Нигарониии USCIRF аз вазъи озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон

Комиссияи озодиҳои мазҳабии Амрико (USCIRF) дар гузориши наваш, ки 10 август нашр шуд, ҳукумати Тоҷикистонро барои эҷоди маҳдудиятҳои мазҳабӣ натанҳо барои мусулмонҳо, балки барои фирқаҳои протестант ва “Шоҳидони Яҳво”-и дини масеҳӣ танқид намуда, дар қатори кишварҳои “махсусан нигаронкунанда” ҷой додааст. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ , дар ин гузориш аз давлати Тоҷикистон хоста шудааст, кибарои […]

Радиои Озодӣ



Комиссияи озодиҳои мазҳабии Амрико (USCIRF) дар гузориши наваш, ки 10 август нашр шуд, ҳукумати Тоҷикистонро барои эҷоди маҳдудиятҳои мазҳабӣ натанҳо барои мусулмонҳо, балки барои фирқаҳои протестант ва “Шоҳидони Яҳво”-и дини масеҳӣ танқид намуда, дар қатори кишварҳои “махсусан нигаронкунанда” ҷой додааст.

Бино ба маълумоти

Радиои Озодӣ

, дар ин гузориш аз давлати Тоҷикистон хоста шудааст, кибарои боздиди Гузоришгари махсуси СММ дар масоили озодиҳои мазҳабӣ ва Созмони мустақили адлия аз кишвар иҷоза дода ва шароити заруриро фароҳам орад.

Дар идомаи гузориш гуфта шудааст, иддае аз мақомдорони тоҷик ба ҷараёни мамнӯи “Салафия” ва бахше дигар ба мазҳаби шиа гаравида, ин раванд боис ба нигаронии ҳукумати кишвар шудааст. Дар ин гузориш аз номи маркази таҳлилии “Шарқ” таъкид шудааст, ки “Салафия миёни элитаҳои тоҷик маъруфият касб кардааст.”

Комиссия дар гузориши наваш ба манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ва зиндонӣ шудани ҳудуди 200 аъзо ва тарафдоронаш низ ишора карда гуфтааст, мақомот масҷиду намозгузоронро ба хотири ҳузури ифротиҳо ё ҷинояткорон таҳти назорати шадид гирифтаанд.

Ба навиштаи ин гузориш, “маҳдудиятҳо дар пӯшиши либоси исломӣ ва синни рафтан ба ҳаҷ низ эҷод шуда ва аз моҳи апрели соли гузашта ҷавонони то 35-сола аз ҳаққи рафтан ба ҳаҷ маҳрум шудаанд. Кумитаи давлатӣ оид ба дин интихоб ва фаъолияти имом-хатибҳои масҷидҳои Тоҷикистон ва мундариҷаи мавъизаҳоро назорат мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.

Музокироти Эрон ва Амрико бидуни дастёбӣ ба созиш поён ёфт

Он беш аз 20 соат идома кард ва ҳарду кишвар дар мавриди бозгаштан ё нагаштанашон ба музокира изҳори назаре накарданд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Шарифҷон Ҳусейнзодаву Савригул Қурбонова то парвози нахустин инсон ба кайҳон

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.