Дарёфти духтарчаи дар Душанбе гумшуда пас аз як шабонарӯз

Мавзуна Абдуллоева

Фарангис Юнусоваи 10-сола, ки рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта дар Душанбе бедарак шуда, дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» дар ин хусус маълумот интишор гардида буд, пас аз як шабонарӯз дарёфт шуд. Тавре Туҳфанисо Юнусова, модари духтарча ба «Азия-Плюс» хабар дод, Фарангис нимаи дуюми рӯзи 23 август баъди муноқиша бо бародараш аз хонаашон гурехтааст. Ӯ бо волидонаш дар […]



Фарангис Юнусоваи 10-сола, ки рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта дар Душанбе бедарак шуда, дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» дар ин хусус маълумот интишор гардида буд, пас аз як шабонарӯз дарёфт шуд.

Тавре Туҳфанисо Юнусова, модари духтарча ба «Азия-Плюс» хабар дод, Фарангис нимаи дуюми рӯзи 23 август баъди муноқиша бо бародараш аз хонаашон гурехтааст. Ӯ бо волидонаш дар кӯчаи Павлови ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар наздикии осорхонаи ба номи Садриддин Айнӣ (мавзеи Донишкадаи омӯзгорӣ) зиндагӣ мекунад.

«Дар бораи гум шудани духтарчаам ба Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣи муроҷиат кардем. Онҳо фавран ба ҷустуҷӯ оғоз намуданд. Ман ҳам бо хешу табор ва дигар наздиконам ба ҷустуҷӯяш баромадем, вале  давоми як шабонарӯз аз Фарангис ягон дараке нашуд. Имрӯз чанд зан ба мақомоти милитсия занг зада, изҳор доштаанд, ки Фарангис имшаб дар маҳаллаи Зарафшон назди онҳо будааст ва мо метавонем ӯро дар фурудгоҳ аз онҳо гирем», – мегӯяд модари духтарча.

Ба гуфтаи ӯ, Фарангис нақл кардааст, ки ба ӯ касе осебе нарасонидааст. «Ӯ вақти аз хона баромаданаш хостааст, ки ба хонаи бибияш ба Зарафшон равад, вале вақте роҳро гум мекунад,  занони ҳамсояи бибияш духтарчаамро бо худ гирифтаанд. Ӯ як шаб бо онҳо мемонад ва саҳарӣ ин занон ба милиса муроҷиат мекунанд, ки ба туфайли он духтарчаам ёфт шуд», – афзуд номбурда.

Айни замон волидони Фарангис дар шуъбаи милитсия қарор дошта, ҳамаи ҳолатҳои рух додани ин ҳодисаро шарҳ медиҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.