Оҷонсии зиддифасод сардори Раёсати Агентии меҳнат дар шаҳри Ваҳдатро ба дуздии қариб 200 ҳазор сомонӣ гумонбар донист

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон алайҳи сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Ваҳдат ва роҳбари як ҷамъияти хусусӣ барои дуздии қариб 200 ҳазор сомонӣ пули буҷет, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин ниҳод аз сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Идиев А.Ҳ ном бурда, гуфтааст, ки номбурда аз 20-уми июни соли 2023 дар ин вазифа […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон алайҳи сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар Ваҳдат ва роҳбари як ҷамъияти хусусӣ барои дуздии қариб 200 ҳазор сомонӣ пули буҷет, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ин ниҳод аз сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Идиев А.Ҳ ном бурда, гуфтааст, ки номбурда аз 20-уми июни соли 2023 дар ин вазифа кор мекард.

Манбаъ гуфт, Идиев А.Ҳ. бо Гадоева И.Н, роҳбари ҶДММ “Ясир Инкишоф”, дар солҳои 2023–2024 “барои ҷалби шаҳрвандони бекор ба корҳои ҷамъиятӣ дар ҳудуди ин шаҳр дар чанд ҳолат ба суратҳисоби ҷамъияти зикршуда қариб 200 ҳазор сомонӣ гузаронида, ба воситаи Гадоева И.Н ин пулро нақдӣ карда гирифтааст”.

“Идиев А.Ҳ. ва Гадоева И.Н. маблағи зикршударо аз рӯи таъиноташ истифода набурда, бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ҳолати гӯё пардохт шудани 199900 сомониро ба шаҳрвандон барои ҷалб шуданашон ба корҳои ҷамъиятӣ вонамуд сохта, дар асл маблағи зикршударо бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиашон сарф карданд”,-навиштааст Оҷонсӣ.

Оҷонсии зиддифасод гуфтааст, ки алайҳи Идиев ва Гадоева бо иттиҳоми “азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон” (моддаи 245 қисми 4 банди “б” КҶ) ва  “сохтакории хизматӣ” (моддаи 323 КҶ) парвандаи боз гардида,барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.

Бар асоси ин ду иттиҳом ба гумонбарон ҷарима ё аз 10 то 15 соли зиндон ҷазо таҳдид мекунад.

Ба гуфтаи манбаъ зарар пурра ба буҷаи давлат баргардонида шудааст. Дар ҳамин ҳол маълум нест, ки гумонбарон боздошт шудаанд, ё не. Ҳамчунин, назари худи онҳо дар робита ба ин қазия дастрас нест. Маълум нест, ки онҳо чӣ ҷазо гирифтанд.

Фасод аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад ва солона даҳҳо корманди давлатӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мизи ҳарбӣ ва заминсозӣ бо ҷурми гирифтани пора дастгир ва ҳабс мешаванд.

Ба иттилои Оҷонсии зиддифасод дар шаш моҳи аввали соли равон 1 ҳазору 245 ҷинояти корупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаро, ки аз ҷониби 710 нафар содир гардидааст, ошкор кардааст. Вобаста ба ин, 571 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 528 нафар боз шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.

Бояд гуфт, ки тибқи гузориши Созмони байнулмилалии Transparency International (Шаффофияти Байнулмилал) дар бораи вазъи марбут ба фасод дар ҷаҳон Тоҷикистон дар ин шохис (индекс)-и нави дарки (қабули) “коррупсия” бо 20 имтиёз байни 180 кишвар зинаи 162-юмро ишғол кардааст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио