Тамдиди муҳлати ваколати маъмурияти муваққатӣ дар «Тоҷпромбонк»

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) муҳлати ваколати маъмурияти муваққатӣ дар ҶСП «БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк»-ро боз ба муҳлати 3 моҳ дароз кард. Тавре ба «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти БМТ дар ин робита иттилоъ доданд, Раёсати Бонки миллӣ рӯзи 3 август дар ин бора қарори дахлдор қабул кардааст. Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз қабули қарори мазкур беҳбуди вазъи […]

Asia--Plus



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) муҳлати ваколати маъмурияти муваққатӣ дар ҶСП «БСТ ТИСТ Тоҷпромбонк»-ро боз ба муҳлати 3 моҳ дароз кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти БМТ дар ин робита иттилоъ доданд, Раёсати Бонки миллӣ рӯзи 3 август дар ин бора қарори дахлдор қабул кардааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз қабули қарори мазкур беҳбуди вазъи молиявии ин бонк ва ҳимоя аз манфиатҳои мизоҷони ташкилоти қарзӣ мебошад.

«Ба маъмурияти муваққатӣ дастур дода шудааст, ки фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории кишвар ба роҳ монда, барои беҳтар гардонидани вазъи молиявии ин ташкилоти қарзӣ тадбирҳои зарурӣ андешад», – гуфтанд дар БМТ.

Ёдрас мекунем, ки нахуст Бонки миллӣ рӯзи 3 май дар «Тоҷпромбонк»

ба муҳлати се моҳ маъмурияти муваққатӣ

таъин намуда буд.

«Ин тасмим ба он хотир гирифта шуд, ки «Тоҷпромбонк» чандин маротиба муқаррароти қонунгузории бонкӣ ва дигар асноди меъёрӣ-ҳуқуқии БМТР-ро риоя накарда, ин дар навбати худ ба заъиф шудани вазъи бонк ва норозигии саҳмдорони он боис гардид», – шарҳ дода буданд ин масъаларо дар Бонки миллӣ.

Зимнан қайд шуд, ки маъмурияти муваққатӣ мақомоти махсуси идоракунии бонк мебошад, ки аз ҷониби БМТ бо мақсади роҳ надодан ба муфлисшавии ташкилоти қарзӣ таъин мегардад. Вазифаи маъмурияти муваққатӣ дар он ифода меёбад, ки барои таъмини нигаҳдории дороиҳои бонкҳо ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода, аз манфиатҳои саҳмгузорон ҳимоят мекунад.

Мавриди зикр аст, ки молики қисмати зиёди саҳмияҳо ва роҳбари «Тоҷпромбонк» Ҷамшед Зиёев мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.