Муовинони вазирони адлия, тандурустӣ ва кишоварзӣ нав шуданд. Кӣ аз вазифа рафт ва кӣ мансаби нав гирифт?

Имрӯз, 25-уми июл дар пайи як тағйироти кадрӣ ду муовини вазири тандурустӣ ба нафақа гусел крада шуда, ба ҷои онҳо нафарони нав таъин шуданд. Ҳамчунин, муовини вазрони адлияву кишоварзӣ ва чанд ниҳоди дигари низ иваз шуданд. Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарори ҳукумат Ғафур Муҳсинзода ва Шодихони Ҷамшед, муовини аввал ва муовини вазири […]

Asia-Plus

Имрӯз, 25-уми июл дар пайи як тағйироти кадрӣ ду муовини вазири тандурустӣ ба нафақа гусел крада шуда, ба ҷои онҳо нафарони нав таъин шуданд. Ҳамчунин, муовини вазрони адлияву кишоварзӣ ва чанд ниҳоди дигари низ иваз шуданд.

Ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарори ҳукумат Ғафур Муҳсинзода ва Шодихони Ҷамшед, муовини аввал ва муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифа озод шуданд.

Шодихони Ҷамшед аз мансабдорони саршинос ба ҳисоб мерафт. Ӯ солҳои 2013 – 2018 раиси ВМКБ буд. Қаблан вакил ва ҳатто муовини раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуда буд. Ӯ аз ҷарроҳони саршиноси тоҷик дониста мешавад.

Ба ҷои онҳо, Саломиддин Юсуфӣ – муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Ҳабибулло Хайруллозода – муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъйин гардиданд.

Саломиддин Юсуфӣ то кунун сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми вазорат буд. Ҳабибулло Хайруллозода то имрӯз дар вазифаи сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд кор мекард.

Зафар Сафарализода, ки қаблан муовини сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президент буд, бо қарори ҳукумат ба курсии муовини вазири адлия такя зад. Моҳия январ Шараф Каримзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин вазифа озод шуда буд.

Сафаралӣ Назарзода курсии муовини вазири кишварзӣ такя зад. Гуфта мешавад, ки Сафаралӣ Назарзода то кунун сардори муассисаи “Трести чарогоҳу мелиоративӣ”-и қисми таркибии Вазорати кишоварзӣ будааст.

Дар қарорҳои ҳукумат имрӯз аз мансаб рафтани ягон муовини вазири кишоварзӣ зикр нашудааст, вале аз Вазорати кишварзӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки аз ин вазифа Машокир Назарзода ба нафақа баромад.

Бо амри президент, Фирдавс Абдуллозода муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ таъин шуд. То кунун дар ин курсӣ касе фаъолият намекард.

Меҳроб Муминзода ва Беҳруз Ҳасанзода ҳам муовини якум ва муовини директори Агентии назорати давлатии энергетикӣ таъйин шуданд. Ин Агентӣ ниҳоди нав аст ва бори аввал мансабдорони он таъйин мешаванд.

Баъди қариб се сол Қосими Охун муовини сардори Саридораи бойгонӣ таъйин гардид. Бори охир моҳи августи соли 2022 бо қароре Абдулло Маъруф Баҳрӣ аз ин вазифа озод шуда буд.

Ҳамин тавр, Зайниддинзода Фарух муовини якуми директор – сармуҳандиси МД “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” таъйин шуд. Ҷамшед Шафизода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз ин вазифа рафт.

Хадамоти матбуотии президент менависад, ки кадрҳои навтаъинро Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 25-уми июл ба ҳузур пазируфта зимни суҳбат онҳоро “ба кори софдилонаю содиқона ба нафъи давлат ва мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла дар самтҳои хизматрасониҳои босифати тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини амнияти ғизоии кишвар, истифодаи босамару беталафи обу неруи барқ, баҳрабардорӣ аз дастовардҳои навтарини илму техника ва зеҳни сунъӣ дар идораи корҳо ҳидоят” кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.