Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Вазъияти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз ҷониби Гурӯҳи кории Шарҳи универсалии даврии Шурои СММ оид ба  ҳуқуқи инсон бори дуюм зимни ҷаласа дар Женева баррасӣ мешавад; – Эътилофи ТҒД пахши мустақими ҷаласаро тариқи интернет ташкил мекунад. Пахши мустақим соати 17-30 бо вақти маҳаллӣ дар толори маркази тиҷоратии «Вефа» (кӯч. Бохтар, 37/1) сурат мегирад; […]

ASIA-Plus



Анонс



– Вазъияти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз ҷониби Гурӯҳи кории Шарҳи универсалии даврии Шурои СММ оид ба  ҳуқуқи инсон бори дуюм зимни ҷаласа дар Женева баррасӣ мешавад;

– Эътилофи ТҒД пахши мустақими ҷаласаро тариқи интернет ташкил мекунад. Пахши мустақим соати 17-30 бо вақти маҳаллӣ дар толори маркази тиҷоратии «Вефа» (кӯч. Бохтар, 37/1) сурат мегирад;

– Дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси Душанбе» маросими тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни намоишгоҳ-фурӯши маҳсулот ва хизматгузории ширкатҳои ватанӣ доир мегардад. Онҳо бо диплом ва ҳайкалчаи «Тамғаи дӯстдоштаи Тоҷикистон-2015» – рамзи озмун сарфароз гардогида мешаванд;

– Идомаи намоишгоҳи маҳсулоти ватанӣ дар «Кохи Борбад». Намоишгоҳ аз соати 10-00 то 17-00 фаъолият намуда, воридшавӣ ба он озодона аст.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

7.8694

сомонӣ;


1

евро –

8.9987

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1162

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих


1818

– Дар Париж велосипеди нахустин намоиш дода шуд.


1953

– Бори нахуст дастгоҳи тиббии «шуш-дили сунъӣ» муваффақона зимни ҷарроҳӣ дар дили кушода санҷида шуд.


2002

– «Маҳдудиятҳои муваққатӣ»-и вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Қазоқистон ва убури транзитии нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан тавассути қаламрави ҷумҳурӣ бекор карда шуд.


2009

— Суди олии ҶТ афсари Қувваҳои Мусаллаҳи Қирғизистон Муҳаммади Салимзодаро, ки аз ҷониби хадамоти махсуси Тоҷикистон дар кӯшиши табадддулоти давлатӣ муттаҳам дониста мешуд, ба 29 соли зиндон маҳкум кард.


2011

— Суд фаъолияти Бюро оид ба машваратҳо, ташхиси лингвистикӣ ва таҳқиқоти журналистиро, ки муассиси ҳафтавори «Пайкон» аст, қатъ намуд.


1940

– Зодрӯзи рассом Вафо Назаров.


1942

– Мавлуди оҳангсоз Зокир Нишонов.


1950

– Зодрӯзи рассом Комил Ёдгоров.


1956

– Мавлуди овозхон Мурод Эшонқулов.


1965

– Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ Муҳиддин Табаров.


1981

– Мавлуди варзишгар Шералӣ Маҳмадалиев.



Вазъи обуҳаво




Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +14+19.


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +27+32, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +22+27.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона +7+12, рӯзона +20+25; дар шарқ шабона 0-5, рӯзона +6+11.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13 рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +18+23. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кутоҳмуддат.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +27+29.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +31+33.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +33+35.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +25+27.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.