Нахустин қатораи Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб бо президент ба роҳ баромад

Asia--Plus

Расо соати 6-и пагоҳии имрӯз, 24-августи соли 2016 нахустин қатора аз саристгоҳи роҳи оҳани пойтахт бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин аҳли зиё, намояндагони соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва ҷавонони фаъолу ташаббускор дар самти Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб ба роҳ баромад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, бунёди […]



Расо соати 6-и пагоҳии имрӯз, 24-августи соли 2016 нахустин қатора аз саристгоҳи роҳи оҳани пойтахт бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин аҳли зиё, намояндагони соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва ҷавонони фаъолу ташаббускор дар самти Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб ба роҳ баромад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, бунёди роҳи оҳани мазкур бо иштироки Сарвари давлат оғоз гардида, арзиши лоиҳавии он зиёда 165 млн сомониро дар бар мегирад. Дар ин шоҳроҳ 3 адад нақб бо дарозии умумии 3643 метр бунёд гардида, дарозтарин нақби он 2 ҳазору 209 метрро ташкил медиҳад, ки дар шароити кӯҳистони минтақа бунёди он маҳорати баланди касбӣ ва донишу таҷрибаи мутахассисонро талаб мекард. Ҳамзамон дар ин лоиҳа 8 адад купрук бо дарозии умумии 683,2 метр бунёд гардид.

Агар бо назардошти аҳамият ва афзалияти иқтисодии лоиҳа назар афканем, метавон гуфт, ки роҳи қаблӣ дар роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа бо убури марз 432 кмро дар бар мегирифт ва маҳз бо бунёди нақбу купрукҳо 313 км ихтисор гардида, дарозии он ҳамагӣ 119 кмро ташкил хоҳад дод.

Таносуби боркашонӣ тавассути хатсайри роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа барои 1 тонна қариб 120 сомонӣ арзон хоҳад гашт, яъне қаблан он ба 160 сомонӣ баробар буд ва акнун тавассути роҳи нав 35-40 сомонӣ арзиш хоҳад дошт.

Мутобиқи нишондоди мутахассисон самаранокии солонаи иқтисодии роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа 46 млн. сомониро дар бар мегирад ва ин тадбир имкон медиҳад, ки дар давоми 10 сол тамоми хароҷоти барои бунёди он масрафшуда барқарор карда шавад.

Сарвари давлат дар ифтитоҳи нахустин нақби роҳи оҳани мамлакат – Ҳулбук бо дарозии 2-ҳазору 209-метр изҳор дошт, ки тамоми талошҳои Ҳукумати мамлакат бо татбиқи сиёсати муваффақи баровардани Ҷумҳурӣ аз мушкилоти коммуникатсионӣ барои рушди ҷомеа ва таъмини некуаҳволии мардум равона шудааст. Мувофиқи маълумоти Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон сохтмони 41 км роҳи оҳан дар маҷмӯъ 450 миллион сомонӣ, аз ҷумла 359 миллион сомонӣ барои корҳои сохтмонӣ, 43 миллиону 602 ҳазор сомонӣ барои харидории техникаҳои муосиру муқтадир сарф шудааст. Омодасозии 41 километр таҳкурсии роҳ ва таҳкими қисми болои он, кандани 12 миллиону 374 ҳазор метрии мураббаъ хок, таркиш дар 4 миллиону 230 ҳазор метрии мураббаъ ва бунёди 20 километр хатти нерӯи барқ, 110 адад қубурҳои обгузар, 4 гузаргоҳ ва 2 бинои истгоҳи замонавӣ бо сатҳу сифати баланд анҷом дода шуда, тамоми талаботи стандартҳои муосири роҳсозиву инфрасохторӣ риоя шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ҳаракат дар хатсайри роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб, изҳор дошт, ки имрӯз барои мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони заҳматқарини вилояти Хатлон рӯзи басо хотирмони таърихӣ мебошад. Зеро дар арафаи ҷашни муқаддасу мубораки миллиамон-биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон яке аз нақшаҳои аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ бисёр муҳимми мо, амалӣ гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Баъди Хоманаӣ Эронро кӣ идора мекунад?

Фармондеҳони Сипоҳ, Пизишкиён ва Қолибоф чӣ нақш доранд?

Мақомот аз сокинони пойтахт хостаанд, ки аз хидматрасонии таксиҳои ба истилоҳ “10-сомонӣ” истифода накунанд

“Душанбенақлиётхадамотрасон”, ниҳоди масъули танзим ва назорати нақлиёти ҷамъиятӣ дар...

Апрели сершамол. Пешгӯии вазъи ҳаво барои як моҳ

Моҳи дуюми фасли баҳор дар Тоҷикистон аз падидаҳои табиӣ бой хоҳад буд.

Се корманди “Азия-Плюс” соҳиби ҷоизаҳои Эътилофи занони рӯзноманигори Тоҷикистон шуданд

Ин озмун ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик баргузор ва дирӯз, 31-уми март ҷамъбаст шуд.

“Somon.tj” ҳамчун нуқтаи асосии бозори меҳнат. Сатҳи шинохти тамға ба 86,1% расид

Пойгоҳи “Somon.tj” мавқеи худро ҳамчун яке аз воситаи муҳими рақамӣ дар бозори меҳнати Тоҷикистон мустаҳкам мекунад.

Тоҷикистон ба Ҷоми футболи Осиё-2027 роҳхат гирифт

Ин бори дуюм дар таърих аст, ки тими миллии футболи Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё роҳ меёбад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 57

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тоҷикистон боз дар сафи кишварҳои дорои ҳавои ифлос қарор гирифт

Чӣ гуна мо ба ин сатҳ расидем ва чиро ҳоло ҳам метавон ислоҳ кард?