Имсол дар Душанбе сохтмони ду эстакада оғоз мешавад

Дар Душанбе имсол сохтмони ду эстакада, яке дар маҳаллаи сирки давлатӣ ва дигар дар минтақаи маъруф ба “Мясокомбинат”, оғоз мешавад. Дар ин бора дирӯз, 10-уми феврали соли 2025, зимни нишасти хабарии шаҳрдории Душанбе иттилоъ дода шуд. Ба гуфтаи Бахтиёр Шарифӣ, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе, пеш аз оғози сохтмон бояд чанд мушкили асосӣ, аз ҷумла […]

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

Дар Душанбе имсол сохтмони ду эстакада, яке дар маҳаллаи сирки давлатӣ ва дигар дар минтақаи маъруф ба “Мясокомбинат”, оғоз мешавад. Дар ин бора дирӯз, 10-уми феврали соли 2025, зимни нишасти хабарии шаҳрдории Душанбе иттилоъ дода шуд.

Ба гуфтаи Бахтиёр Шарифӣ, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе, пеш аз оғози сохтмон бояд чанд мушкили асосӣ, аз ҷумла тамбашавии нақлиёт бояд ҳал шавад. Ӯ зикр кард, ки пеш аз шуруъи корҳои сохтмонӣ роҳҳои алтернативӣ бояд фароҳам шаванд.

“Бе сохтмони роҳҳои алтернативӣ мо ба тамбашавӣ ва бозисти ҳаракат рӯбарӯ мешавем”, – гуфт ӯ.

 

Ғайр аз ин, Муҳаммадюсуф Раҳимзода, роҳбари Раёсати сохтмони роҳҳои шаҳрдорӣ иттилоъ дод, ки “Лоиҳаи сохтмони эстакадаи дусатҳа дар хиёбони С.Шерозӣ (аз хиёбони Ҳ. Шерозӣ то буриши кӯчаи А.Қаҳҳоров)” бо ҷалби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд таҳия шудааст.

“Корҳои омодагӣ аллакай ба итмом расидаанд, сохтмон баъд аз 3-4 моҳ шуруъ мешавад”, – гуфт Раҳимзода.

 

Дар баробари ин , лоиҳакашии эстакадаи дусатҳа дар буриши кӯчаҳои Абай ва А. Қаҳҳоров дар маҳаллаи маъруф ба “Мясокомбинат” идома дорад. Дар доираи ин лоиҳа, шаҳрдорӣ бо як ширкати чинӣ созишнома бастааст ва он ба наздикӣ корҳои омодагиро дар ин минтақа оғоз мекунад.

Дар ин минтақа сохтмони 5 иншооти инфрасохтори нақлиётӣ дар назар аст. Онҳо дар буриши кӯчаҳои Соҳилӣ ва Ҷанубӣ бо сохтмони пул аз дарёи Душанбе, дар буриши кӯчаҳои А. Ҷомӣ ва А. Қаҳҳоров, Абай ва А. Қаҳҳоров, Саъдӣ Шерозӣ ва Ҳафизи Шерозӣ ва буриши кӯчаҳои Ҳабибулло Назаров ва Шерализода сохта мешаванд.

Бояд гуфт, ки созишнома оид ба маблағгузорӣ бо БАТР ҳанӯз моҳи апрели соли 2024 ба имзо расида буд. Он вақт гуфта мешуд, ки ҳаҷми қарз 28,45 млн евроро ташкил мекунад.

Дар доираи ин лоиҳа баланд бардоштани самаранокӣ ва беҳтар намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, паст намудани ҳолатҳои тамбашавӣ ва таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.