Аз ҳукуматҳои маҳаллӣ то мақомоти корҳои дохилӣ. Оҷонсии зиддифасод соҳаҳои фасодзадаро эълон кард

Дар Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон, ҷиноятҳои коррупсионӣ бештар дар ҳукуматҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо ошкор шудааст. Дар ним сол дар ин ниҳодҳо 183 ҷиноят ошкор шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум (151 ҷиноят) 32 ҳолат бештар аст. Дар ин бора Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии зиддифасод рӯзи 8-уми август дар нишасти хабарӣ иттилоъ […]

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон, ҷиноятҳои коррупсионӣ бештар дар ҳукуматҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳо ошкор шудааст. Дар ним сол дар ин ниҳодҳо 183 ҷиноят ошкор шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум (151 ҷиноят) 32 ҳолат бештар аст. Дар ин бора Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсии зиддифасод рӯзи 8-уми август дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба иттилои ӯ, дар мавқеи дуввум, соҳаи тандурустӣ қарор дорад, ки дар ин бахш низ шумори ҷиноят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфтааст. Давоми ним сол дар ин соҳа 103 ҷиноят ошкор шудааст (соли 2024-74 ҷиноят), ки нисбат ба соли гузашта 29 ҳолат зиёд аст.

Дар дигар соҳа ва сохторҳои давлатӣ омори ҷиноятҳои ошкоршуда чунин аст:

– кумитаҳои замин ва геодезӣ 58 ҷиноят;

– маориф ва илм 49 ҷиноят (6 моҳи соли 2024-100 ҷиноят);

– мақомоти корҳои дохилӣ 48 ҷиноят (6 моҳи соли 2024-39 ҷиноят);

– дар ҶСК “Барқи тоҷик”, ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” 39 ҷиноят (6 моҳи соли 2024-80 ҷиноят);

– бонкҳои давлатию тиҷоратӣ 30 ҷиноят;

 – дар сохторҳои Вазорати кишоварзӣ 24 ҷиноят (6 моҳи соли 2024-50 ҷиноят);

– Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 12 ҷиноят (6 моҳи соли 2024-10 ҷиноят);

– Вазорати мудофиа 12 ҷиноят (6 моҳи соли 2024-70 ҷиноят);

– мақомоти судӣ 8 ҷиноят (6 моҳи соли 2024-15 ҷиноят) ошкор шудааст;

– Кумитаи ҳифзи муҳити зист 7 ҷиноят;

– дигар идораю корхонаҳои давлатӣ, субъектҳои хоҷагидории ғайридавлатӣ, соҳибкорон ва шаҳрвандон 665 ҷиноят.

 

Беш 700 нафар ҷиноятҳои коррупсионӣ содир кардаанд

Дар ин давра Оҷонсии зиддифасод 1 ҳазору 245 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаро, ки аз ҷониби 710 нафар содир гардидааст, ошкор кардааст.

“Аз ин ҳисоб, 442 ҷинояти коррупсионӣ, 603 ҷинояти иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва 200 ҷиноят бо дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ мебошад. Вобаста ба ин, 571 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 528 нафар баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол шудааст”,-гуфт Сулаймон Султонзода.

 

Чӣ қадар зарар ошкор ва нисбати чанд нафар парванда боз шуд?

Сулаймон Султонзода гуфт, ки дар ним сол аз сӯи Агентӣ дар натиҷаи 246 санҷиш 624,1 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуда, бо иловаи аз рӯёнидани бақояпулиҳои андоз ва маблағҳои ошкоршудаи солҳои қаблӣ 637 млн сомонӣ ба манфиати давлат рӯёнида шудааст.

Масъулини Оҷонсии зиддифасод мегӯянд, ҳаҷми зарари ошкоршуда дар шаш моҳи соли 2025, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум, 373 млн сомонӣ ва барқарорнамоии он 380,8 млн сомонӣ бештар будааст.

“Зарари молиявӣ аз ҳисоби хароҷоти ғайриқонунии пулӣ 18,8 млн сомонӣ, камомад ва тасарруф 401 млн сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмири сохтмонӣ 104 млн сомонӣ, фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 1,3 млн сомонӣ, талаи воситаҳои пулию молӣ 46 млн сомонӣ, маблағи камҳисобшудаи андоз 53 млн сомонӣ ошкор шуд”, – гуфт роҳбари Оҷонсии зиддифасод.

Ба иттилои номбурда, зарари молиявии калонтар дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ошкор шудааст, ки 1,2 млрд сомониро ташкил медиҳад. Ҳоло роҳбари пешини фурудугоҳ ва чанде аз кормандони собиқи он дар боздошт қарор доранд.

Ӯ гуфт, дар ин давра 63 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 76 нафар ифтитоҳ гардида, 15 нафари дар самти молиявӣ масъул аз вазифа барканор ва нисбати 465 кас ҷазои интизомӣ татбиқ шудааст.

 

Фасод аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон

Ёдовар мешавем, ки Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳар сол рӯйхати ниҳодҳоеро нашр мекунад, ки кормандони он бештар аз ҳама даст ба фасод задаанд. Дар солҳои гуногун ин рӯйхат фарқ мекунад, аммо соҳаи маорифу илм ва тандурустӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ҳамеша дар ин рӯйхат ҳастанд.

Фасод аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон гуфта мешавад ва солона даҳҳо корманди давлатӣ бо ҷурми гирифтани пора дастгир мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон дар индекси нави дарки (қабули) фасоди Созмони байнулмилалии шаффофияти байнулмилал (Transparency International) дар соли 2024  бо 19 имтиёз байни 180 кишвар зинаи 164-умро ишғол кард

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.