Ҳафтаи «Поси хотир» дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Ғалаба

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, бахшида ба 71-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) дар пойтахти Тоҷикистон Ҳафтаи «Поси хотир» доир мегардад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, мутобиқи ин қарор ба Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, ки рӯзи 7 май  дар назди муҷассамаи Қаҳрамони Иттиҳоди […]



Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, бахшида ба 71-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) дар пойтахти Тоҷикистон Ҳафтаи «Поси хотир» доир мегардад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, мутобиқи ин қарор ба Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, ки рӯзи 7 май  дар назди муҷассамаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко барои поси хотири ҷанговарони интернатсионалист ҷамъомад баргузор намояд.

Гуфта мешавад, рӯзи 7 май ҳамчунин дар Боғи устод Рӯдакӣ миёни сарбозону афсарони қисмҳои низомии шаҳри Душанбе Фестивал–озмуни сурудҳои ватандӯстонаи «Суруди сарбоз» доир мегардад.

Ғайр аз ин, мувофиқи ин қарор дар шаҳри Душанбе бо собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва коргарони ақибгоҳи ҷанг як силсила вохӯриҳо гузаронида мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, Рӯзи Ғалаба – 9 май дар пойтахти Тоҷикистон баргузор кардани чорабиниҳои расмӣ ба нақша гирифта нашудааст.

Қаблан раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев пойтахт дастур дода буд, ки аз ҳисоби буҷети шаҳр ба собиқадорони ҷанги шаҳри Душанбе ба ҳар кадоме 1 ҳазору 500 сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети ноҳияҳои шаҳр боз 50 сомонӣ кумакпулӣ ҷудо карда шавад.

Ба санаи 15 апрел дар Тоҷикистон 633 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ зинда монда, давоми як сол 175 собиқадорони ҷанг аз олам даргузаштанд. Шумори коргарони ақибгоҳи ҷанг дар Тоҷикистон ҳудуди 2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Ғалаба ба ҳар кадоме аз собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва меҳнат, оилаҳои дар фронт фавтидагон ва шахсони дорои хизматҳои шоиста ба ватан 2 ҳазор сомонигӣ

кумакпулӣ ҷудо кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.