Тоҷикистонӣ будани террористони эҳтимолии дар Русия боздоштшуда рад шуд

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон маълумот доир ба гӯё боздошти 12 шаҳрванди ҷумҳурӣ дар Маскав ба гумони иштирок дар омодасозии амалҳои террористӣ дар минтақаи гирду атрофи Маскавро рад кард. Дар ин бора ба хабаргузории ТАСС муовини аввали раиси КДАМ Тоҷикистон Мансурҷон Умаров иттилоъ додааст. Ӯ маълумоти чанде аз ВАО дар бораи мансубияти миллии террористони эҳтимолии […]

ASIA-Plus



Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон маълумот доир ба гӯё боздошти 12 шаҳрванди ҷумҳурӣ дар Маскав ба гумони иштирок дар омодасозии амалҳои террористӣ дар минтақаи гирду атрофи Маскавро рад кард. Дар ин бора ба хабаргузории


ТАСС


муовини аввали раиси КДАМ Тоҷикистон Мансурҷон Умаров иттилоъ додааст.

Ӯ маълумоти чанде аз ВАО дар бораи мансубияти миллии террористони эҳтимолии аз ҷониби ҳамтоҳои русиягӣ боздоштшударо чунин шарҳ додааст: «Маълумоте мавҷуд аст, ки миёни боздоштшудагон шаҳрвандони дигар кишварҳо ҳузур доранд», – гуфтааст ӯ.

Намояндаи мақомоти амнияти Тоҷикистон изҳор доштааст, ки пас аз санҷиши дақиқ ба хулоса расидаанд, ки боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд.

Қобили зикр аст, ки рӯзи чоршанбе Хадамоти федералии амнияти Русия дар бораи боздошти шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ иттилоъ дода буд, ки «бо дастури роҳбарони созмонҳои байнулмилалии террористии дар қаламрави Сурия ва Туркия амалкунанда» дар гирду атрофи шаҳру вилояти Маскав ба омодасозии амалҳои террористӣ машғул будаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.