Дар назди биноҳои баландошёна ва вазорату идораҳо дар Душанбе таваққуфгоҳҳои чандқабата сохта мешавад

Дар шаҳри Душанбе сохтмони таваққуфгоҳҳои бисёрошёна дар назди биноҳои баландошёна ва вазорату идораҳо ба нақша гирифта шудааст, ки ба боварӣ масъулин ба ҳалли танбашавии нақлиёт дар роҳҳо мусоидат мекунад. Бахтиёр Шарифӣ, муовини раиси пойтахт зимни нишасти матбуотии имрӯза гуфт, ки бунёди чунин таваққуфгоҳҳо вазъияти марбут ба бозистии нақлиёт дар шаҳрро ба таври назаррас беҳтар мекунад, зеро онҳо […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе сохтмони таваққуфгоҳҳои бисёрошёна дар назди биноҳои баландошёна ва вазорату идораҳо ба нақша гирифта шудааст, ки ба боварӣ масъулин ба ҳалли танбашавии нақлиёт дар роҳҳо мусоидат мекунад.

Бахтиёр Шарифӣ, муовини раиси пойтахт зимни нишасти матбуотии имрӯза гуфт, ки бунёди чунин таваққуфгоҳҳо вазъияти марбут ба бозистии нақлиёт дар шаҳрро ба таври назаррас беҳтар мекунад, зеро онҳо дар нуқтаҳои калидӣ бо шумули мавзеъҳои сермошин сохта мешаванд.

“Таваққуфгоҳҳо бояд на танҳо дар назди бозору марказҳои савдо, балки дар паҳлӯи биноҳои бисёрошёна, вазорату идораҳо ҳам сохта шаванд, – Ин ҷиҳати таъмини мусоиду бароҳати дастрасӣ ба иншооти асосии иҷтимоӣ ва маъмурӣ имкон дода, барои ронандагони мошинҳо ва пиёдагардон шароити хуб фароҳам меорад”,-  иброз дошт ӯ.

Бахтиёр Шарифӣ ба таври мисол аз таваққуфгоҳи назди бозори “Корвон” мисол овард, ки аз 6-ошёна иборат буда, барои 1000 мошин пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи муовини раиси шаҳр, тасмим гирифта шудааст, ки дар ин минтақа боз як таваққуфгоҳи ба ин монанд сохта шавад.

Ёдрас мекунем, ки дар бораи сохтмони се таваққуфгоҳ барои мошинҳо ҳанӯз соли гузашта зимни нишасти матбуотӣ хабар дода шуда буд.

 

Сохтмони таваққуфгоҳҳои шахсӣ дар назди биноҳо манъ аст

Дар посух ба саволи рӯзноманигори “Азия-Плюс” дар мавриди бунёди таваққуфгоҳҳои шахсӣ  дар назди биноҳои истиқоматӣ, Бахтиёр Шарифӣ гуфт, ки ҳеҷ касе ҳуқуқ надорад, ки барои таваққуфгоҳ ҷойи алоҳида ҷудо карда, дастрасии дигар сокинонро маҳдуд ва ҷиҳати баа таваққуфгоҳ гузоштани мошини онҳо монеъа эҷод созад.

“Шаҳрдории Душанбе ба касе ҳақ намедиҳад, ки барои истифодаи шахсӣ барои худашон ҷой гиранд ва дар сурати ба миён омадани чунин ҳолатҳо, мақомоти давлатӣ оид ба бартараф сохтани ин мушкилот тадбирҳо рӯйи даст мегирад. Як муроҷиати шаҳрванд тариқи сомона ё телефон кофист, ки вазъият бидуни пайдо шудани мушкилоти иловагӣ ҳаллу фасл шавад”,- илова намуд муовини раиси шаҳр.

Муовини Рустами Эмомалӣ гуфт, ки тибқи дастури раиси шаҳри Душанбе, дар ҳамаи биноҳои истиқоматии бисёрошёна барои таваққуфгоҳи мошинҳо ҷойҳо пешбинӣ шудааст. Вале "бархе аз соҳибкорон бидуни назардошти қонунгузории амалкунанда, инчунин бе мувофиқа бо мақомоти дахлдор дар таваққуфгоҳҳо нуқтаҳои мошиншӯйӣ ва таъмир бунёд кардаанд, ки онҳо комилан барҳам дода шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.