Дастури раиси пойтахт ҷиҳати истиқболи шоистаи Дилшод Назаров

Аваз Юлдошев

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 22 август ҷаласаи васеи мақомоти шаҳрдориро баргузор намуд, ки дар он раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони ҷомеа ширкат варзида, ба масоили омодагӣ ба таҷлили ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд. Раиси пойтахт ҳозиринро ба дастоварди беназири гурзандози тоҷик […]



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев рӯзи 22 август ҷаласаи васеи мақомоти шаҳрдориро баргузор намуд, ки дар он раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони ҷомеа ширкат варзида, ба масоили омодагӣ ба таҷлили ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Раиси пойтахт ҳозиринро ба дастоварди беназири гурзандози тоҷик Дилшод Назаров дар Бозиҳои Олимпиадаи Рио-де-Жанейро табрику таҳният гуфта, дастур дод, ки чорабиниҳои истиқболи ӯ дар пойтахт ба таври арзандаву шоиста ташкил карда шаванд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев аз аҳолии пойтахт даъват ба амал овард, ки баҳри таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар шаҳр ва сулҳу субот дар ҷомеа, ба ҳамкориҳояшон бо мақомоти қудратӣ тақвият бахшанд.

Ӯ ҳамчунин дастур дод, ки ҳамаи занони кӯчарӯби шаҳри Душанбе, ки ба нигоҳубину тозагии кӯчаву хиёбонҳои пойтахт машғуланд, бо мукофотпулии якдафъаина сарфароз гардонида шаванд.

Ёдрас мекунем, ки Дилшод Назаров айни замон дар мусобиқаи байнулмилалӣ дар Лаҳистон (Полша) қарор дошта, 


шоми санаи 26 август

тариқи хатсайри ҳавоӣ аз Истамбул (Туркия) ба Душанбе меояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Ароқчӣ мегӯяд, музокира надорем, Трамп гуфт, ҳадафи ӯ “тағйири режим” нест. Вазъи Ховари Миёна дар рӯзи 33-юми ҷанг дар Эрон

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

Шаҳрдорӣ мегӯяд, фаъолияти кирокашҳои “10-сомонӣ” ғайриқонунӣ аст ва онҳо ба буҷа маблағ намесупоранд.

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.