“Ҳадя гирифтам, аммо надидам, ки чӣ аст”. Муфтии Тоҷикистон туҳфаи волии Балхи Афғонистонро шарҳ дод

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ва муфтии Тоҷикистон хабари тақдими китоб аз сӯйи Юсуф Вафо, волии вилояти Балхи Афғонистонро, ки расонаҳои ин кишвар интишор карданд, тасдиқ кард, аммо гуфт, то ҳол надидааст, ки он чӣ китоб аст. Дар бораи тақдими китоб аз сӯйи волии Балх ба муфтии Тоҷикистон расонаи “Afghanistan International” хабар дода, навишт, ки […]

Нозанин Исматшоҳ, Asia-Plus

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо ва муфтии Тоҷикистон хабари тақдими китоб аз сӯйи Юсуф Вафо, волии вилояти Балхи Афғонистонро, ки расонаҳои ин кишвар интишор карданд, тасдиқ кард, аммо гуфт, то ҳол надидааст, ки он чӣ китоб аст.

Дар бораи тақдими китоб аз сӯйи волии Балх ба муфтии Тоҷикистон расонаи “Afghanistan International” хабар дода, навишт, ки “Юсуф Вафо зимни сафараш ба Тоҷикистон нусхае аз қонуни амр ба маъруф, суханрониҳо ва дастурҳои роҳбари Толибонро* ба раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳадя додааст”.

Саидмукаррам Абдулқодирзода рӯзи 27-уми октябр дар сӯҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки аз Юсуф Вафо “ҳадя гирифтем, вале надидем, чӣ аст. Ҳамчун тӯҳфа гирифтам, истодааст, надидам. Як “пакет”-и майдаҳак буд, накушодам”.

Расонаҳои Афғонистон аз қавли волии Балх навиштанд, “ҳадаф аз ҳадяи ин китобҳо ба раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ин буд, ки “ҳадаф ва мафкураи моро дарк кунанд”.

Ҳамчунин, расонаҳои Афғонистон аз қавли дафтари матбуоти волии Балх навиштанд, ки “барои густариши робитаҳо Юсуф Вафо хостгорӣ рафтуомадӣ рӯҳониёни Тоҷикистон ба Афғонистон шудааст ва инчунин Тоҷикистонро даъват кардааст, ки мисли Ӯзбекистон дар сохтани мадрасаҳои динӣ ва масҷидҳо дар Афғонистон саҳм гузорад”.

Саидмукаррам Абдулқодирзода дар равобита ба ин даъвати волии Балх гуфт, ки “аз ин суҳбатҳо дарак надорад” ва илова кард, ки “Тоҷикистон дар куҷое, ки тавон дошта бошад, доим кӯмакро дареғ намедорад. Чанд бор ба зарардидагон кумак карда буданд…”.

Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои расонаҳои Афғонистон Юсуф Вафо, волӣ ё раиси вилояти Балхи Афғонистон 23-юми октябр бо Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон (КДАМ) дар Душанбе, мулоқот кардааст. Дар ин мулоқот таҳкими равобит, аз ҷумла амниятӣ ва истихборотӣ, мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ва шабакаҳои қочоқи маводир мухаддир, густариши робитаҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва илмӣ сӯҳбат шудааст.

Ба навиштаи расонаҳои Афғонистон, Юсуф Вафо пештар раиси Қандаҳор будааст ва ҳоло яке аз афроди наздики раҳбари Толибон аст. Сухангӯи волии Балх ба расонаҳои Афғонистон гуфтааст, ки Юсуф Вафо бо даъвати Тоҷикистон ба Душанбе сафар кардааст.   

Дар бораи ин мулоқот мақомоти расмии Тоҷикистон иттилоъ надодаанд. Талоши “Азия-Плюс” барои дастрас кардани тафсилоти ин мулоқот дар мақомоти Тоҷикистон бесамар буд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.