Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар таъмиру азнавсозии нерӯгоҳи Норак

Вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён рӯзи 12 июл бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии роҳбари Таҷрибаи глобалӣ оид ба энергетикаи Бонк Ранҷит Ламек дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, зимни мулоқоти созанда ҷонибҳо ба масъалаи рушди бахши энергетикаи кишвар, аз ҷумла ҷараёни омодагӣ ва амалисозии лоиҳаи сармоягузорӣ аз рӯи лоиҳаи таъмиру […]

ASIA-Plus



Вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён рӯзи 12 июл бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии роҳбари Таҷрибаи глобалӣ оид ба энергетикаи Бонк Ранҷит Ламек дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, зимни мулоқоти созанда ҷонибҳо ба масъалаи рушди бахши энергетикаи кишвар, аз ҷумла ҷараёни омодагӣ ва амалисозии лоиҳаи сармоягузорӣ аз рӯи лоиҳаи таъмиру таҷдиди нерӯгоҳи Норак таваҷчуҳи хосса зоҳир намудаанд.

Гуфта мешавад, муҳим будани амалисозии лоиҳаи таъмиру азнавсозии нерӯгоҳи Норак таъкид шудааст, ки аз масоили марбут ба шартҳои сармоягузорӣ бо назардошти тағйироти ахир иборат аст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар вохӯрӣ намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патрисия Виверс-Картер низ ҳузур дошта, ҷонибҳо ҳамзамон атрофи масоили андешидани тадбирҳои минбаъда ҷиҳати омодагӣ ва пешбурди ин лоиҳа табодули назар намудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.