«Спитамен Бонк» фаввораи пойтахтро таъмир кард

“Спитамен Бонк дар доираи 130 рӯзи ободонӣ бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаввораи маркази шаҳри Душанберо таъмир кард. Фонтан дар назди бинои филиали бонк воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 70 ҷойгир шудааст. Акнун ҳангоми сайругашт дар хиёбони марказии пойтахт бо манзараи боз як фаввораи, хурд ҳам бошад, вале зебое, ки мунтазам кор мекунад, ҳаловат […]

Иттилоияи расмӣ


“Спитамен Бонк дар доираи 130 рӯзи ободонӣ бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаввораи маркази шаҳри Душанберо таъмир кард. Фонтан дар назди бинои филиали бонк воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 70 ҷойгир шудааст.

Акнун ҳангоми сайругашт дар хиёбони марказии пойтахт бо манзараи боз як фаввораи, хурд ҳам бошад, вале зебое, ки мунтазам кор мекунад, ҳаловат бурдан мумкин аст.

“Мо на танҳо кори фаввораро барқарор намудем, балки қисми берунии бинои филиаламонро низ таъмир кардем. Пайравии принсипҳои масъулияти иҷтимоии корпоративӣ яке аз муҳимтарин омилҳои фаъолияти “Спитамен Бонк” мебошад, бинобар ин, мо ҳамеша кӯшиш менамоем, то барои рушди давлат ва ҷамъият ҳиссагузор бошем” – иттилоъ дод и.в. директори филиал Маъруф Холов.

ҶСП “Спитамен Бонк” яке аз бонкҳои муваффақи кишвар буда, дар фаъолияти худ манфиатҳои мамлакатро ба инобат гирифта, тадбирҳои баланд бардоштани сифати ҳаёти ҷомеаро меандешад, ки мутобиқи принсипҳои масъулиятнокии иҷтимоии корпоративӣ мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.