Дар ҳодисаҳои Туркия тоҷикистониён осеб надиданд

Миёни нафароне, ки бар асари ҳодисаҳои кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Туркия ҳалок ва маҷрӯҳ шуданд, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, мувофиқи иттилои охирин миёни шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Туркия иқомат доранд ва аксари онҳоро донишҷӯён ташкил медиҳанд, касе зарар надидааст. Гуфта мешавад, Вазорати корҳои ҳориҷии Тоҷикистон бинобар сабаби ҳодисаҳои […]

ASIA-Plus



Миёни нафароне, ки бар асари ҳодисаҳои кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар Туркия ҳалок ва маҷрӯҳ шуданд, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, мувофиқи иттилои охирин миёни шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Туркия иқомат доранд ва аксари онҳоро донишҷӯён ташкил медиҳанд, касе зарар надидааст.

Гуфта мешавад, Вазорати корҳои ҳориҷии Тоҷикистон бинобар сабаби ҳодисаҳои охир дар Туркия, хусусан пойтахти он – шаҳри Анқара ба сафорат ва консулгарии Тоҷикистон дар ин кишвар ҷиҳати андешидани чораҳои зарурӣ баҳри таъмини амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муқими ин кишваранд, дастуру супоришҳо додааст.

Аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки айни замон дар минтақаҳои мухталифи Туркия қарор доранд, дархост мешавад, ки бояд бисёр эҳтиёткор бошанд ва аз ҷойҳои таҷаммӯи одамон дурӣ ҷӯянд.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки дар ҳолати зарурӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бо намояндагиҳои Тоҷикистон дар Туркия тамос гиранд.


Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия

Суроға: Кӯчаи Ферит Реҷаи Ертуғрул рақами 20, шаҳраки дипломатӣ, Оран, Анкара, Туркия

Тел: +(90 312) 491 16 07, 491 17 08

Факс: +(90-312) 491 16 03

E-mail: [email protected]

Сомона: www.tajikembassytr.org


Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истамбул

Суроға: Halkalı Cd. No:14, Yeşilköy Mh., Bakırköy-İstanbul

Тел: +90 212 426 50 52, +90 212 426 50 54

Факс: +90 2124265056

E-mail: [email protected]

Сомона: www.tajconsist.org

Ёдрас мекунем, ки шаби 15 ба 16 июл дар Туркия аз ҷониби низомиён кӯшиши табаддулоти давлатӣ сурат гирифта, тибқи маълумоти ахири ВАО, бар асари он 265 нафар ба ҳалокат расиданд.

Радиои Озодӣ

дар ин робита менависад

, дар Туркия тақрибан 6 ҳазор низомиён ва хихматчиёни давлатӣ дар робита ба табаддулоти нокоми давлатӣ боздошт шуда, “поксозӣ” дар ҳайати фармондеҳии артиш ва додгоҳҳо ҳам идома хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.