Хонандаи мактаб бояд чӣ гуна ҷузвдон ва пойафзол дошта бошад? Вазорати маориф ва илм посух дод

Чанд рӯзи охир корбарони саҳифаҳои “Азия-Плюс” зиёд савол медиҳанд, ки барои хонандагони мактаб доштани чӣ навъи ҷузвдон ва пойафзол тавсия шудааст. Барои посух ба ин савол ба Вазорати маориф ва илм муроҷиат кардем. Дар Вазорати маориф ва илм ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар мавриди рангу намуд ва ҳаҷми ҷузвдони мактабӣ, ҳамчунин, пояфзоли хонадагони мактаб ягон […]

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Чанд рӯзи охир корбарони саҳифаҳои “Азия-Плюс” зиёд савол медиҳанд, ки барои хонандагони мактаб доштани чӣ навъи ҷузвдон ва пойафзол тавсия шудааст. Барои посух ба ин савол ба Вазорати маориф ва илм муроҷиат кардем.

Дар Вазорати маориф ва илм ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар мавриди рангу намуд ва ҳаҷми ҷузвдони мактабӣ, ҳамчунин, пояфзоли хонадагони мактаб ягон хел тавсия ё дастурамале муайян нашудааст.

“Лекин ҷузвдон бояд ҳамон қадаре бошад, ки китобу дафтари дарсиии хонандагон дар он ғунҷад”, – гуфтанд аз вазорат.

Тибқи иттилои манбаъ, аз ҷониби вазорат танҳо дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии умумӣ ва олии кишвар таҳия шудааст, ки  хонандагон ва донишҷӯёну омӯзгорон метавонанд аз он истифода кунанд.

Дар ин ниҳод таъкид карданд, ки намунаи ин дастурамал дар назди тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олии кишвар насб шудааст.

Ёдрас мешавем, ки ҳанӯз моҳи августи соли 2017 Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишварро таҳия ва нашр карда буд.

Мувофиқи тавсияҳои ин дастурамал, ба духтарон дар мактаб пӯшидани ҳиҷоб, либоси нимбараҳна, шимҳои шикофу дарида, дар гӯш овехтани беш аз як гӯшвор ва рангу бори беш аз ҳадди сару рӯ манъ шуда буд.

Ҳамчунин, мувофиқи ин дастурамал, ба писарон бо мӯйи дароз, риш, нохуни расида ва бо ангуштариву занҷиру дастпонаву гӯшвор ба дарс омадан манъ шуда, ба пӯшидани шими ҷинсу велвет танҳо дар мавсими сармо иҷозат дода мешавад. Ба писарон ҳамчунин пӯшидани сарулибос аз матои синтетикӣ низ тавсия дода нашудааст.

Дастурамал ба духтарон бо рӯймоли миллӣ ва тоқӣ дар дарс нишастанро иҷозат медиҳад. Дар ин санад ба духтарон пӯшидани либоси нимбараҳна, даридаву шикофтаи мӯдшуда, либос бо навиштаҳои таблиғотӣ ё парчами кишварҳои дигар иҷозат дода нашудааст.

Вазорат дар ин дастурамал ҳамчунин ба толибилмони мактаб тавсия додааст, ки бо либосҳои варзишӣ (ба истиснои дарси тарбияи ҷисмонӣ ва рӯзҳои шанбегӣ) ба дарс наоянд.

Зикр гардидааст, ки дар рӯзҳои иду ҷашн ба толибилмон ҳатман ба бар кардани сарулибоси протоколӣ – барои писарон: шиму костюми сиёҳ, кабуди торик, куртаи сафед, галстукҳои созмонҳои хонандагон (синфҳои 5-9), галстуки сиёҳ (синфҳои 10-11) туфлии сиёҳ ё ҷигарӣ тавсия дода шудааст.

Дар ин рӯзҳо ба духтарон домани сиёҳу ҷигарии аз зону поён, куртаи остиндор ва остинкӯтоҳи сафед, галстук, костюм, шиму костюм, туфлии пасту баланди сиёҳу ҷигарӣ тавсия дода шуда, зикр мегардад, ки духтарон метавонанд либоси аз матои пахтагини якранг бо поҷома, рӯймоли миллӣ (ихтиёрӣ) пӯшанд ва пойафзоли пасту баланд ҳатман сиёҳ ва ё ҷигарӣ бояд бошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио