Тоҷикистониён 4 рӯз пайдарпай истироҳат мекунанд

Дар робита ба ҷашни 25-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти давлатӣ ва иди қарибулвуқӯъи Қурбон, тоҷикистониён 4 рӯз пайдарпай истироҳат мекунанд. Аз Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ доданд, ки мувофиқи меъёрҳои қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”, ҳамасола санаи 9 сентябр ҳамчунин рӯзи ҷашни истиқлолият рӯзи истироҳат буда, ғайр аз ин, Иди […]

Аваз Юлдошев

Дар робита ба ҷашни 25-умин солгарди Рӯзи истиқлолияти давлатӣ ва иди қарибулвуқӯъи Қурбон, тоҷикистониён 4 рӯз пайдарпай истироҳат мекунанд.

Аз Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ доданд, ки мувофиқи меъёрҳои қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”, ҳамасола санаи 9 сентябр ҳамчунин рӯзи ҷашни истиқлолият рӯзи истироҳат буда, ғайр аз ин, Иди Қурбон имсол ба рӯзи душанбеи ҳафта, 12 сентябр рост меояд, ки имрӯз ҳам истироҳат эълон шудааст ва из ин рӯ, шаҳрвандони ҷумҳурӣ пайдарпай – рӯзҳои 9, 10, 11 ва 12 сентябр истироҳат хоҳанд кард.

Ҳамчунин зикр гардид, ки овозаҳо доир ба 8 сентябр низ рӯзи истироҳат эълон шудан асоси воқеӣ надоранд ва рӯзи 8 сентябр дар ҷумҳурӣ рӯзи корӣ аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.