Убайдуллоев: Рӯзи президент мардумро атрофи Пешвои миллат муттаҳид месозад

Аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ рӯзи 5 май тағйироту илова ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро бидуни баррасӣ ва якдилона маъқул шумориданд. Раиси палатаи болоии парлумон Маҳмадсаид Убайдуллоев қайд кард, ки тағйироту иловахои тасдиқшуда ба нафъи ҷомеа ва рушди кишвар нигаронида шудаанд. «Ман муътақидам, ки ин тағйироту иловаҳо ба муттаҳид шудани мардуми Тоҷикистон атрофи Пешвои […]

Аваз Юлдошев



Аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ рӯзи 5 май тағйироту илова ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро бидуни баррасӣ ва якдилона маъқул шумориданд.

Раиси палатаи болоии парлумон Маҳмадсаид Убайдуллоев қайд кард, ки тағйироту иловахои тасдиқшуда ба нафъи ҷомеа ва рушди кишвар нигаронида шудаанд. «Ман муътақидам, ки ин тағйироту иловаҳо ба муттаҳид шудани мардуми Тоҷикистон атрофи Пешвои миллат мусоидат мекунанд», – гуфт Убайдуллоев.

Мутобиқи тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда, ки рӯзи 15 апрел палатаи поёнии парлумон қабул кард,, ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи 16 ноябр Рӯзи президент ҷашн гирифта мешавад.

Он замон раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар ин робита изҳор карда буд, ки ҷашни мазкур аз 15 ноябри соли 1994 сарчашма мегирад.

«Санаи 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститусияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул шуда, ҳамон рӯз маъракаи интихоботи президенти ҷумҳурӣ доир гардид ва президенти интихобшуда Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16 ноябри ҳамон сол савганди салоқат ба Ватан ёд кард», – иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, аз ин рӯ, ба хотири эҳтиром гузоштан ба ин рӯзи таърихӣ минбаъд дар Тоҷикистон ин сана ҳамчун Рӯзи президенти Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Зимнан зикр гардида буд, ки чунин ҷашн дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон таҷлил мегардад. «Санаи 16 ноябрро дар Тоҷикистон эълон кардани ҷашни Рӯзи президент тасдиқи далели таърихист», – изҳор дошта буд Шукурҷон Зуҳуров.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон 79 рӯз ҳамчун ид ҷашн гирифта шуда, 10 рӯзи онҳо рӯзҳои ғайрикорӣ аст. Ҷашни Рӯзи президент низ бидуни рӯзи истироҳат аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.