Пешгирӣ аз қочоқи миқдори зиёди молҳои гуногун аз Қирғизистон

Кормандони Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ аз воридоти ғайриқонунии молу матоъ ва сарулибоси гуногун ба Тоҷикистон аз кишвари ҳамсояи Қирғизистон ҷилавгирӣ намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, дар қаламрави деҳаи Қотмаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки бо Қирғизистон ҳаммарз аст, гумрукчиён зимни азназаргузаронии автомашинаи боркаш миқдори зиёди матоъҳои гуногун ва сарулибос барои мардону кӯдаконро бидуни анҷоми […]

ASIA-Plus



Кормандони Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ аз воридоти ғайриқонунии молу матоъ ва сарулибоси гуногун ба Тоҷикистон аз кишвари ҳамсояи Қирғизистон ҷилавгирӣ намуданд.

Бино ба

иттилои

дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, дар қаламрави деҳаи Қотмаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки бо Қирғизистон ҳаммарз аст, гумрукчиён зимни азназаргузаронии автомашинаи боркаш миқдори зиёди матоъҳои гуногун ва сарулибос барои мардону кӯдаконро бидуни анҷоми расмиёти гумрукӣ дарёфт намудаанд.

Гуфта мешавад, ин молу матоъҳои дарёфтшуда бо арзиши умумии беш аз 241 ҳазор сомонӣ ба сокини 28-солаи маҳаллӣ тааллуқ доштааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 289, қ. 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қочоқ) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, он ҷиҳати баррасӣ ба прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ирсол гардидааст. Дар ин модда ҷазои ҷаримабандӣ дар ҳаҷми аз 10 то 36 ҳазор сомонӣ ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 5 сол пешбинӣ мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.