайяншуда ба фаровардан ва савор кардани мусофирон машғул мебошанд, ки боиси тамбашавӣ мегардад”, – гуфта мешавад дар гузориши Раёсати ВКД дар Душанбе.

Солҳои охир дар шаҳри Душанбе тамбашавии нақлиёт зиёд ба чашм мерасад, ки боиси норозигии меҳмонон ва сокинони пойтахт шудааст. Бинобар ин мақомот тасмими сохтмони 7 эстакада ё роҳи ду ва ё сесатҳа дар Душанберо гирифта буданд.

Шаҳрдории Душанбе қаблан гуфта буд, ки барои сохтмони эстакадаҳо 58  млн доллар маблағҳои грантӣ ҷалб мешавад. Сохтмони ин роҳҳо кай оғоз мешаванд то ҳол маълум нест.

Ҳамзамон моҳи декабри соли 2024 дар шаҳри  Душанбе 17 гузаргоҳи пиёдагардро бо баҳонаи ҳалли мушкили тамбашавӣ дар роҳҳо бастанд. Раёсати ВКД он замон гуфта буд, ин гузаргоҳҳо дар масофаи наздик ба ҳам ҷойгир буда, яке аз омилҳои ба вуҷуд омадани танбашавии нақлиёт аст. Дар пайи ин иқдоми мақомот чанде аз сокинони пойтахт нигаронӣ карда гуфта буданд, ки бастани гузаргоҳи пиёдагард дар баъзе минтақаҳои шаҳр, мушкили убури роҳро ба миён меорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.