Мақоми охирини Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ аз рӯи шумори маҳбусон

Аз рӯи шумори маҳбусон миёни кишварҳои ИДМ Тоҷикистон дар мақоми охирин қарор дорад. Ба сари 100 ҳазор нафар аҳолии Тоҷикистон 121 нафар маҳбус рост меояд. Бино ба маълумоти таҳқиқоти маркази ғайритиҷоратии амрикоии Prison Policy Inintiative, кишварҳои пешсаф дар ин рӯйхат ИМА ва Туркманистон мебошанд, ки ба ҳар 100 ҳазор нафар аҳолии ин кишварҳо мутаносибан 693 […]

ASIA-Plus



Аз рӯи шумори маҳбусон миёни кишварҳои ИДМ Тоҷикистон дар мақоми охирин қарор дорад. Ба сари 100 ҳазор нафар аҳолии Тоҷикистон 121 нафар маҳбус рост меояд.

Бино ба маълумоти

таҳқиқоти

маркази ғайритиҷоратии амрикоии Prison Policy Inintiative, кишварҳои пешсаф дар ин рӯйхат ИМА ва Туркманистон мебошанд, ки ба ҳар 100 ҳазор нафар аҳолии ин кишварҳо мутаносибан 693 ва 583 нафар маҳбусон рост меоянд.

Гуфта мешавад, дар Русия ин нишондиҳанда ба 453 нафар ба ҳар 100 ҳазор нафар аҳолӣ, Қазоқистон – 221 нафар, Қирғизистон – 167 нафар ва Ӯзбекистон – 150 ҳазор нафар маҳбус баробар аст.

Дар таҳқиқот муаллифон ба вазъ дар ИМА таваҷчуҳ зоҳир намуда, қайд мекунанд, ки Департаменти давлатии ИМА ҳукумати Туркманистонро барои вазъи ҳуқуқи инсон мавриди интиқод қарор дода, дар ҳамин ҳол, дар як ҳавзаи Колумбия, ки Департаменти давлатӣ дар он воқеъ аст, нисбат ба Туркманистон ду баробар зиёдтар маҳбусон дар зиндонҳо нигаҳдорӣ мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.