Суғд: Наҷоти 14 нафар аз қаиқи ғарқшаванда

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда, 16 июл 14 нафарро, ки аксарашон шаҳрвандони Чин буданд, аз ғарқшавӣ наҷот доданд. Корманди Кумита Умеда Юсуфова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар наздикии минтақаи истироҳати «Сайёҳӣ» дар обанбори Қайроққум қаиқи чӯбини мутааллиқ ба осоишгоҳи «Баҳористон» бо 14 нафар истироҳаткунандагон […]

Аваз Юлдошев



Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда, 16 июл 14 нафарро, ки аксарашон шаҳрвандони Чин буданд, аз ғарқшавӣ наҷот доданд.

Корманди Кумита Умеда Юсуфова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар наздикии минтақаи истироҳати «Сайёҳӣ» дар обанбори Қайроққум қаиқи чӯбини мутааллиқ ба осоишгоҳи «Баҳористон» бо 14 нафар истироҳаткунандагон ба ғарқшавӣ оғоз кардааст.

«Саабаби он фарсудашавии сохтори қаиқ аст, ки бар асари он дар қисмати ҷойгиршавии муҳаррик сӯрохӣ ба вуҷуд омада, ҳаёти одамони савори он зери хатар гузошта шуд, чунки қаиқ аз соҳил дар масофаи 300 метр қарор дошт», – гуфт корманди Кумита.

Зимнан зикр гардид, ки дар натиҷаи тадбирҳои фаврӣ ва саривақт андешидаи кормандони гурӯҳи вокуниши фаврии ситоди Кумита дар вилояти Суғд, шахсони дар қаиқ қарордошта наҷот дода шуда, ба соҳил расонида шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.