Оғози ҷарроҳии пайванди мағзи устухон дар Тоҷикистон

Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимзода изҳор намуд, ки табибони пайвандсози узвҳои инсон (трансплантологҳо)-и Тоҷикистон ният доранд, ки моҳи август ҷарроҳии нахусти пайванди мағзи устухонро анҷом диҳанд. Ба қавли ӯ, арзиши чунин ҷарроҳӣ дар ҷаҳон беш аз 100 ҳазор долларро ташкил дода, нархи он дар Тоҷикистон бамаротиб поинтар […]

Мавзуна Абдуллоева



Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимзода изҳор намуд, ки табибони пайвандсози узвҳои инсон (трансплантологҳо)-и Тоҷикистон ният доранд, ки моҳи август ҷарроҳии нахусти пайванди мағзи устухонро анҷом диҳанд.

Ба қавли ӯ, арзиши чунин ҷарроҳӣ дар ҷаҳон беш аз 100 ҳазор долларро ташкил дода, нархи он дар Тоҷикистон бамаротиб поинтар хоҳад буд.

Ба гуфтаи директори Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон Саидмуҳаммад Исмоилзода, ба ин марказ асосан шаҳрвандони хориҷӣ барои ивази гурдаҳо муроҷиат мекунанд.

«Аз оғози сол табибони мо 45 ҷарроҳии ивази гурда ва 2 ҷарроҳии ивази ҷигарро гузарониданд, ки миёни беморон 16 шаҳрванди Қирғизистон, 4 шаҳрванди Туркманистон, 3 шаҳрванди Озарбойҷон ва аз Русияву Литва 1 шаҳрвандӣ ҳузур доштанд. Чунин ҷарроҳӣ 45 ҳазор сомонӣ нарх дорад», – иттилоъ дод Исмоилзода.

Дар ҳамин ҳол, директори марказ доир ба боз ҳамин қадар маблағ сарф шудан ба муолиҷаи барқароршавии баъди ҷарроҳӣ саҳеҳан маълумот надод.

Аз ҷумла, барои чунин муолиҷа баъди ҷарроҳӣ ба Эмомиддин Холов, ҷавоне аз Рашт, ки дар хизмати артиш гурдаҳояш аз коркунӣ бозмонданд, боз ҳудуди 55 ҳазор сомонии дигар лозим аст. Дар ин бора ба наздикони ҷавон табибони маркази мазкур иттилоъ додаанд, зеро тамоми дорувории ин даври муолиҷаро худи бемор мехарад.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои ҷарроҳии ивази гурдаи Эмомиддин Холови 22-сола

20 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мекунад.

Насриддин Холов, бародари Эмомиддин ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин масъала хабар дод, ки имрӯз санаи дақиқи баргузории ҷарроҳии бародараш муайян карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.