Раиси “Барқи тоҷик” тасдиқ кард, ки баланд бардоштани нархи барқро пешниҳод намудааст

Ширкати “Барқи тоҷик” тасдиқ кард, ки боло бурдани нархи истифодаи барқ дар кишварро пешниҳод кардааст. Бори аввал дар бораи пешниҳоди боло бурдани нархи истифодаи барқ аз сӯйи “Барқи тоҷик” ва ирсоли ин пешниҳод ба ҳукумат дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ иттилоъ дода буданд. Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи 11-уми феврал, зимни нишасти хабарӣ тасдиқ кард, […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Ширкати “Барқи тоҷик” тасдиқ кард, ки боло бурдани нархи истифодаи барқ дар кишварро пешниҳод кардааст. Бори аввал дар бораи пешниҳоди боло бурдани нархи истифодаи барқ аз сӯйи “Барқи тоҷик” ва ирсоли ин пешниҳод ба ҳукумат дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ иттилоъ дода буданд.

Маҳмадумар Асозода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи 11-уми феврал, зимни нишасти хабарӣ тасдиқ кард, ки ба мақомоти дахлдор пешниҳод кардааст, то арзиши истифодаи барқ дар Тоҷикистон боло бурда мешавад. Ӯ гуфт, ин пешниҳод ҳоло дар баррасии ҳукумати кишвар қарор дорад.

Раиси ширкати “Барқи тоҷик” дар бораи аз кай ва чӣ қадар баланд шудани нархи барқ посухи мушаххас надод ва танҳо гуфт, ки ин дар салоҳияти ҳукумати кишвар мебошад.

 

Қаблан Сафаралӣ Қурбонзода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ рӯзи 5-уми феврал, зимни нишасти хабарӣ гуфта буд, ки ҳоло қарори дахлдор дар хусуси боло бурдани нархи барқ ба тасвиб нарасидааст.

Ӯ гуфт, ки “чӣ қадар баланд шудани арзиши нерӯи барқ низ маълум нест ва танҳо пас аз ҳисоб кардани хидматрасониҳои истеҳсол, интиқол ва тақсимоти барқ маълум мешавад”.

Ба гуфтаи Қурбонзода, тибқи созишномаву ҳуҷҷатҳои аз ҷониби ташкилоту ниҳодҳои масъул мувофиқагардида, ҳоҷати баландшавии таърифаҳои нерӯи барқ ҳар сол муайян шудааст.

Ҳамчунин, ҳоло маълум нест, ки таърифаҳои барқ барои ҳамаи истифодабарандагони нерӯи барқ дар кишвар баланд мешавад ва ё танҳо барои аҳолӣ ё истифодабарандагони алоҳида.

Бояд гуфт, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон таърофаҳои нерӯи барқ аз ҷониби ҳукумати кишвар тасдиқ мешавад.

Бори охир 1-уми январи соли 2024 нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон ба андозаи 16% – аз 26,51 дирам барои 1 киловатт-соат то 30,75 дирам боло рафта буд.

Ҳоло барои истифодаи барқ дар Тоҷикистон кӣ ва чӣ қадар маблағ месупорад, инҷо хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио