Ҳукумат лоиҳаи нишондиҳандаҳои буҷет дар соли ояндаро баррасӣ кард

Таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи Комиссияи доимоамалкунандаи буҷетӣ доир гардида, дар он масъалаи вобаста ба лоиҳаи Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон ва ҳадди ниҳоии хароҷоти он аз рӯи соҳаҳо барои солҳои 2017-2019 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , доир ба масъалаҳои асосии рӯзнома, аз ҷумла вазъи иқтисодӣ, […]

АМИТ «Ховар»



Таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи Комиссияи доимоамалкунандаи буҷетӣ доир гардида, дар он масъалаи вобаста ба лоиҳаи Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон ва ҳадди ниҳоии хароҷоти он аз рӯи соҳаҳо барои солҳои 2017-2019 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бино ба иттилои

АМИТ «Ховар»

, доир ба масъалаҳои асосии рӯзнома, аз ҷумла вазъи иқтисодӣ, иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ, манбаҳои асосии ҷамъоварии андоз ва имконияти воқеии пардохтпазирии субъектҳои андозсупоранда ва нақшаи дурнамои пардохтҳои гумрукӣ барои солҳои 2017-2019 роҳбарони аввали вазорату идораҳои бахши иқтисодии мамлакат маълумот доданд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласа лоиҳаи Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон ва ҳадди ниҳоии хароҷоти он аз рӯи соҳаҳо барои солҳои 2017-2019 маъқул дониста шуда, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор муваззаф гардиданд, ки бо назардошти таклифу пешниҳодоти аъзои Комиссияи доимоамалкунандаи буҷетӣ лоиҳаи Қарори ҳукумати Тоҷикистонро аз нав такмил дода, барои баррасӣ пешниҳод намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.