Кишоварзони тоҷик аз майдони кишти камтар, ҳосили зиёд гирифтанд

Аз моҳи январ то охири моҳи август майдони кишти сабзавот дар Тоҷикистон ҳудуди 33 ҳазор гектарро ташкил дода, аз 26 ҳазор гектари он 914 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст. Дар ин бора Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар медиҳад. Дар ин давра чунин зироатҳо ҷамъоварӣ шудааст: – пиёз 343 ҳазор тонна; – помидор 166 ҳазор тонна; – бодиринг 111 ҳазор тонна; […]

Аз моҳи январ то охири моҳи август майдони кишти сабзавот дар Тоҷикистон ҳудуди 33 ҳазор гектарро ташкил дода, аз 26 ҳазор гектари он 914 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст. Дар ин бора Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин давра чунин зироатҳо ҷамъоварӣ шудааст:

– пиёз 343 ҳазор тонна;

– помидор 166 ҳазор тонна;

– бодиринг 111 ҳазор тонна;

– сабзӣ 121 ҳазор тонна;

– дигар навъи сабзавот 125 ҳазор тонна.

Дар ҳамин ҳол, нисбат ҳашт моҳи соли гузашта, ҳосили сабзавот камтар буд: майдони кишт қариб 40 ҳазор геткар ва ҳосили умумӣ зиёда аз 1,1 млн тоннаро ташкил дода буд.

Имсол ҷамъоварии ҳосили пиёзу помидор нисбатан камтар шуда, бодиринг каме зиёд шудааст.

Соли 2025 майдон кишти картошка ҳудуди 36 ҳазор гектарро ташкил дода, аз майдони қариб 14 ҳазор гектар ҳосил ҷамъоварӣ ва 252 ҳазор тоннаро ташкил дода буд. Соли гузашта ҳосили картошка ба 280 ҳазор тонна баробар буд. Дар ҳамин ҳол, имсол кишоваазон аз ҳар як гектар ҳосили зиёдтар ба даст оварданд.

Коршиносон шарҳ медиҳанд, ки миқдори умумии ҳосил бар асари кам гардидани майдони кишт поин рафта, баланд шудани ҳосилнокӣ нишон медиҳад, ки технологияҳои муосири кишоварзӣ ва кори бештар пурсамар дар замин барои ҷуброни талафот ва гирифтани маҳсулоти зиёдтар аз майдон кам кумак мекунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон пешгӯӣ мекунад, ки то охири соли 2025 ҳосили картошка бояд ба ҳудуди 1,1 млн тонна ва сабзавот- тақрибан ба 3,29 млн тонна расад, ки ҳаҷми зиёдтараш ба пиёз – ҳудуди 867 ҳазор тонна рост меояд.

Қобили зикр аст, ки ҷамъоварии ҳосил ҳоло идома дорад. Нисбат ба соли 2024 ҳаҷми умумии ҳосили дар соли 2025 бояд 5-10% зиёдтар шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.