Манъи фаъолияти ҳаракати «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик»

Додгоҳи олии Русия рӯзи 10 август дар яке аз мурофиаҳои худ фаъолияти ин созмонро манъ кард. Додгоҳ гуфтааст, дар оинномаи ин созмон ва дар “протокол”-ҳое, ки роҷеъ ба баргузории анҷуманҳои он таҳия шудааст, ба иштибоҳи қонунӣ роҳ додаанд. Аммо Каромат Шарифов, раҳбари ин ташкилот, далелҳои додгоҳро рад карда, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, «дар […]

Радиои Озодӣ



Додгоҳи олии Русия рӯзи 10 август дар яке аз мурофиаҳои худ фаъолияти ин созмонро манъ кард. Додгоҳ гуфтааст, дар оинномаи ин созмон ва дар “протокол”-ҳое, ки роҷеъ ба баргузории анҷуманҳои он таҳия шудааст, ба иштибоҳи қонунӣ роҳ додаанд.

Аммо Каромат Шарифов, раҳбари ин ташкилот, далелҳои додгоҳро рад карда, дар суҳбат бо

Радиои Озодӣ

гуфтааст, «дар мурофиаи 2 июли соли ҷорӣ ба мо пешниҳод карда буданд, ки иштибоҳҳои худро дар оиннома ва “бланка”-ҳои ҷунбиш ислоҳ кунем. Чаҳор иштибоҳи дигар ҳам буд. Мо онҳоро ислоҳ кардем».

Шарифов илова кардааст, ки ҳатто ба онҳо пешниҳод шуда буд, ки анҷумани ҷунбишро баргузор кунанд ва ин анҷуман рӯзи 16 июл дар Хонаи рӯзноманигорони Маскав баргузор шудааст. «Дар кори анҷуман 220 намоянда иштирок доштанд, ки аз онҳо 35 нафар намояндаи минтақаии созмони мо буданд. Дар мурофиаи рӯзи 10 август ҷониби додгоҳ ин пешниҳодҳои худро умуман фаромӯш кард. Ин пешниҳодҳоро Вазорати адлия ба додгоҳ фиристода буд. Ин ба ҳақиқат дуруст намеояд», – гуфтааст ӯ.

Дар ин мурофиа, баръакс, додгоҳ баргузории анҷумани соли 2012-уми ин созмонро ғайриқонунӣ эълон карда ва гуфтааст, тибқи қонунҳои мавҷудаи Русия маъмулан дар анҷуманҳои созмонҳои умумирусиягӣ бояд намояндагони 38 бахши минтақавии ин созмон ширкат ҷӯянд. Вале дар “протоколи” анҷумани соли 2012-уми ин созмон шумораи намояндагони минтақаӣ 20 нафар сабтином шудаанд. Каромат Шарифов рақами 20-ро иштибоҳи фаннӣ дониста ва гуфт, бо ин далел додгоҳ наметавонад фаъолияти созмони онҳоро дар қаламрави Русия мамнуъ эълон кунад.

Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, «ин ташкилоти русиягӣ аст ва дар чаҳорчӯбаи қонунгузориҳои Русия фаъолият мекунад. Фаъолияти он ба сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маскав ягон иртибот надорад ва сафорат ҳам ба кори он дахолат намекунад ва дахолат ҳам карда наметавонад».

Худи Каромат Шарифов иброз доштааст, ки решаҳои ин ҳукми додгоҳ ва пешниҳодҳои Вазорати адлия аз сарчашмаҳои дигар об мехӯрад. “Ин ҳукми “заказной” аст, ташкилшуда аст аз тарафи олигархҳо. Корфармоёне, ки дар бозорҳои “Садовод” ва “Люблино”-и Маскав ва ҷойҳои дигар ба истисмори муҳоҷирон машғуланд, ба хулосае расиданд, ки агар ҷамъияти мо пешравӣ кунад, онҳо дигар аз муҳоҷирон пул гирифта наметавонанд. Онҳо солҳо музди муҳоҷирони моро намедоданд. Мо талаб мекардем, ки пули муҳоҷиронро диҳанд ва дар давоми се соли гузашта мо аз онҳо 690 миллион рубли муҳоҷиронро гирифтем.”

Каромат Шарифов, ҳамчунин зикр кардааст, ки барои дубора аз сар гирифтани фаъолияти то ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар Старассбурги Фаронса муроҷиат хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки

аз аввали моҳи июн

Суди олии Русия бо талаби Вазорати адлияи ин кишвар масъалаи барҳам додани ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» мавриди баррасӣ қарор дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.