Интишори маълумот доир ба Муҳиддин Кабирӣ дар сомонаи Интерпол

Дар сомонаи расмии Пулиси байнулмилалӣ (Интерпол) дар бораи ҷустуҷӯи пешвои Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ маълумот интишор шуд. Дар маълумот қайд мешавад, ки Муҳиддин Кабирии 51-сола аз ҷониби мақомоти судии Тоҷикистон барои даст доштан дар ҷиноятҳои “терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ ва қаллобӣ” мавриди пайгард эълон шудааст. Қобили зикр аст, ки моҳи июли […]

Asia-Plus

Дар сомонаи расмии Пулиси байнулмилалӣ (Интерпол) дар бораи ҷустуҷӯи пешвои Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ маълумот интишор шуд.

Дар маълумот қайд мешавад, ки Муҳиддин Кабирии 51-сола аз ҷониби мақомоти судии Тоҷикистон барои даст доштан дар ҷиноятҳои “терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ ва қаллобӣ” мавриди пайгард эълон шудааст.

Қобили зикр аст, ки моҳи июли соли равон вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор намуда буд, ки Тоҷикистон ҷиҳати ҷустуҷӯи Муҳиддин Кабирӣ бо Пулиси байнулмилалӣ гуфтушунид дорад.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи сентябри соли 2015 ҳукумати Тоҷикистон раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба даст доштан дар исёни мусаллаҳонаи собиқ муовини вазири мудофиаи кишвар Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) айбдор карданд. ҲНИТ созмони террористӣ эълон шуда, аъзои мақомоти раҳбарии он ҳабс ва маҳкум шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Таъсири низоъ дар Ховари Миёна ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. Пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ

Коршиносон бар ин назаранд, ки рушди иқтисодӣ дар минтақа то 4,9% поин меравад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ғуломризо Баҳор то даргузашти Бобо Ҳоҷӣ ва Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ

Иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон аз кадом ҳисоб рушд мекунад?

Сарфи назар аз пешгӯиҳои мусбат, шарикони рушд интизорӣ доранд, ки иқтисоди Тоҷикистон бо як қатор хавфу чолишҳо дучор мешавад.