Ҳушдори КҲФ аз селборону раъду барқ ва шамоли сахт

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои 14-15 июл дар қаламрави ҷумҳурӣ обуҳавои номусоид дар назар буда, борони шадиди сел, раъду барқ ва пурзӯр шудани вазиши шамол то 17-22 метр дар як сония пешбинӣ мешавад. Корманди маркази матбуоти Кумита Умеда Юсуфова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки […]

ASIA-Plus



Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои 14-15 июл дар қаламрави ҷумҳурӣ обуҳавои номусоид дар назар буда, борони шадиди сел, раъду барқ ва пурзӯр шудани вазиши шамол то 17-22 метр дар як сония пешбинӣ мешавад.

Корманди маркази матбуоти Кумита Умеда Юсуфова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни раъду барқ осеб дидани иншооте имконпазирмебошад, ки бо таҷҳизоти ҳифз аз оташак (молния)-и раъду барқ таъмин нестанд.

«Ҳангоми вазидани шамоли сахт имкони хароб шудани хатҳои интиқоли барқ, қисман шикастану афтодани дарахтҳо, сохторҳои бузургҳаҷми рекламавии номустаҳкам низ вуҷуд дошта, ба осеб дидани воситаҳои нақлиёт, афзоиши ҳодисаҳои ҷароҳатбардорӣ миёни аҳолӣ боис шуда метавонанд», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки дар ин робита Кумита аз шаҳрвандони кишвар ва меҳмонон дархост мекунад, ки дар ин рӯзҳо ба хотири эҳтиёт ва таъмини амнияту бехатарии худ ба тавсияҳои зерин риоя кунанд:

– пӯшидани тирезаҳо зимни аз хона бадар шудан;

– мувофиқи имкон дар гараж гузоштани автомашина ва дар сурати мавҷуд набудани он, гузоштани воситаи нақлиёт дуртар аз дарахтҳо ва сохторҳои номустаҳкам;

– гаштугузори дуртар аз назди панҷараи лавҳаҳои рекламавӣ ва сохторҳои ҷунбону ноустувор.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.