Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар Маркази ттилоотӣ-маърифатии СММ дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байнулмилалии аҳолӣ чорабинӣ доир мегардад; – Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2016 нишасти хабарии Академияи илмҳои ҶТ баргузор мешавад; – Раҳбарияти Хоҷагии манзилию коммуналии ҷумҳурӣ доир ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2016 барои рӯзноманигорон нишасти […]

ASIA-Plus



Анонс



– Дар Маркази ттилоотӣ-маърифатии СММ дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байнулмилалии аҳолӣ чорабинӣ доир мегардад;

– Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2016 нишасти хабарии Академияи илмҳои ҶТ баргузор мешавад;

– Раҳбарияти Хоҷагии манзилию коммуналии ҷумҳурӣ доир ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2016 барои рӯзноманигорон нишасти хабарӣ барпо мекунад;

– Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайҳии назди ҳукумати ҶТ  ба журналистон доир ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2016 маълумот медиҳад;

– Дар Минск ҷаласаи Гурӯҳи коршиносон аз рӯи лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Консепсияи сиёсати мувофиқашудаи иҷтимоӣ ва демографии ИДМ ба кор шурӯъ мекунад.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

7.8679

сомонӣ;


1

евро –

8.7137

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1199

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих


2000

– Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии сарони кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Осиёи Марказӣ баргузор шуд.


2007

— Дар Китобхонаи миллии ҶТ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ маркази тоҷикшиносӣ ифтитоҳ гардид.


1896

– Зодрӯзи арбоби намоёни ҳизбиву давлатии ҶШС Тоҷикистон, муборизи фаъоли барқарорсозии ҳокимияти шӯравӣ дар Осиёи Миёна Абдулло Раҳимбоев.


1916

– Мавлуди Рассоми халқии Тоҷикистон Ашӯр Ҳайдаров.


1947

– Зодрӯзи доктори улуми математика Икром Қурбонов.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +37+42, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +24+29.


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +23+28, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +18+23, рӯзона +27+32.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +13+18, рӯзона +26+32; дар шарқ шабона +6+11, рӯзона +15+20.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +36+41, дар доманакӯҳҳо шабона +13+18, рӯзона +29+34. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +33+35.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.   

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +28+30.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +32+34.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +28+30.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.