Шаҳрдории Душанбе бо ҷалби $58 млн грант 7 эстакада месозад

Барои сохтмони 7 эстакада ё роҳи ду ва ё сесатҳа дар Душанбе 58  млн доллар маблағҳои грантӣ ҷалб мешавад, хабар дод Бахтиёр Шарифӣ, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе дар нишатси матбуотии имрӯза, 25-уми июл. Ӯ мушаххас нагуфт, ки корҳои сохтмонӣ кай оғоз мешавад, вале илова кард, ки "бо дарназардошти ҷалб гардидани 58 миллион доллар маблағҳои […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Барои сохтмони 7 эстакада ё роҳи ду ва ё сесатҳа дар Душанбе 58  млн доллар маблағҳои грантӣ ҷалб мешавад, хабар дод Бахтиёр Шарифӣ, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе дар нишатси матбуотии имрӯза, 25-уми июл.

Ӯ мушаххас нагуфт, ки корҳои сохтмонӣ кай оғоз мешавад, вале илова кард, ки "бо дарназардошти ҷалб гардидани 58 миллион доллар маблағҳои грантӣ" корҳои сохтмонӣ оғоз мешаванд. Ҳамин тариқ, аниқ нест, ки сохтмони ин эстакадаҳо кай оғоз гардида, то кай сохта мешаванд.

 “Корҳои сохтмониро бо ҷалби мутахассисони варзидаи ҳам ҷумҳурӣ ва ҳам хориҷӣ оғоз менамоем”, – таъкид кард ӯ.

Ба иттилои Бахтиёр Шарифӣ, эстакадаҳо дар мавзеъҳои зерин бунёд мешаванд:

– буриши кӯчаи Шерализода ва хиёбони Ҳофизи Шерозӣ;

– буриши хиёбонҳои Ҳофизи Шерозӣ ва Саъдии Шерозӣ бо кӯчаи Қаҳҳоров;

– буриши кӯчаи Назаршоев ва Айнӣ бо Хиёбони Саъдии Шерозӣ;

– буриши Хиёбони Саъдии Шерозӣ бо кӯчаи Неъмат Қаробоев;

– буриши кӯчаҳои Қаҳҳоров бо Абай;

– буриши кӯчаи Қаҳҳоров бо Хиёбони Абдураҳмони Ҷомӣ;

– буриши кӯчаи Қаҳҳоров бо кӯчаи Ҷанубӣ.

Ёдрас мешавем, ки дар нишасти қаблӣ шаҳрдорӣ аз оғози бунёди ду эстакада дар соли 2025 иттилоъ дода буд.

Гуфта мешуд, ки яке дар маҳаллаи Сирки давлатӣ, дигар дар минтақаи маъруф ба “Мясокомбинат” ва севвумӣ дар маҳалли махруф ба “Танк” оғоз мешавад. Аммо Бахтиёр Шарифӣ, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе таъкид карда буд, ки пеш аз оғози сохтмон бояд чанд мушкили асосӣ, аз ҷумла тамбашавии нақлиёт бояд ҳалли худро ёбад.

Ӯ бунёди роҳҳои алтернативиро пеш аз шурӯи сохтмони эстакадаҳо муҳим арзёбӣ кард.

Он замон гутфа мешуд, ки корҳои омодагӣ ба итмом расидааст ва сохтмон баъд аз 3-4 моҳ шуруъ мешавад. Аммо то ҳол бунёди эстакадаҳо оғоз нагардидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.