ВАО: Гулмурод Ҳалимов пешвои низомии Давлати исломӣ таъин шуд

Бино ба маълумоти расонаҳои хабарии Ироқ, полковники фирории тоҷик роҳбари бахши низомии гурӯҳи “Давлати исломӣ” таъин шудааст. Тибқи иттилои Радиои Озодӣ, пойгоҳи телевизионии alsumaria.tv рӯзи шанбеи 3 сентябр аз қавли як манбаи амниятӣ дар вилояти Найнавои Ироқ, ки хостааст номаш фош нашавад, гузориш дод, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" полковники фирории тоҷик Гулмуроди Ҳалимовро ба ҷои […]

Asia-Plus

Бино ба маълумоти расонаҳои хабарии Ироқ, полковники фирории тоҷик роҳбари бахши низомии гурӯҳи “Давлати исломӣ” таъин шудааст.

Тибқи иттилои Радиои Озодӣ, пойгоҳи телевизионии alsumaria.tv рӯзи шанбеи 3 сентябр аз қавли як манбаи амниятӣ дар вилояти Найнавои Ироқ, ки хостааст номаш фош нашавад, гузориш дод, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" полковники фирории тоҷик Гулмуроди Ҳалимовро ба ҷои Абу Умари Шешонӣ, фармондеҳи низомии ин гурӯҳ, таъйин кардааст. Даҳҳо манобеи дигар ин хабарро ба такя ба alsumaria.tv, нашр кардаанд. Аммо дурустии ин хабар аз манобеи дигар имкон надорад ва мақомоти Тоҷикистон ҳам то ба ҳол дар робита ба ин хабар вокунише нишон надодаанд.

Ба навиштаи ин манбаъ, гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз тарси он, ки фармондеҳони наваш ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ алайҳи ин гурӯҳ бо раҳбарии Амрико қарор нагиранд, расман таъйини Гулмурод Ҳалимов ба унвони раҳбари шохаи низомии ин гурӯҳро, эълон накардааст. Пеш аз ин шуморе аз фармондеҳони гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар ҳамлаҳои ҳавоӣ кушта шуда буданд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, бештари фармондеҳони гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Сурия ҳастанд ва фармондеҳии умури ДИИШ дар Найнаво бар ӯҳдаи фармондеҳони дараҷи дувум ва савум аст ва танҳо шумораи каме аз фармондеҳони радаи аввали ин гурӯҳ дар ин вилояти Ироқ мебошанд.

Ҳафтаи пеш иттилоъ дода будем, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико омодагӣ изҳор намуд, ки барои маълумот дар бораи макони будубоши полковники фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов, ки ба сафҳои Давлати исломӣ пайваст, 3 млн. доллари ИМА мукофотпулӣ пардохт менамояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.