Интиқоли героин дар халтаҳо аз ҷониби кормандони ХФНМН-и Русия

Кормандони фаврии хадамоти зидди мухаддироти Русия интиқоли маводи сахттаъсири нашъаовари героин аз Тоҷикистон ба Русия дар халтаҳоро роҳандозӣ намудаанд. Тавре Кумитаи тафтишоти Русия дар ин робита хабар медиҳад , дар вилояти Новосибирск фаъолияти гурӯҳи ҷиноятпешаи нашъаҷаллобон қатъ карда шудааст, ки ба ҳайати он 6 нафар кормандони фаврии Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовар (ХФНМН) ва ҳамчунин […]

ASIA-Plus



Кормандони фаврии хадамоти зидди мухаддироти Русия интиқоли маводи сахттаъсири нашъаовари героин аз Тоҷикистон ба Русия дар халтаҳоро роҳандозӣ намудаанд.

Тавре Кумитаи тафтишоти Русия дар ин робита

хабар медиҳад

, дар вилояти Новосибирск фаъолияти гурӯҳи ҷиноятпешаи нашъаҷаллобон қатъ карда шудааст, ки ба ҳайати он 6 нафар кормандони фаврии Хадамоти федералии назорати маводи нашъаовар (ХФНМН) ва ҳамчунин корманди ВКД Русия шомил будаанд. Зимни амалиёт ҳудуди 20 кило героини аз хориҷи кишвар воридгардида мусодира шудааст.

Қайд мешавад, ки дар мавриди ин ҳодиса дар баробари кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амалҳои сокинони шаҳри Новосибирск Илҳомҷон Шомирсаидов ва Дмитрий Корнев низ мавриди тафтиш қарор гирифтааст.

«Зимни тафтишот ва мурофиаи судӣ муайян карда шудааст, ки 10 октябри соли 2013 кормандони фаврии ХФНМН-и Русия дар вилояти Новосибирск Якушев, Соколов, Василев, Маркин, Кушнир ва корманди Сарраёсати ВКД Русия дар Ҳавзаи федералии Сибир Борников ғайриқонунӣ интиқоли героин аз Тоҷикистон ба Русияро дар халтаҳои сабзавот ташкил кардаанд. Ғайр аз ин, ҳамон рӯз Кушнир Маркин ва Василев бо мусоидати Соколов нисбати як мард бардурӯғ доир ба дар автомашинааш дарёфт кардани бастаҳои маводи мухаддир санад тартиб додаанд», – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, суд Шомирсаидовро ба 14 соли зиндони низомаш шадид ва ҷарима дар ҳаҷми 500 ҳазор рубл, Якушевро ба 5 соли зиндони низомаш умумӣ, Борников, Корнев ва 2 нафар собиқ кормнадони ХФНМН Василев ва Кушнирро ба аз 7 то 13 соли зиндони низомаш шадид ва ҷаримаи ҳар кадоме дар ҳаҷми 400 ҳазор рубл, боз 2 нафар собиқ кормандони ХФНМН Соколов ва Маркинро шартан ба 4 соли зиндон бо ду сол муҳлати озмоишӣ маҳкум кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.