Қатъи фаъолияти гурӯҳи ҷиноии машғул ба интиқоли героин аз Тоҷикистон ба Маскав

Мақомоти пулиси шаҳри Маскав фаъолияти гурӯҳи муташаккили ҷиноиеро қатъ намуд, ки аъзои он ба интиқоли маводи сахттаъсири героин аз Тоҷикистон ба Русия ва тақсими дар шаҳру вилояти Маскав машғул будаанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав, ин гурӯҳи ҷиноятпеша, ки ҳайаташ асосан аз зодагони Осиёи Миёна иборат будааст, дар ҷараёни […]

Asia-Plus

Мақомоти пулиси шаҳри Маскав фаъолияти гурӯҳи муташаккили ҷиноиеро қатъ намуд, ки аъзои он ба интиқоли маводи сахттаъсири героин аз Тоҷикистон ба Русия ва тақсими дар шаҳру вилояти Маскав машғул будаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав, ин гурӯҳи ҷиноятпеша, ки ҳайаташ асосан аз зодагони Осиёи Миёна иборат будааст, дар ҷараёни амалиёти фавриву пешгирии «Заслон-2016» ошкор шудааст.

Дар иттилоияи интишоршуда аз рӯи натиҷаҳои амалиёт зикр мегардад, ки дар ҷараёни он беш аз 31 кило маводи мухаддир дарёфту мусодира ва 20 макони хариду фурӯш ва истеъмоли он ошкор гардидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.