Як кушта ва чор захмӣ. Даргирӣ ва музокира миёни марзбонҳои Тоҷикистон ва намояндаҳои гурӯҳи “Толибон”

Расонаҳои афғонистонӣ аз даргирӣ миёни марзбонҳои тоҷик ва ҷангҷӯёни гурӯҳи “Толибон” дар Афғонистон дар рӯзи 24-уми августи соли равон хабар дода, гуфтаанд, ки дар пайи он як намояндаи “Толибон”* кушта ва чор тани дигар захмӣ шудаанд. Бино ба гузоришҳо, пас аз ин муноқиша сарҳадбонони ду кишвар бо ҳам вохӯрда, баъзе гувумагуҳо доштанд. Хабаргузории афғонистонии “Шоно” […]

Asia-Plus

Расонаҳои афғонистонӣ аз даргирӣ миёни марзбонҳои тоҷик ва ҷангҷӯёни гурӯҳи “Толибон” дар Афғонистон дар рӯзи 24-уми августи соли равон хабар дода, гуфтаанд, ки дар пайи он як намояндаи “Толибон”* кушта ва чор тани дигар захмӣ шудаанд. Бино ба гузоришҳо, пас аз ин муноқиша сарҳадбонони ду кишвар бо ҳам вохӯрда, баъзе гувумагуҳо доштанд.

Хабаргузории афғонистонии “Шоно” навишт, ки даргирӣ дар минтақаи марзии Дованг дар вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст, рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, сабаби аслии муноқиша пешравии ширкатҳои истихроҷи чинӣ ва тахриби маҷрои дарёи Панҷ аст.

“Пас аз вуруди “Толибон” ба минтақаи Дованг барои фаъолиятҳои маъданӣ, онҳо ба вокуниши шадиди марзбонҳои тоҷик рӯ ба рӯ шудаанд. Дар пайи ин даргирӣ, ки аз силоҳҳои сангин ҳам истифода шудааст, як узви Толибон кушта ва чаҳор тани дигар маҷруҳ гардидаанд”,- навиштааст ин расона.

Назари мақомоти Тоҷикистон ва гурӯҳи "Толибон" дар ин маврид дастраси расонаҳо нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории “Афғонистон интернешнл” бо нашри як навор аз вохурӣ ва гуву магӯҳои намояндагони Тоҷикистон ва гурӯҳи “Толибон“ навишт, ки марзбонҳои тоҷик бо Толибон дар минтақаи марзии Дованг дар ноҳияи Шаҳрибузурги вилояти Бадахшони Афғонистон мулоқт кардаанд.

Дар ин  вохӯрӣ, ҷонибҳо бар сари маҷрои дарёи Панҷ ва ширкатҳои маъданӣ суҳбат мекунанд. Вале дар қисмате аз он, ду тарф якдигарро ба паноҳ додани мухолифони якдигар ва омӯзиши онҳо муттаҳам мекунанд.

Манбаъ навиштааст, ки гурӯҳи “Толибон”-ро Шафиқуллоҳ Ҳафизӣ, раиси Идораи маъданҳои гурӯҳи "Толибон" дар вилояти Бадахшон намояндагӣ мекард. 

Радиои Озодӣ бо такя ба манбаъҳояш навиштааст, нафаре, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар ин навор суҳбат мекунад, сардори қисми марзбонии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аст.  

Ба гузориши расонаҳои Афғонистон, пас аз бозгашти "Толибон" ба қудрат дар Афғонистон, чанд ширкати марбут ба фармондеҳони "Толибон" дар лаби дарёи Панҷ дар Бадахшон ба истихроҷи тило ва лоҷвард машғуланд. Ҳоло чиниҳо ҳам дар баробари шаҳрвандони Афғонистон дар ин минтақа ба заршӯӣ машғуланд.

Чанде пеш Радии Озодӣ гузориш дода буд, ки гурӯҳе аз заршӯёни аз чинӣ аз сарҳади ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вориди Тоҷикистон шуда, боздошт гардидаанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чӣ дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти ҳуши маснӯии сохташуда қарор гирифт

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ниондиҳандаи баландтаринро Қазоқистон дорад

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.