Фавти 18 нафар аз оғози сол бар асари офатҳои табиӣ

Asia-Plus

Таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода рӯзи 31-уми августи соли равон бо ширкати иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Барномаи Руши СММ дар Тоҷикистон Ян Харфст ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон Ҷаласаи навбатии Гуруҳи арзёбиҳои фаврӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар ҳолатҳои фавқулодда баргузор шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумита, дар ҷаласа масъалаҳои тавсеа, таҳким ва стратегияи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва ҷомеаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, оид ба методологияи арзёбиҳои зарар ва эҳтиёҷот қарор қабул шуда, шартҳои расонидани кумакҳои башарии байналмилалӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда дар Тоҷикистон аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалии мустақар дар қаламрави Тоҷикистон муайян карда шуданд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар суханронии худ аз ҷумла қайд кард: «Ба ҳам овардани неруҳо ва имкониятҳо ҳангоми офатҳои табиӣ ва расонидани кӯмакҳо ба эҳтиёҷмандон ин бояд шиорамон дар кори муштараки мо боқӣ бимонад».

Ҳамчунин,  сарвари Кумита ба ширкаткунандагони ҷаласа дар бораи ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои табиие, ки аз аввали соли 2016 то ба имрӯз рух доданд, маълумот дод. Аз ҷумла, вай гуфт, ки аз моҳи январи соли равон дар қаламрави кишвар 45 офати табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 18 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Дар доираи таҳкими стратегияи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи байналмилалӣ Сарвари КҲФ ба ширкаткунандагони ҷаласа пешниҳод намуд, ки имсол Рӯзи байналмилалӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табииро, ки ҳамасола рӯзи 13-уми октябр баргузор мешавад, бо роҳандозии корҳои пешигирикунандаву фаҳмондадиҳӣ дар муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ ва мактабҳои олии кишвар бо ҷалби воситаҳои ахбори омма баргузор намоем.

Роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ дар тасмими таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар самти ҳолатҳои фавқулодда бо ҳукумати Тоҷикистон ва боло бурдани иқтидори КҲФ-чун мақоми ҳамоҳангсоз дар масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ, объектҳои иқтисодӣ ва қаламрави Тоҷикистон аз оқибатҳои офатҳои табиӣ ва фалокатҳои техногенӣ ҳамфикр буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.