Президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати ҷумҳурӣ рӯзи 5 май қарори ҳукумат дар бораи муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон таъин шудани Муминзод Абдулмаҷид Мубинро ба имзо расонид.
Бино ба иттилои хадамоти матбути сарвари давлат, бо қарорҳои дигари ҳукумат Назиров Сафаралӣ Ҷорубович аз вазифаи сардори Омӯзишгоҳи олии сарҳадии Қӯшунҳои Сарҳадии КДАМ Тоҷикистон озод карда шуда, Шоҳиён Абдусаттор ба ин вазифа таъин карда шуд.



