Шаҳрдории Душанбе: Сохтмони се таваққуфгоҳ идома дорад

Дар Душанбе сохтмони се таваққуфгоҳи мошинҳо идома дорад. Дар ин бора рӯзи 26 июл дар нишасти матбуотии шаҳрдории Душанбе хабар доданд. “Дар ҳоли ҳозир дар маҳаллаи бозори “Корвон” (ноҳияи Фирдавсӣ) таваққуфгоҳ барои 1000 мошин сохта шуда истодааст”, – гуфтанд дар шаҳрдорӣ. Дар нишаст зикр гардид, ки ҳамчунин дар маркази шаҳр дар кӯчаҳои Айнӣ ва Бохтар […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Дар Душанбе сохтмони се таваққуфгоҳи мошинҳо идома дорад. Дар ин бора рӯзи 26 июл дар нишасти матбуотии шаҳрдории Душанбе хабар доданд.

“Дар ҳоли ҳозир дар маҳаллаи бозори “Корвон” (ноҳияи Фирдавсӣ) таваққуфгоҳ барои 1000 мошин сохта шуда истодааст”, – гуфтанд дар шаҳрдорӣ.

Дар нишаст зикр гардид, ки ҳамчунин дар маркази шаҳр дар кӯчаҳои Айнӣ ва Бохтар сохтани таваққуфгоҳҳо дар назар аст.

Аммо дақиқ нагуфтанд, ки ин тарҳҳо кай ба анҷом мерасанд.

Илова бар ин, дар ҳукумати шаҳр иттилоъ доданд, ки дар оянда тасмими бунёди чанд таваққуфгоҳи калонро доранд.

Қаблан, соли 2020 Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд” эълон карда буд, ки тибқи нақшаи генералӣ дар маркази шаҳр ва назди марказҳои савдо таваққуфгоҳҳои бисёрошёна бунёд карда мешавад.

Аммо то имрӯз чунин лоиҳаҳо дар марҳилаи тарҳрезӣ боқӣ мондаанд, ба истиснои бозори “Корвон”, ки дар он ҷо соли 2021 таваққуфгоҳи 6-ошёна бо 448 ҷой сохта, ба истифода дода шуд.

Мушкили нарасидани таваққуфгоҳҳо дар шаҳр торафт мубрам мегардад. Набудани таваққуфгоҳи мошинҳо дар биноҳои маъмурӣ, марказҳои савдо ва маҳаллаҳои истиқоматӣ боиси тамбашавии мошинҳо гашта, ҳаракат дар роҳро мушкил мегардонад. Дар шаҳр бештар таваққуфгоҳҳои бисёрошёна намерасанд.

Бояд гуфт, ки дар зери аксари биноҳои нав таваққуфгоҳҳо мавҷуданд, аммо онҳо холӣ ҳастанд, зеро арзиши як таваққуфгоҳ аз 7000 то 10000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки хеле гарон ва барои аксари сокинон дастнорас аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.