Дар Душанбе панҷараи тирезаҳоро мекананд. Сармеъмори пойтахт шарҳ дод

Панҷараи тирезаҳои ҳамаи биноҳои Душанберо мекананд. Чунки “панҷараҳо ҳусни шарҳрро коста мегардонанд ва ба меъёрҳои меъмории муосир ҷавобгӯ нестанд”. Ин нуктаро Самӣ Азизиён, сармеъмори пойтахт дирӯз, 10 феврал зимни нишасти хабарии шаҳрдории пойтахт зир кард.  Ӯ дар шарҳи ин тасмим гуфт, дар ин бора 31-уми декабри соли 2024 қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе қабул […]

Меҳрангез Султонзода Asia-Plus

Панҷараи тирезаҳои ҳамаи биноҳои Душанберо мекананд. Чунки “панҷараҳо ҳусни шарҳрро коста мегардонанд ва ба меъёрҳои меъмории муосир ҷавобгӯ нестанд”. Ин нуктаро Самӣ Азизиён, сармеъмори пойтахт дирӯз, 10 феврал зимни нишасти хабарии шаҳрдории пойтахт зир кард. 

Ӯ дар шарҳи ин тасмим гуфт, дар ин бора 31-уми декабри соли 2024 қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе қабул шуда, аз 2 январи соли равон он ба ҳукми иҷро даромад.

Самӣ Азизиён гуфт, аллакай, то имрӯз “тақрибан 1000 панҷара ва балконҳои худсохт, ки намои зоҳирии биноҳоро коста мегардонданд, бартараф шуданд”. 

Тибқи иттилои сармеъмор, панҷараҳо дар кӯчаҳои С.Айнӣ, А. Дониш ва хиёбони Рӯдакӣ пурра баратараф шудаанд. Ҳоло кандани панҷараҳо дар биноҳои маҳаллаи 82 идома дорад.

Самӣ Азизиён гуфт, дар ояндаи наздик панҷараҳои тамоми биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии пойтахт канда мешаванд. Панҷараҳо пурра аз ҳисоби ҳукумати шаҳр канда мешаванд..

Ҳамчун роҳи алтернативӣ дар шаҳрдорӣ ба сокинон ба тиреза часпонидани турҳоро пешниҳод карданд. Вале то куҷо ин тадбир аз ҳолатҳои нохуш эмин нигоҳ дошта метавонад, дар шаҳрдорӣ шарҳ надоданд.

Аслан, панҷараҳо дар ошёнаҳои поёнӣ ҳамчун ҳимоя аз ғоратгарон ва дар ошёнаҳои болоӣ барои бехатарии кӯдакони хурдсол часпонида мешавад 

Дар ҳамин ҳол, хабари кандани панҷараҳо аз тирезаҳои биноҳои истиқоматӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдро ба бор овард. Аксари истифодабарандагон аз амнияти кӯдакони хурдсол ва хатари дуздону ғоратгарон нигаронанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст