Сулаймон Саидови дар метро маҷрӯҳшуда аз як чашмаш маҳрум шуд

Шаҳрванди Тоҷикистон Сулаймон Саидов, ки бар асари ҳамла дар метрои шаҳри Маскав рӯзи 8 апрел маҷрӯҳ шуда буд, аз чашми росташ маҳрум шуд. Бино ба маълумоти Хадамоти русии «Би-би-си» , барои ин муҳоҷири корӣ ҷиҳати ҳифзи майнаи сар боз як ҷарроҳӣ оид ба гузоштани пластинаи металлӣ зарур аст. Наздикони Сулаймон Саидов хабар додаанд, ки барои […]

Asia--Plus



Шаҳрванди Тоҷикистон Сулаймон Саидов, ки бар асари ҳамла дар метрои шаҳри Маскав рӯзи 8 апрел маҷрӯҳ шуда буд, аз чашми росташ маҳрум шуд.

Бино ба маълумоти

Хадамоти русии «Би-би-си»

, барои ин муҳоҷири корӣ ҷиҳати ҳифзи майнаи сар боз як ҷарроҳӣ оид ба гузоштани пластинаи металлӣ зарур аст.

Наздикони Сулаймон Саидов хабар додаанд, ки барои ҷарроҳии кандани чашм бо шумули тайёр кардан ва гузоштани узви сунъӣ (протез) 60 ҳазор рубл пардохт намуда, хароҷоти ҷарроҳиро Кумитаи мусоидати шаҳрвандӣ ба дӯш гирифтааст, ки дарҳол баъди ҳамла барои муолиҷаи Саидов ба ҷамъоварии маблағ шурӯъ карда буд.

«Маблағи ҷарроҳии дуюм 164 ҳазор рублро ташкил медиҳад. Моро лозим аст, ки ин маблағро дарёбем. Мо қариб дигар ба хонаҳоямон пул намефиристем, ҳарчанд ба Русия барои пулкоркунӣ омадаем. Ҳозир ба иллати буҳрон кор ёфтан душвор аст. Оилаву наздиконамон кӯшиш доранд, ки мустақилона барои рӯзгузаронӣ пул ёбанд», – гуфтаанд дӯстони ҷабрдида.

Ёдрас мекунем, ки санаи 8 апрел дар вагони метрои шаҳри Маскав миёни сокини шаҳр Сергей Сарёв ва шаҳрванди Тоҷикистон Сулаймон Саидов муноқиша сар зада, дар ҷараёни он сокини маҳаллӣ бо таппончаи зарбазан (травматический) ба сӯи Саидов якчанд маротиба тир парронд. Аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи «суиқасд ба куштор» парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.