Сайдулло Хайруллоев: Аз фаъолиятам бо Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунам

Раиси ду даъвати палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон (аз соли 2000 то соли 2010), собиқ муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев имрӯз, 10 август ба синни 72-солагӣ расид. Дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо хабарнигори «Азия-Плюс» ӯ қайд кард, ки имрӯз ҳам худро узви дастаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мешуморад. «Тамоми умр кӯшиш кардам, ки ба хотири ободии […]

Аваз Юлдошев



Раиси ду даъвати палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон (аз соли 2000 то соли 2010), собиқ муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев имрӯз, 10 август ба синни 72-солагӣ расид.

Дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо хабарнигори «Азия-Плюс» ӯ қайд кард, ки имрӯз ҳам худро узви дастаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мешуморад.

«Тамоми умр кӯшиш кардам, ки ба хотири ободии Тоҷикистону осоиштагии мардуми он кор кунам. Ҳангоми фаъолият ба ҳайси раиси палатаи поёнии парлумон ҳамеша паҳлӯи президент Эмомалӣ Раҳмон қарор доштам ва дар паҳлӯи ин фарзанди абармарди миллат талош варзидам, ки барои мардум ва сулҳу субот дар кишвар хизмат кунам», – таъкид дошт Сайдулло Хайруллоев.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки ӯ ҳамчун шахси замоне наздик ба доираҳои кории президент, ба хубӣ огаҳ аст, ки Эмомалӣ Раҳмон барои некӯаҳволии халқ ва рушди кишвар хизматҳои босазое кардааст. «Тоҷикистониён бояд президенти худ Эмомалӣ Раҳмонро гиромӣ доранду аз ӯ ифтихор кунанд», – гуфт Хайруллоев.

Дар фарҷом номбурда таъкид намуд, ки ӯ ҳамчун нафақахӯр ва яке аз собиқадорони хизмати давлатии кишвар, ки «рӯйдоду воқеаҳои зиёди ҳам мусбату ҳам манфиро паси сар намудаааст, имрӯз хостори сулҳу осоиши абад ва ризоияти миллӣ дар сарзамини тоҷикон аст».

Қобили зикр аст, ки Сайдулло Хайруллоев аз соли 2010 (замони ба нафақа рафтан) то имрӯз роҳбарии Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳо ба кишварҳои хориҷии Тоҷикистонро бар дӯш дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.